Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз муошират бо атрофиён бароятон осонтар мешавад. Бо нафароне вомехӯред, ки дер боз надида будед. Барои ҳалли мушкилоти начандон калон шуморо лозим аст, ки танҳо табассум кунед. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи мувофиқ аст. Нисбати дарди дандон бепарвоӣ зоҳир накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз аз иҷрои корҳои вазнин канораҷӯӣ намоед. Беҳтараш дар байни одамон бошед ва фикрҳои ноҷоро аз саратон дур созед. Агар имкон дошта бошед, бештар истироҳат кунед. Барои харид рӯзи хуб аст. Дар интихоб ва харидорӣ намудани косметика ва атр бодиққат бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Хабаре, ки имрӯз мешунавед, баъзе нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Дар ҳама ҳолат оромиро аз даст надиҳед. Барои истироҳату табобат ва ба бозор рафтану интихоби либос рӯзи бобарор аст. Кӯшиш кунед, ки дар ин рӯз обҳои сарди газнок истеъмол накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бештар дар миёни мардум бошед ва робитаро бо нафарони даркорӣ қавитар намоед. Ба муносибатҳои оилавӣ ва корӣ кӯшиш кунед, ки диққати дигаронро камтар ҷалб созед. Ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Нафароне ҳастанд, ки дар рӯятон механданду дар ғайбатон шуморо мазоқу масхара мекунанд.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шуморо зарур меояд, ки реҷаи рӯзи худро вайрон кунед. Яъне, дар хона ҳамроҳи наздикон бошед ва аз он корҳое, ки рӯзҳои гузашта мекардед, имрӯз даст кашед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст. Дар масъалаи тиҷорат эҳтиёткор бошед ва вақти бештари худро барои дилхушӣ сарф накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз муваффақиятҳоятон сабаб мешаванд, ки шумо ба дигарон писанд оед. Танҳо имрӯз дар интихоби дилхоҳ чиз на фикри худ, балки фикри дигаронро гӯш кунед ва аз рӯйи гуфтаи эшон амал намоед. Аз харидории чизҳои нолозим худдорӣ кунед, зеро ин ба зарари шумо хоҳад буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз корро бо рӯҳияи болида шурӯъ мекунед. Овозаи меҳнатдӯстиятон паҳн мешавад ва ин ба корҳоятон дар ҳама соҳа кӯмак мекунад. Гуфтугӯ бо роҳбарият, мизоҷон ва шарикон ба хубӣ ва осонӣ паси сар мешавад. Агар бо хориҷиён ҳамкорӣ дошта бошед, дар коратон баъзе камбудиҳо сар мезананд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бо атрофиён муносибати дағалона накунед. Барои амалӣ кардани чанд нақша бояд эҳтиёткор ва хушмуомила бошед. Маҳз ҳамин тавсия сабаби бобарор анҷом ёфтани корҳои шумо шуда метавонад. Ҳар лаҳзаро моҳирона ва самаранок истифода баред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Баъзеҳо шуморо бо хушгуфториву сохтакорӣ ба дом афтониданӣ мешаванд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ қурбонии чунин нафарон нашавед. Эҳтимол, ин кор ба ҳолати рӯҳии шумо таъсир мерасонаду ошуфтаҳол мешавед. Мустақил бошед ва мушкилиҳоятонро бе маслиҳати дигарон ҳаллу фасл намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бояд аз корҳое, ки ба анҷом расониданаш мушкил аст, дурӣ ҷӯед. Ба корҳои нисбатан сабуктар машғул шавед. Даромади ногаҳонӣ дар ин рӯз шуморо хушҳол месозад, аммо сарфакориро фаромӯш накунед. Агар кори муҳим надошта бошед, пас рӯзро бо истироҳат паси сар кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои ногувори зиндагиро фаромӯш ва дар бораи ояндаи дурахшон фикр кунед. Масалан, барои фаромӯш кардани ёри бевафо ба истироҳат равед. Агар ҷои рафтан надошта бошед, дар муҳити хона худро ором кунед ва барои рӯзи оянда қувваи кофӣ ҷамъ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Бо нафароне, ки дер боз қаҳрӣ будед, оштӣ шавед. Онҳоро ба хонаатон даъват кунед ва сари як пиёла чой суҳбат ороед. Кинаву хафагиро аз дил дур карда, зиндагии худро тағйир диҳед. Барои истироҳати бофароғат карданатон маблағ лозим аст, аз ин рӯ, пулро беҳуда сарф накунед.