Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3735

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Даромади иловагиеро, ки интизораш будед, имрӯз ниҳоят ба даст меоред. Бисёр корҳо аз оне ки шумо тасаввур мекардед, зудтар ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз гуфтани суханҳои пасту баланд дар ҳаққи мансабдорони баландпоя худдорӣ намоед ва сари бе балои худро ба бало гирифтор накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бо шарикони тиҷоратии худ масъалаҳои сармоягузорӣ ва тақсими фоидаро баррасӣ намоед. Оташи хашму ғазабро дар худ хомӯш карда, бо атрофиён муомилаи хубро ба роҳ монед. Ба корҳои хатарнок даст заданро тавсия намедиҳем. Ба ишқу муҳаббат, орзу ва боварӣ бештар диққат диҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз вазъи саломатиатон хуб ба назар мерасад ва субҳ бо табъи болида ба кор меравед. Чунон хурсандед, ки ҳатто бо касе муноқиша кардан намехоҳед. Ба ҳар ҳол, ҳангоми муошират бо ҳамкорон ва роҳбарият боэҳтиёт бошед. Дӯстдоштаатонро ба вохӯрӣ даъват намуда, ҳамроҳаш дарди дил кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Муваффақият ҳамсафари шумо хоҳад буд, ба шарте ки сабрро пеша кунед. Бикӯшед, то некии дигаронро бо некӣ ҷавоб гардонида тавонед. Аз нӯшидани нӯшокиҳои сахтгазноккардашуда даст кашед ва дар фикри саломатии худ бошед. Фаромӯш насозед, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.  

Асад (23 июл-22 август)

То зарур набошад, дар ин рӯз тиҷорати навро оғоз накунед. Бояд ба як қарори қатъӣ оед ва бояд донед, ки чӣ бароятон лозим асту чӣ нолозим. Бурдборӣ дар насибатон ҳаст, аммо барои расидан ба он шитоб накунед. Ба хабаргирии нафарони калонсоли оила, ки аз шумо ҷудо зиндагӣ мекунанд, биравед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Вазъи имрӯзаи боду ҳаво баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузорад, вале ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Барои шинос шудан бо нафарони бегона шитоб накунед. Аз ошкоро гуфтани баъзе суханҳо каме худдорӣ намоед. Тӯҳфаҳои ногаҳониро қабул накунед. Фаромӯш насозед, ки панири ройгон танҳо барои муш аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз гуфтушунидҳои тиҷоратӣ, сафарҳои роҳи наздик, вохӯриҳои ошиқона ва сайру саёҳат дар сатҳи олӣ мегузаранд. Эҳтимол, бо нафаре вомехӯред, ки дар корҳои ояндаатон ба шумо кӯмаки худро мерасонад. Аз маъракаҳои серғавғо дурӣ ҷӯед ва асаби худро орому табъатонро болида нигоҳ доред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар назди худ мақсад гузоред ва барои расидан ба он талош кунед. Хароҷотатон имрӯз аз меъёр зиёд мешавад. Ба хариди чизҳои нолозим роҳ надиҳед. Ба роҳбари худ чизеро гуфтан мехоҳед, вале ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки сабр кунед, роҳбаратон ба наздикӣ худаш ҳамаро мефаҳмад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз кореро тани танҳо анҷом доданӣ нашавед. Ба дӯстону наздикони худ такя кунед, беҳтар мешавад. Ҳамкоронатон ба шумо кӯмак мекунанд, шумо низ дар ҷавоб дасти онҳоро дар лаҳзаҳои мушкил бигиред. Агар бо нафаре қаҳрӣ карда бошед, аввалин шуда, узр пурсед ва оштӣ шавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ҷаддиҳои муҷаррад нафари ба дили худ наздикро пайдо мекунанд. Аз ҷониби дигарон таърифу тавсифҳои зиёд шунида, болидарӯҳ мегардед. Бо дӯстони пешина муносибати худро қатъ накунед, зеро ба зудӣ ба онҳо эҳтиёҷ пайдо мекунед. Вохӯриҳои корӣ дар ин рӯз хуб мегузаранд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз дар муошират бо ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Кӯшиш накунед, ки ба нафаре маслиҳат диҳед, зеро касе гӯш кардан намехоҳад. Ҳангоми қабули қарорҳо дудила нашавед. Агар дар худ хастагиро эҳсос кунед, истироҳат намуда, худро ором созед. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки дар оянда ҳамкорӣ кардан мехоҳед, робитаатонро дубора барқарор созед. Кӯшиш намоед, ки нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Вақти он расидааст, ки ҳодисаҳои моҳи гузаштаро таҳлил намуда, корҳои боқимондаро ба анҷом расонед. Дар фикри саломатии худ бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД