Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо шумо баҳс кардан кори душвор мегардад, зеро нуқтаи назари худро пайгирӣ намуда, ҳатто дар масъалаҳое, ки чандон огаҳӣ надоред, якравӣ зоҳир мекунед. Бо ин сабаб муноқиша ба амал меояд. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, кӯшиш намоед, ба муноқиша роҳ надиҳед. Хушбахтона, барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи бобарор аст. Ҳама гуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор ё масъалаҳои молиявӣ таҳдевори хуб мегардад. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро хариди кардаатон бебарор ва пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Айни замон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Аз уҳдаи корҳои нав баромада, қарзҳои куҳнаатонро низ месупоред. Ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андозед. Хусусан дар ҳолатҳое, ки мустақилона аз уҳдаи коре намебароед, маслиҳати эшон айни муддао мегардад. Барои он ки ба доми фиребгару ҳаннотон наафтед, тавассути сомонаву телефон бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои бо нафаре муноқиша кардану баҳс ва рафъ намудани нофаҳмиҳо рӯзи созгор нест. Бо кӯмаки ҳамкорон ба муваффақияти молиявӣ ноил мегардед. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, бодиққат бошед. Барои расидан ба комёбӣ оромӣ ва сабру таҳаммул доштанатон лозим аст.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз бонувонро шиносоиҳои наву аҷиб интизор аст, эҳтимол ба нафаре дил мебандед, ки бо ҳам ҳамкорӣ мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъ намудани мушкилоти ҳаёти шахсӣ шаванд. То даме, ки барои хонуми худ тамоми шароитҳоро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи серташвиш аст. Агар дар касбу кор тағйирот ворид карданӣ бошед, инро ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстон ва наздикон хушнудии зиёд ато мекунад. Барои он ки саломатиятон бад нагардад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва хасташавӣ худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Ба имкониятҳои нави пулкоркунӣ боэҳтиётона назар кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, ба муноқиша роҳ надиҳед. Ба дарду ғами атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст, аз ин рӯ, саховатпешаву самимӣ бошед. Нофаҳмиҳои хурде, ки дар муносибатҳои ошиқона рух медиҳад, муваққатӣ аст.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз зудбоварӣ ва одамгурезӣ накунед, вагарна дучори мушкилиҳо дар ҷойи кор ва оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабиву дарундор гашта, табъатон бештар хира мегардад. Коре карда, ин ҳиссиёти манфиро аз худ дур созед, вагарна нафареро сахт меранҷонед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯихати чизҳои даркориро тартиб дода, бо аҳли оила маслиҳат кунед. Ба ҷои сарфи беҳудаи пул кардан беҳтараш муносибатҳоятонро бо атрофиён беҳтар ба роҳ монед. Нафаре кӯшиши ҷанг андохтани шумову шахси дӯстдоштаатонро мекунад, беҳтараш ба садои қалби худ гӯш андозед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бо нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди муносибати хуб доштани атрофиён аз ҳад зиёд содадил нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ шуда, боваратон намеояд, вале беҳуда кӯшиши гурехтанро накунед, ин муҳаббати асил аст. Барои беҳтар сохтани муносибат бо ҳамкорон оқилу ботаҳаммул буданатон лозим аст.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофиёни худ бодиққат назар намоед. Эҳтимол нафароне шуморо иҳота намудаанд, ки некиро аз эшон интизор шудан маънӣ надорад. Аз доираи ин нафарон мунтазам дур шавед. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад. Камбудиҳои худро ба эътибор гирифтанро омӯзед.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Рӯзи хубу сермаҳсул аст, барои фикрҳои мағшуш вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед, он гоҳ коратон барор мегирад. Мушкили асосии рӯз буҳрони шадиди молиявӣ аст. Аксари ҳутҳо қарзҳои куҳнаро бармегардонанду боз қарз мекунанд. Бодиққат бошед, аз хароҷоти барзиёд ва хариди калон худдорӣ намоед.