ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1383

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз метавонед вақти худро хуб гузаронида, бо дӯстдоштаатон мулоқоти ошиқона намоед. Шумо бо шӯхиву зиракиатон диққати дигаронро ҷалб мекунед. Аммо эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ ва баҳс вуҷуд дорад, ором бошед ва худро назорат кунед. Кӯшиш накунед корҳои зиёдеро якбора анҷом диҳед, вагарна хаста мешавед. Баъзе одамон метавонанд нақшаҳои шуморо вайрон созанд. Бо вуҷуди ин, шумо неруи зиёд доред ва имкони пешрафт фароҳам аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар ҷодаи муҳаббат босабр бошед. Масъалаҳои хонаводагӣ диққати ҷиддиро талаб мекунанд, эҳтимоли сар задани баҳс бо наздикон вуҷуд дорад. Заҳмати шумо қадр мешавад ва имрӯз натиҷаашро мебинед. Шахси наздик метавонад кумак кунад, аммо ҳамеша ба дигарон умед бастан дуруст нест. Агар худро нороҳат ҳис кунед, ба духтур муроҷиат кунед, зеро изтироб метавонад ба дил таъсир кунад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Агар танҳо бошед, эҳтимол шахси ҷолибро пайдо кунед. Муносибат зуд рушд намекунад, вале ин ба фоидаи шумост. Ба баҳс роҳ надиҳед, мулоимӣ ва сабурӣ беҳтарин натиҷа меорад. Агар қарорҳои дуруст гиред, имкони пешравӣ дар кор зиёд аст. Ба зудӣ маблағи хурде ба дасти шумо мерасад. Бемориҳои вобаста ба ҳаво метавонанд сардард оваранд, вале то шом аз байн мераванд. Барои истироҳат ва оромӣ вақт ҷудо кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Барои пайдо кардани дӯст доираи шиносоиро васеъ намоед. Ба консерт, намоишгоҳ ва чорабиниҳои фарҳангӣ равед. Аз талаботи зиёд ва айбҷӯӣ ба дигарон худдорӣ кунед. Бо роҳбар эҳтиромро риоя кунед. Беасос хавотир нашавед, вақт ҳама чизро ҳал мекунад. Хастагӣ ва асабоният метавонад саломатиро заиф созад. Ба сайру гашт равед, китоб хонед ё филмҳои дӯстдошта бинед, то ором шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ҷодаи муҳаббат эҳтиёт кунед ва ба ҳарфи дигарон гӯш надиҳед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Агар наздикон шуморо танқид кунанд, хафа нашавед, шояд онҳо ҳақ бошанд. Имрӯз барои пешравӣ дар касбу кор рӯзи мувофиқ нест, мушкилиҳои кӯҳна аз нав сар мезананд. Дар масъалаи маош мушкил пайдо мешавад, беҳтараш оромона суҳбат кунед. Ба саломатӣ хатар таҳдид намекунад, аммо витамину микроэлементҳоро фаромӯш накунед. Ин ба шумо неру мебахшад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Мулоқоти ошиқона шояд барпо нагардад ё рафтори шарик шуморо ноумед кунад. Танҳо бо сӯҳбати самимӣ баҳс ҳал мешавад. Имрӯз хоҳиши танҳо буданро пайдо мекунед. Дар касбу кор ва вазъи молиявӣ имкониятҳои хуб доред, ҳатто орзуҳоятон иҷро мешаванд. Аммо аз одамони фиребгар ва нохолис эҳтиёт кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед: аз хӯроки равғанӣ ва машруботи неруафзо дурӣ ҷӯед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз барои ишқу муҳаббат рӯзи хуб аст. Агар дӯстдошта надошта бошед, шояд муносибати нав оғоз шавад. Хонавода ва наздикон такягоҳи шумо ҳастанд, муҳаббат ва ғамхории худро ба онҳо нишон диҳед. Барои худомӯзӣ ва дониш вақт ҷудо кунед. Дар касбу кор касе метавонад гуноҳи худро ба шумо бор кунад, бояд аз ҳаққи худ дифоъ кунед. Барои масъалаҳои молӣ рӯзи мувофиқ нест. Гимнастика ба саломатии устухонҳо ва буғумҳо фоида меорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз аз телефон ҷудо намешавед, шахси дӯстдошта пайваста тамос мегирад. Бо наздикон баҳс накунед, вагарна муносибатҳо вайрон мешаванд. Азбаски пештар хуб карда будед, роҳбар вазифаҳои муҳимро ба шумо бовар мекунад. Инро барои амалӣ кардани идеяҳои худ истифода баред. Аз хароҷоти калон ва қарз гирифтан худдорӣ кунед. Эҳтимоли ба изтироб омадан зиёд аст. Бештар оромӣ ва истироҳат лозим аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз бо шахси дӯстдошта наздикӣ ва меҳру муҳаббатро эҳсос мекунед. Аз изҳори муҳаббат кардан шарм надоред. Барои таъмири хона рӯзи хуб нест, натиҷа метавонад шуморо қонеъ накунад. Имкони хароҷоти ногаҳонӣ ё пардохти қарз вуҷуд дорад. Рӯз ором мегузарад, вале эҳсоси сустӣ пайдо мешавад. Нисфирӯзӣ нерӯи эҷодӣ зиёд шуда, хоҳиши кор карданро пайдо мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Аз он чизе, ки метарсидед, рӯй медиҳад, вале натиҷа хуб мешавад. Шахси ношинос ба шумо пешниҳоде мекунад. Дар хона сабр кунед, то бо наздикон баҳс нашавад. Ҳолати рӯҳии шумо аз муҳаббат ба кор вобаста аст. Имрӯз метавонед пули ногаҳонӣ гиред, қарзи кӯҳна бармегардад ё кори иловагӣ пайдо мекунед. Барои саломатӣ аз стресс ва хастагӣ дурӣ ҷӯед. Сардард пешгирӣ мешавад, агар корҳои муҳимро аввал анҷом диҳед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз бештар ба корҳои амалии худ машғул мешавед, аммо вақти шахсӣ ҳам муҳим аст. Муносибатҳои ошиқона қувват мехоҳанд, онҳоро нигоҳ доред. Имрӯз идеяи ҷолиб ба саратон меояд, аммо ҳоло амал кардан намехоҳед. Барои сармоягузорӣ ва шартномаҳо вақти мувофиқ нест, беҳтараш пулро нигоҳ доред. Ба шумо истироҳати хуб лозим аст, зеро зиндагии пуршитоб қувватро кам мекунад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба дӯстдоштаи худ рости гапро гӯед, ҳатто агар бароятон душвор бошад ҳам. Аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед ва бо ҳамон шева ҷавоб надиҳед. Агар соҳибкор бошед, вақти васеъ кардани кор фаро расидааст. Метавонед ба бозор ё соҳаи нав қадам гузоред. Ҳуҷҷатҳо ва ҳисобҳоро бодиққат санҷед, то мушкил сар назанад. Барои саломатӣ гимнастика ва парҳези сабук муҳим аст, то вазн зиёд нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД