toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
209

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ошиқон фурсати хубест, то муносибатҳои худро гармтар карда, ба ҳамдигар бештар меҳрубонӣ нишон диҳанд. Эҳтимоли баҳсу асабоният вуҷуд дорад, бинобар ин кӯшиш кунед мушкилотро бо оромӣ ҳал намоед. Барои пешрафт дар кор ва тарҳрезии нақшаҳои нав рӯзи мувофиқ аст. Танҳо ба масъалаҳои пулӣ банд нашавед. Рӯҳияатон болида мешавад ва барои варзишу корҳои фаъол нерӯи зиёд хоҳед дошт.

Савр (21 апрел-21 май)

Муносибати ошиқонае, ки ба наздикӣ оғоз шудааст, шояд он қадар устувор набошад. Баъзеҳо метавонанд байни шумо ва шахси дӯстдоштаатон тухми шубҳа пошанд, аз ин рӯ ба ҳар гап бовар накунед. Барои эҷодкорон ва соҳибкорон рӯзи бобарор аст. Нимаи аввали рӯз барои харид ва сармоягузорӣ мусоид мебошад, вале бегоҳ аз муомилаҳои пулӣ худдорӣ кунед. Оромии рӯҳиро нигоҳ доред ва ба хабарҳои нохуш аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз шитобкорӣ ба фоидаи шумо нест. Эҳтимол муҳаббат ногаҳон дари дили шуморо бикӯбад. Нимаи дуюми рӯз бо хабарҳои хуш ва рӯйдодҳои ҷолиб хотирмон мешавад. Фикру нақшаҳои хуб пайдо мегарданд ва дӯстони наву кӯҳна барои амалӣ шудани онҳо кумак мекунанд. Имкони шиносоии судманд ва мустаҳкам кардани мавқеи корӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои пулӣ бештар ба ақлу таҷрибаи худ такя намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шояд имрӯз хоҳиши бозгашт ба муносибатҳои гузашта дар дилатон пайдо шавад, аммо беҳтараш хатогиҳои кӯҳнаро такрор накунед. Дар ҷамъомад ё вохӯрӣ эҳтимоли нофаҳмӣ ҷой дорад. Ба хобҳои аҷиб аҳамияти зиёд надиҳед. Дар кор натиҷаҳои хуб ба даст меоред, агар танбалиро канор гузоред. Эҳсосот метавонад шуморо ба қарорҳои ғайриодӣ барад, вале онҳо ҳатто метавонанд бароятон фоида оваранд. Танҳо худро аз ҳад зиёд хаста насозед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар зиндагии ошиқона тағйироти хуб дар назар аст. Рӯз барои иҷрои нақшаҳо ва корҳои муҳим мусоид мебошад. Бо шахси наздик нофаҳмии кӯтоҳ ба миён омада метавонад, вале зуд бартараф мешавад. Дар кор масъулияти зиёдатӣ нагиред, зеро аллакай сермашғулият ҳастед. Имрӯз бахт ба рӯятон механдад ва шиносоии муфид метавонад вазъи молии шуморо беҳтар созад. Ба корҳое машғул шавед, ки ба шумо илҳом ва рӯҳияи хуб мебахшанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон ба меҳрубонӣ ва дастгирии шумо ниёз дорад. Агар ғамхорӣ нишон диҳед, муносибатҳоятон боз ҳам мустаҳкам мешаванд. Имкони оштӣ кардан бо нафаре, ки пештар ранҷиш доштед, вуҷуд дорад. Барои имзои ҳуҷҷатҳои муҳим рӯзи муносиб нест. Аз қарз гирифтан ё қарз додан худдорӣ намоед. Бештар истироҳат кунед, ба табиат бароед ва худро аз хабарҳои асабхаробкунанда дур нигоҳ доред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз муошират нақши муҳим мебозад. Бо дигарон орому боэҳтиром рафтор кунед, вале манфиатҳои худро ҳам фаромӯш насозед. Барои оғоз кардани корҳои муҳим фурсати хуб фаро расидааст, аммо ба маслиҳати ҳар кас гӯш надиҳед. Агар дар ҷустуҷӯи ҷойи кор бошед, имкони мусоҳиба ё пешниҳоди хуб пайдо мешавад. Рӯз серкор мегузарад, вале маҳз ҳамин заҳматҳо барои пешрафти касбии шумо замина мегузоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар корҳо мувофиқи нақша пеш нараванд, усули худро дигар кунед. Дар муносибатҳои оилавӣ нофаҳмии муваққатӣ ба вуҷуд меояд, вале бо сабру таҳаммул ҳама чиз ҳал мешавад. Дар кор ва хона фазо каме ноором мешавад, зеро баъзеҳо аз рафтори шумо ранҷидаанд. Пешниҳоди шартномаи тиҷоратӣ имкон дорад, аммо барои қабули он шитоб накунед. Қувва ва диққати худро ба корҳои муҳим равона созед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз мехоҳед аз зиндагии якранг каме дур шуда, истироҳату шодмонӣ кунед. Ин рӯҳия барои шиносоии нав ва сафар бисёр мувофиқ аст. Сафар ба шумо хотираҳои хуб, оромиш ва боварӣ мебахшад. Рӯз аз рӯйдодҳои ҷолиб бой хоҳад буд, эҳтимол шартномаи фоидаовар бандед ё маблағи иловагӣ ба даст оред. Худро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед ва варзишро фаромӯш насозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои мулоқоти ошиқона ва гарм кардани муносибатҳо рӯзи бисёр хуб аст. Ҳатто ҷуфтҳое, ки солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ доранд, эҳсосоти тоза эҳсос мекунанд. Аксари корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбанд ва ин ба шумо нерӯи бештар мебахшад. Агар барои қарорҳои ҷиддӣ ҳоло омода набошед, шитоб накунед. Даромади ногаҳонӣ имкон дорад, вале эҳтимол зуд ба хароҷоти хона сарф мешавад. Барои оромии рӯҳӣ бештар дар оғӯши табиат бошед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Саргузашти ошиқона метавонад шуморо пурра мафтун кунад ва ҳатто оромии хобатонро халалдор созад. Бо вуҷуди ин, эҳсосотро зери назорат нигоҳ доред. Эҳтимол меҳмонии тӯлонии волидон ё хешовандони калонсол дар пеш бошад. Дар кор муваффақият аз қобилияти муомила ва истифодаи дурусти робитаҳо вобаста аст. Имрӯз бодиққат бошед, зеро эҳтимоли гум кардани ашёи арзишманд вуҷуд дорад. Сафарҳои дур ва кори вазнинро беҳтараш ба вақти дигар гузоред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Нафарони танҳо набояд мунтазири қадами аввал аз ҷониби дигарон шаванд. Агар муҳаббат пайдо кардан хоҳед, худатон ташаббус нишон диҳед. Имрӯз бо муошират ва вохӯриҳои зиёд мегузарад. Кӯшиш кунед фазои хубро нигоҳ дошта, робитаҳои худро мустаҳкам намоед. Дар нимаи аввали рӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо роҳбарият вуҷуд дорад, ҳарчанд кори худро хуб иҷро мекунед. Барои муваффақ шудан вақти муносибро дуруст интихоб карда, фикри худро оромона баён намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД