Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба фаҳмидани ихтилофҳо бо шахси дӯстдошта каме вақт ҷудо кунед. Барои мустаҳкам кардани муносибатҳо, корҳои хонагиро якҷоя анҷом диҳед. Шомгоҳ истироҳатро фаромӯш накунед. Таваккал кардан дар масъалаҳои пулӣ фоида меорад. Имрӯз барор бо шумост. Аммо ташвиши шумо барои наздикон метавонад ба ҳолати ҷисмонӣ таъсир расонад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз аз ҷониби шахсе, ки ба шумо таваҷҷуҳ надошт, изҳори муҳаббат мешунавед. Аз интиқод нисбати шахси дӯстдошта худдорӣ намоед, сухани дар сари қаҳр гуфтаатон ба саратон бало меорад. Дар ҷои кор меҳрубону раҳмдил нашавед. Шомгоҳ барои мулоқот бо дӯстон мувофиқ аст. Даромади пулӣ имкон дорад. Агар хотирот шуморо фаро гирад, кӯшиш кунед, худро аз ғаму ғусса наҷот диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Бо шарофати хушчақчақ ва дилёб буданатон дар касбу кор муваффақ мешавед. Ба наздикӣ касе сахт ошиқу шайдои шумо мегардад. Ҳама мушкилоти хонаводагиро танҳо ба дӯш нагиред, қисми масъулиятро ба дигарон вогузоред. Дар масъалаҳои муҳим устувор бошед ва кумаки дигаронро рад кунед. Хастагиро дар оғӯши табиат бароварда метавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз атрофиён ба шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Аммо ба машварати хешу ақрабо зиёд такя накунед, фоидаашон кам аст. Рӯзи шубҳа ва интизориҳои изтиробангез аст. Тағйирот ба кор ва оила таъсир мерасонад. Муносибатҳоро устувор намоед. Барои роҳбар шудан вақти озодатонро қурбон кардан лозим мешавад. Тарзи ҳаёти солимро риоя намоед.
Асад (23 июл-21 август)
Имрӯз аз ҷониби нафаре таъриф ва изҳори муҳаббат мешунавед. Ишқбозӣ табъатонро болида намуда, бароятон эътимод мебахшад. Мулоқоти наздиконро ба нақша гиред. Шахсе кӯшиш мекунад, ки мавқеи шуморо ишғол кунад, аз таҳти дил кор кунед. Ихтилоф бо роҳбар эҳтимол дорад, аммо бо эҳтиёт ва суханони дуруст ҳатто ҷоиза гирифтан мумкин аст. Барои беҳтар кардани андом ва нест кардани шикам машқ кунед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳсосоти шумо пурзӯр мешавад. Ишқу муҳаббат тамоми ғаму андуҳи дилатонро нест мекунад. Ба маслиҳати пиронсолон бо эҳтиёт муносибат намоед, хусусан агар онҳо аз мавзуъ огоҳ набошанд. Кор ё сафари кориро рад накунед, фоида меорад. Парҳези сабук шуморо аз вазни зиёдатӣ наҷот медиҳад. Барои касоне, ки кори нишаста доранд, ҳаракат муҳим аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хубест барои муҳаббат ва шиносоии нав. Вақтро бо дӯстдошта гузаронед, рафтан ба тарабхона идеяи хуб аст. Ҳосили меҳнатҳоятон шояд мукофот ё хабари хуш бошад. Бо вуҷуди фурсати хуб, ба шодӣ умеди зиёд набандед, на ҳама чиз барор мегирад. Аз афроде, ки бо диданашон табаътон хира гаштаву асабӣ мешавед, канорагирӣ намоед, аураи шумо имрӯз заиф аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ҳар амале, ки оғоз мекунед, натиҷаи хуб медиҳад. Агар тағйири ҷиддӣ дар зиндагӣ мехоҳед, сабрро пеша кунед. Ба ҳисси ботин ва мантиқ гӯш диҳед. Низоъҳои оилавиро ҳал кардан мумкин аст, бо гуфтугӯи ошкоро ба созиш мерасед. Харидҳо, новобаста аз арзишашон, муфид хоҳанд буд. Агар хастагии рӯҳӣ эҳсос кунед, бобуначой нӯшед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Сард гаштани муносибатҳоятон бо яке аз ҳамкорон шояд сабаби ҷиддӣ дошта бошад. Муноқишаро то шиддат нагирифтан бояд пешгирӣ кард. Ҳарчанд шумо дигаргуниро намехоҳед, вале ҳаёт мунтазам тағйир меёбад. Низоми кор сабуктар мешавад ва вақт барои истироҳат пайдо мегардад. Шояд шуморо ба омӯзиш равон кунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ озодона амал кунед, барори молӣ бо шумост. Аз фишори зиёд ба буғумҳо эҳтиёт шавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат шонси зиёд нест, мулоқоти ошиқона метавонад ноком анҷом ёбад. Дар корҳои сохтмон ё таъмир эҳтиёт шавед, хатарҳо зиёданд. Дар кор лоиҳаи муҳимеро ба шумо месупоранд, корро бо ҳамкорон тақсим кунед. Ин ба муносибатҳо фоида меорад. Баъзе мушкилиҳои молиявӣ эҳтимол доранд, аммо сабру таҳаммул кумак мекунад. Масунияти шумо қавист, вале қоидаҳои беҳдоштро ҳаргиз фаромӯш накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ба асабонияту қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, дар сари хашм суханони ноҷо гуфтанатон имконпазир аст. Агар фарзандон шуморо ранҷонанд, роҳи мусбати тарбияро пайдо кунед. Ба нафарони бегона бовар накунед, д, шояд шуморо истифода кунанд. Ҳангоми истироҳат ба шуғли дӯстдошта машғул шавед. Аз чизҳои ночиз зарурати асабонӣ шудан нест. Оромии равонӣ ба беҳшавии саломатии шумо мусоидат мекунад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз бо дӯстдоштаатон меҳрубону самимӣ бошед. Ихтилофи шумо бо сабаби дахолати хешу табор ё шиносон сар мезанад. Ҳар пешниҳоди кориро бо ҷиддият қабул намоед. Аммо кор ё тиҷорати навро ба нақша нагиред, муваффақ намешавад. Шумо ба бемориҳои вирусӣ осебпазир ҳастед, ба варзиш, оромиш ва хоб аҳамият диҳед.