Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3707

 

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Меҳнати зиёд ва бидуни истироҳат боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Сафарҳои худро ба таъхир гузоред. Нуқтасанҷӣ ва ҳушёрӣ дар масъалаҳои молиявӣ боиси беҳтар шудани буҷаи оила ва баргардонадани маблағи аздастрафта мегардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ғайриихтиёр дар дасисабозиҳои ҷойи коратон иштирок мекунед. Мутаассифона, истироҳат кардан дар ин рӯз муяссаратон намегардад. Бо сабаби фориғболӣ бо дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша мекунед. Дар хулосабарорӣ ва талабу иддао саросема нашавед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Бо нафаре, ки дӯсташ медоред, самимиву меҳрубон бошед. Эҳтимол, даромади ногаҳонӣ ба даст меоред. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, бо ҳамкорон муноқиша карданатон аз имкон дур нест. Барои берун омадан аз вазъияти баамаломада кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз аз шахси наздикатон туҳфа мегиред. Муваққатан мушкилиҳои молиявиро фаромӯш месозед. Дӯстдоштаатон аз рашк муноқиша мекунад, нафаре аз пуштатон кинаву адоват дорад, ҳамсаратон дилатонро меранҷонад. Суҳбатҳои хушку холӣ ва баҳсҳои бемаънӣ вақти зиёдатонро мегиранд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба ҳолати ногуворе гирифтор шуда, танҳо бо кӯмаки нафаре аз он берун меоед, ки қаблан ба ӯ диққат намедодед. Табъи болида боиси хуш гузаштани рӯз ва рафъ гаштани мушкилиҳоятон мегардад. Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба орзуи деринаи худ мерасед. Дастовардҳоятонро роҳбарият қадр карда, маошатонро зиёд мекунад. Барои бастани ақди никоҳ ва базму тараб рӯзи созгор аст. Сунбулаҳои муҷаррад давоми рӯз бо нафаре шинос мешаванд, ки дӯстияшон ба муҳаббат мубаддал мегардад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби нафароне, ки шумо дӯсти худ намешуморидед, ногаҳон дастгириву кӯмак мебинед. Сайругашти баъди нисфирӯзӣ табъатонро болидаву хотиратонро шод месозад. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт бошед, зеро аз ҷониби нафарони тамаъкор фиреб хӯрданатон имкон дорад.   

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бо ҳар нафаре, ки рӯ ба рӯ мешавед, баҳс накунед. Баъзан ба маънии суҳбат ё баҳс сарфаҳм намеравед, вале ин муҳим нест. Саломатиятон диққати махсусро металабад, аз ин рӯ, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Хабари хуше, ки мешунавед, дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳоро ворид месозад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи аҷиб аст. Чизеву касе наметавонад шуморо аз роҳи рост гардонад. Барои расидан ба мақсад аз ҳамагуна роҳу усулҳо истифода бурданро маслиҳат намедиҳем, вагарна ба вазъиятҳои ногувор гирифтор мешавед. Ҳангоми сафари роҳи дур, хусусан, бо мошини шахсӣ чораҳои бехатариро риоя намоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои мардҳо чандон рӯзи бобарор нест. Худро ба даст гирифтанатон мушкил мегардад. Дар гуфтор ба дағалӣ роҳ дода, бо атрофиён муноқиша мекунед. Ба саломатии худ ва наздиконатон диққат диҳед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз эҳтимол бо атрофиён муноқиша карда, худро идора карда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки аз рафтори шумо комёбиҳои молиявӣ, муносибатҳои ошиқона ва ҳолати рӯҳиятон вобастагӣ дорад. Машқҳои ҷисмонӣ ва сайругаҳт дар ҳавои тоза боиси беҳтар гаштани саломатиятон мегарданд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи мушкилиҳо бо осонӣ баромада, худатон ҳайрон мешавед. Қарзҳоятонро бармегардонанд. Хариди калон накунед, сарфакор бошед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Эҳтимол, муҳаббати худро пайдо месозед. Шумо ба истроҳати бофароғат ниёз доред.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД