Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз имкони шиносоии ошиқона дар маҳфиле, ки дӯстон даъват мекунанд, зиёд аст. Шояд вақти он расидааст, ки сарулибоси худро зеботар намоед. Дар муносибат бо ҳамсар субот ҳукмфармо мешавад, гарчанде баҳсҳои хурд низ рух медиҳанд. Агар пештар худро барои бекорӣ танқид мекардед, ҳоло вақти амал фаро расидааст. Монеаҳо зиёд мешаванд, пас сабр кунед. Барқарории нерӯ бо истироҳати кофӣ ва реҷаи рӯз имконпазир аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Ба хоҳишҳои шахси дӯстдошта бодиққат бошед, беэътиноии шумо метавонад ӯро ранҷонад. Дар ҷойи кор фазо каме муташанниҷ аст. Нақшаҳо иҷро мешаванд, вале эҳсоси норозигӣ аз худ боиси асабоният мешавад. Саломатӣ хуб аст, аммо худро зиёд хаста насозед. Камхобӣ ва фишори рӯҳӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Субҳ барои мулоқоти ошиқона муносиб аст, вале нимаи дуюми рӯз барои намоиши истеъдодҳоятон беҳтарин вақт аст. Аз баҳсу низоъҳо канорагирӣ кунед, то оромӣ нигоҳ дошта шавад. Идеяҳои ҷолиб пайдо мешаванд, аммо на ҳама воқеӣ ҳастанд. Ба роҳи интихобкарда содиқ бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба хулосаи шахсӣ такя кунед. Рӯз барои рушду худшиносӣ мусоид аст, бо касоне, ки ранҷидаед, оштӣ кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Барои ба даст овардани хушбахтӣ мунтазир нашавед, худ иқдом намоед. Вақти он расидааст, ки аз чизҳои кӯҳна халос шуда, тартибот ҷорӣ кунед. Зеҳни шумо тез аст, дар тиҷорат муваффақ мешавед. Дар бораи даромади иловагӣ фикр кунед. Барои худ истироҳати босифат муҳайё созед ва дар ҳалқаи оила ҷашни хурд ташкил намоед. Эҳсосоти худро пинҳон насозед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар зиндагӣ ихтилофҳо пайдо мешаванд, аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Дар оила баҳсҳо, махсусан оид ба маблағ ё тарбияи фарзандон имкон доранд. Ба ҳадафҳои дарозмуддат диққат диҳед. Ба шумо сарфакориро маслиҳат медиҳем, зеро хароҷоти зиёдатӣ карданатон эҳтимол дорад. Ба ғизои худ аҳамият диҳед, истеъмоли зиёди ширинӣ ва таомҳои равғанин метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар танҳо бошед, ба шиносоии нав омода шавед. Имрӯз имкони кори судманд барои худ ва дигарон пайдо мешавад. Бо наздикон нофаҳмиҳо рух дода метавонанд, вале бо оромӣ ҳал мешаванд. Нуфузи шумо меафзояд ва барои пешрафти касбӣ замина фароҳам меояд. Дар масъалаҳои молӣ аз шахси таҷрибадор маслиҳат гиред. Аз заҳмати зиёд худдорӣ кунед, нерӯи шумо каме коҳиш ёфтааст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Эҳтиёт кунед, ки дилбастагии сабукро ишқи ҳақиқӣ напиндоред. Барои фаҳмидани ҳақиқат каме танҳо монед ва ба дили худ гӯш диҳед. Агар дар муносибати ошиқона сахтгирӣ кунед, шарик меранҷад, аз ин рӯ гузашт намоед. Дар ҷойи кор аз баҳс бо роҳбар худдорӣ кунед. Назорати эҳсосот муҳим аст. Сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои тоза фишори равониро кам мекунад ва хоби шуморо беҳтар мегардонад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Агар шахси дӯстдошта ба шумо таваҷҷуҳ накунад, худ қадами аввалро гузоред. Кӯшиши писанд омадан ба ҳама фоида намеорад. Беҳтараш ба хона ва корҳои шахсӣ машғул шавед. Дар кор эҳтиёткор ва масъулиятнок бошед. Ба ваъдаҳои молиявии дигарон зуд бовар накунед. Хабарҳои манфиро кам пайгирӣ кунед, то асабатон ором монад. Сабру таҳаммул имрӯз ба шумо кумак мерасонад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Давраи тағйирот дар зиндагии шахсӣ оғоз мешавад. Агар мушкили эътимод ба худ доред, онро ҳал кунед. Наздикон шояд зиёд таваҷҷуҳ кунанд, вале ин аз ғамхорист. Дар кори касбӣ имкони оғози лоиҳаи нав пайдо мешавад, ҷуръат намоед. Туҳфа ва сюрпризҳо эҳтимол доранд. Ҳангоми харид шитоб накунед, зеро ба исрофкорӣ майл доред. Нерӯятонро эҳтиёт кунед, худро зиёд хаста насозед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шояд вақти он расидааст, ки тарзи либоспӯшӣ ё услуби худро тағйир диҳед. Дар хона оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад, сафарҳоро ба таъхир гузоред. Пешниҳоди кори нав ё лоиҳаи ҷолиб имкон дорад. Бо эҷодкорӣ амал кунед, то пешрафт намоед. Муомилоти тиҷоратӣ муваффақ мешаванд. Агар дар буғумҳо дард эҳсос кунед, фаъолияти ҷисмониро кам ва истироҳатро бештар кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Ҳангоми сафар ба нафаре дил бастанатон имконпазир аст. Агар ба ҳадафҳои худ диққат диҳед, натиҷаҳо аз интизориятон болотар мешаванд. Барои шахси дӯстдошта туҳфаи рамзӣ омода кунед. Рӯз барои имзои шартномаҳо ва ҳалли масъалаҳои молиявӣ мувофиқ аст. Аз таваккали беандеша худдорӣ кунед. Варзиш ва сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ ва ҷавонӣ мебахшад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз бо зеҳни тез ва ҷаззобияти худ таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб мекунед. Мухлисони нав пайдо мешаванд. Бо вуҷуди машғулиятҳо, барои мулоқоти ошиқона вақт ҷудо кунед, то гармии муносибат барқарор шавад. Дар касбу кор муваффақият интизор аст, меҳнатдӯстӣ натиҷа медиҳад. Барои сафар вақти муносиб аст, аммо имконияти молиявиро пешакӣ арзёбӣ кунед. Идора кардани эҳсосот ба шумо дар оянда фоидаи калон меорад.