arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
2041

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз неруи худро ба корҳои дуюмдараҷа сарф накунед. Шояд ҳамкорон шуморо парешон созанд, кӯшиш кунед, ки диққати худро ба вазифаҳои асосӣ равон созед. Эҳтимол супоришҳои ногаҳонӣ пеш оянд, ки шуморо ба ташвиш меоранд. Ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, онҳо метавонанд калиди муваффақият бошанд. Барои пешгирӣ намудани хастагӣ давоми рӯз истироҳат кунед. Бегоҳ худро бо хондани китоб ё варзиш машғул созед. Аз хоб сар шавед, то ки барои рӯзи дигар қувват гиред.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар ин рӯз корҳоятон зиёд мешавад, аммо аз ҳад зиёд худро хаста насозед. Дар муошират бо ҳамкорон таҳаммулпазир бошед, вагарна муноқиша сар мезанад. Пешниҳодҳои нави кориро қабл аз рад кардан хуб андеша намоед. Танаффусҳои кӯтоҳ ё сайругашт хастагиятонро мебароранд. Бегоҳ ба шуғли дӯстдоштаи худ машғул шавед, то қувваи худро барқарор созед. Шом аз пурхӯрии зиёд худдорӣ намоед. Барвақт хоб рафтанро тавсия медиҳем.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Рӯзи серташвиш хоҳад буд, аммо ба тағйироти ғайричашмдошт омода бошед. Ин фурсати хубест барои нишон додани эҷодкорӣ ва ҳунарҳои худ. Шояд шиноси наватон дарҳои нави имкониятҳоро боз мекунад. Аз муноқишаҳо, махсусан дар ҷои кор, дурӣ ҷӯед. Бегоҳро дар муҳити ором гузаронед, шояд тамошои филме интихоб кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Кӯшишҳои шумо дар кор қадрдонӣ хоҳанд шуд, аммо бо дигарон нақшаҳои худро зуд-зуд нақл накунед. Масъалаҳои молиявӣ таваҷҷуҳи махсус мехоҳанд, хароҷоти бемавридро пешгирӣ кунед. Ба корҳои худ тартиб дароред. Ба саломатии худ аҳамият диҳед – машқҳои сабук ё сайругашт ба рафъи хастагӣ мусоидат мекунанд. Бегоҳро бо оила ё дӯстони наздик гузаронед. Як пиёла чой пеш аз хоб шуморо ором месозад ва хоби хушро таъмин мекунад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо бояд сифатҳои роҳбарии худро нишон дода, вазъро таҳти назорат гиред. Шояд супоришҳои фаврие ба миён оянд, ки зуд бояд иҷро кунед. Ба суханони худ бодиққат бошед – суханони беандеша метавонанд боиси ихтилоф шаванд. Бегоҳро бо дӯстони худ ё шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Аз хӯроки вазнин ва хастагии зиёдатӣ худдорӣ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз шуморо корҳои якрангу муқаррарӣ интизоранд, аммо маҳз ҳаминҳо ояндаи муваффақияти шуморо таъмин мекунанд. Аз дархости кӯмак аз ҳамкорон натарсед, ҳамкории дастаҷамъона корро тезтар месозад. Шояд хабарҳои ғайричашмдошт нақшаҳои шуморо тағйир диҳанд. Худро бо корҳои зиёдатӣ машғул насозед. Бегоҳро бо шунидани мусиқӣ ё хондани китоб гузаронед. Пеш аз хоб машқҳои сабук иҷро кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз фикрҳои шуморо на ҳама мепазиранд, омода бошед, ки назари худро ҳимоя кунед. Масъалаҳои молиявӣ диққати бештар мехоҳанд, аз харҷҳои ноҷо худдорӣ намоед. Шояд касе аз ҳамкорон кӯмак пурсад, аммо кӯшиш кунед, ки манфиатҳои шахсии худро фаромӯш накунед. Танаффусҳои кӯтоҳ дар ҳавои тоза шуморо аз хастагӣ нигоҳ медорад. Бегоҳро ба машғулиятҳои дӯстдошта гузаронед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шумо бояд сабрро пеша кунед – на ҳама чиз тавре ки мехоҳед, пеш меравад. Аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед, ҳатто агар касе шуморо асабӣ кунад. Шояд хабарҳои ногаҳонӣ дар бораи кор ба гӯшатон расанд. Эҳсосоти худро зери назорат гиред, то асабҳоятонро хаста насозед. Бегоҳро бо наздикон гузаронед ё бо кори дӯстдоштаи худ машғул шавед. Ваннаи гарм ба оромӣ ва хоби хуш мусоидат мекунад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз диққат ва нақшаи аниқ муҳим аст. Шояд мулоқот бо шахсоне дошта бошед, ки метавонанд ба карераи шумо таъсир расонанд. Аз парешоншавӣ худдорӣ кунед. Ба ҳолати руҳии худ аҳамият диҳед ва худро аз ҳад зиёд хаста насозед. Бегоҳ варзиш ё сайругаштро интихоб кунед. Ба ғизои худ аҳамият диҳед ва аз хӯроки вазнин дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз шумо қувваи баланди корӣ доред – аз ин фурсат истифода бурда, вазифаҳои мушкилро ҳал кунед. Ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед ва корҳои муҳимро фаромӯш накунед. Аз асабонияти зиёд худдорӣ намоед ва реҷаи рӯзро риоя кунед. Бегоҳро бо дӯстон гузаронед ё филми ҷолибе тамошо кунед. Як пиёла чойи бо асал ба хоби ором кӯмак мекунад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз бояд бо корҳое, ки ба таъхир гузошта будед, машғул шавед. Дар ҳама кор бодиққат бошед. Шояд вазъиятҳои ғайричашмдошт сар зананд, ки тағйироти зудро талаб мекунанд. Ин рӯзи хубест барои таҳсил ва омӯзиши чизҳои нав. Бегоҳро ба истироҳат ва барқарор кардани қувваи худ бахшед. Вақти худро бо дӯстони наздик гузаронед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи серташвиш аст, аммо дар бораи эҳтиёҷоти шахсии худ фаромӯш накунед. Шояд суҳбатҳои муҳим дошта бошед, ки ба рушди касбии шумо мусоидат кунанд. Ба саломатӣ диққат диҳед – танаффусҳо ва ғизои солим шуморо бақувват нигоҳ медорад. Нақшаи корҳои ояндаро баррасӣ кунед. Муҳити ором пеш аз хоб ба истироҳати хуб мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД