1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2025
692

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳама гуна мулоқот метавонад дари имкониятҳои навро ба рӯи шумо боз кунад. Кӯшиш намоед муҳаббати дигаронро барои манфиати шахсӣ истифода набаред, бахусус нисбат ба онҳое, ки барои шумо аҳамияти зиёд надоранд. Пеш аз омадани меҳмонон хонаатонро тартиб дода, муҳити бароҳат ва зебо эҷод кунед. Рӯзи хеле хуб барои имзои шартномаҳо, ҳаллу фасли масъалаҳои молиявӣ ва сафари кӯтоҳи корӣ аст. Манбаи нави даромади пулӣ пайдо мешавад. Саломатиятон бад намешавад, вале ҷисми худро азият надиҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар ба мушкилӣ дучор шудед, аз хешовандон ва дӯстон кумак пурсед, онҳо омодаанд шуморо дастгирӣ кунанд. Ҳангоми чорабиниҳои муҳим ва тӯю маъракаҳо эҳтиёт кунед, эҳтимол бо нафаре муноқиша кунед. Хобҳои шабона метавонанд амалӣ шаванд, беҳтараш онҳоро ба касе нагуед. Дар баробари серкорӣ саломатиро фаромӯш насозед, каме аз корҳои рӯзмарра истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Тағйироти ногаҳонӣ ба ҳаётатон ворид мешаванд, шояд бо шахсе шинос шавед, ки зиндагиатонро тағйир диҳад. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед, ӯро бо мушкилоти майдаи рӯзгор хаста накунед, муносибатҳоро гарм ва самимӣ нигоҳ доред. Имрӯз барои корҳои душвор ва масъулиятнок мувофиқ нест, эҳтимоли хато карданатон зиёд аст. Барои касоне, ки ба кори савдо машғуланд, рӯзи мусоид аст, вале андозҳоро сари вақт пардохт кунед. Аз ҷиҳати саломатӣ хавфи ҷиддӣ пешбинӣ намешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳаёти шахсӣ ранги нав мегирад, вале беҳтар аст аз муошират бо зодагони бурҷи ақраб ва савр худдорӣ кунед. Наздикон бо ғамхорӣ шуморо шод мегардонанд, дигарон ба муваффақиятҳои оилавии шумо бо ҳавас менигаранд. Агар кори калон доред, ҳатман нақша кашед; саросема амал кардан хатарнок аст. Зеҳни тез ва дониши молиявиятон боиси дуруст сарф кардани пулҳоятон мегардад. Агар худро бад ҳис кардед, дам гиред, нисбати бемориҳо беаҳамият набошед.

Асад (23 июл-23 август)

Барои он ки муносибат бо дӯстдоштаатон беҳтар шавад, шоми ошиқона ё тӯҳфаҳои хурд омода созед. Фикр кунед, ки чӣ гуна хонаатонро боз ҳам бароҳаттар созед; тағйироти хурд ҳам таъсири хуб доранд. Имрӯз шояд баъзе нақшаҳоятон тағйир ёбанд ва бо одамоне рӯ ба рӯ шавед, ки табъатонро хира месозанд, вале дар маҷмуъ рӯзи пурсамар аст. Ҳам кор ва ҳам истироҳат бидуни монеа анҷом меёбанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Хабарҳои хушро интизор шавед. Ба хешовандон ва наздикон таваҷҷуҳ зоҳир кунед, муҳити гуворо ва дӯстона фароҳам оваред. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед, аввал ҳама чизро бодиққат андеша кунед. Эҳтимол роҳбарият ногаҳон санҷиш гузаронад, интизомро риоя кунед. Вазъият ба самти дилхоҳатон тағйир меёбад, агар фаъолият нишон диҳед. Ҳозир вақти хубест барои машқҳои табобатӣ.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муносибатҳои ошиқонаи худро махфӣ нигоҳ доред, чун дар атрофатон метавонанд ҳасудон пайдо шаванд. Бо наздикон бо меҳрубонӣ рафтор кунед, баҳсу ҷанҷолҳоро аз сабабҳои ночиз пешгирӣ намоед. Баъзе фикрҳои нодурустро аз сар дур кунед. Рӯз барои анҷоми корҳои муҳими дермонда, қарз гирифтан ё додан хуб аст. Эҳтимол аст, ки касе шуморо дастгирӣ кунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳиссиётатонро зери назорат гиред, то бо дӯстдоштаатон ҷанҷол накунед. Агар рафтораш шуморо ноумед кард, зуд ӯро аз ҳаётатон хат назанед. Шумо имрӯз пурқувват мешавед, дар кор ва берун аз он фаъол хоҳед буд. Машварату маслиҳатҳоятон барои дигарон фоида меоранд. Пеш аз харидани хона ё мошин хуб андеша кунед. Имрӯз аз ҷиҳати саломатӣ ташвише нахоҳед дошт ва бисёр корҳоро анҷом медиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шумо имрӯз боз ҳам ҷолибтару зеботар мешавед, ин диққати атрофиёнро ҷалб мекунад. Агар дар муносибатҳои ошиқона якрангӣ эҳсос кунед, тағйирот ворид намоед. Дар кор эҳтиёт бошед, роҳбарият метавонад ба шумо фишор оварад. Ташвиши зиёд ба асабҳоятон зарар дорад, истироҳат кунед ва вақти худро ба корҳои дӯстдошта бахшед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ёфтани оромиши рӯҳӣ ва фароғат ба сафар бароед. Шояд ҳамсаратон масъулияти хона ва маблағгузориро танҳо ба дӯш кашад, ба ӯ кӯмак расонед. Дар кор роҳҳои кӯҳнаи санҷидашударо истифода баред, аз хатарҳои нолозим худдорӣ намоед. Рӯзи хуб барои хариди калон ё бастани шартномаҳои муфид аст, вале эҳтиётро аз даст надиҳед. Агар саратон дард кард, дам гиред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар то ҳол танҳо бошед, имрӯз имкони шиносоӣ бо шахсе ҳаст, ки ҳаётатонро дигар мекунад. Корҳои хонагӣ каме шуморо хаста месозанд, вале шумо онҳоро хуб анҷом медиҳед. Дар кор аз нишон додани бартарӣ пеши ҳамкорон худдорӣ намоед. Дар тиҷорат муваффақ мешавед. Аз маҳсулоти тару тоза ва ғизои табиӣ истифода баред, аз фастфуд худдорӣ кунед, то саломатиро муҳофизат кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Вақти хуб барои раҳоӣ аз муносибатҳои чандинсолаи ошиқона аст, ки хеле дилбазан шудаанд. Ишқбозӣ ба нафарони оиладор зарар меорад, эҳтимол кор ба ҷудоӣ расад. Шумо қобилиятҳои ниҳонӣ доред, ки метавонанд обрӯи шуморо боло баранд. Даромади пулӣ метавонад ноустувор бошад, пас хароҷотатонро бодиққат ба нақша гиред. Аз хӯрдани хӯрокҳои равғанин ва нӯшидани машруботи сахт худдорӣ кунед, то саломатиро нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД