Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳолати ногувор гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои қабл гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ба нафаре душманӣ накунед, вагарна худатон ба нохушиҳо гирифтор мегардед. Нисбати нафароне, ки дар зиндагӣ таҷрибаи бештар доранд, хурдагирӣ накунед. Пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред ё ҳамёнатонро аз дуздон эҳтиёт кунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Наздикон ва аҳли оила шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстон ман-манӣ накунед. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯстӣ доштед, самимӣ бошед. Агар дӯсти ҷониятонро ба душман мубаддал кардан нахоҳед, ба ӯ қарз надиҳеду қарз ҳам нагиред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқимати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Беҳтараш аз пайи ба даст овардани манбаи нави пулкоркунӣ шавед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Аз пайи ҷустани шахси идеалӣ нашуда, ҳақиқатбин шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷиат карда, оқибатҳои нохуши бемориро пешгирӣ мекунед. Агар маблағеро барои рӯзи мабодо захира карда бошед, ба касе нагӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда, ба умеди кӯмаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахси наздикатон рӯ нагардонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилаву дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ кисаҳоятон холӣ мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз субҳи содиқ бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳед, то ки ниятҳоятонро амалӣ карда тавонед. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан эҳтимоли гум кардани телефон ё чизи қиматбаҳоятон вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи ором аст. Дар масъалаҳои пулӣ бештар бо наздикони худ маслиҳат кунед. Нафароне, ки аз дарди меъда азият мекашанд, набояд бо худтабобаткунӣ машғул шаванд. Дар айни гармии рӯз ба берун баромаданро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед. Дарди сару асабоният ба саломатиятон беасар намемонад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз душманон дар ҳақатон ноадолатиҳои зиёде мекунанд. Ҳушёр бошеду бадхоҳонро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ бетафовут нестед, таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Аз бепул мондани худ руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба саломатии шахси бароятон азиз бетафовут набошед.