Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 4 феврали 2020, сешанбе
2402

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шумо ба зудӣ бо одамон забон ёфта метавонед. Аз дилёбии худ истифода бурда, бо нафарони даркорӣ робита барқарор намоед. Дар оянда аз ин робитаҳо фоида ба даст меоред. Наздикон бо инҷиқиҳои худ диққати шуморо ба худ ҷалб сохтан мехоҳанд. Нафарони оиладорро лозим аст, ки вақти бештари худро бо наздикон гузаронанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Тақдир нисбати шумо хеле босаховат ва меҳрубон мегардад. Аз бурдбориву дастовардҳои худ ифтихор накунед. Аз уҳдаи корҳое, ки пештар машғул шудан намехостед, ба осонӣ мебароед. Дар ҷодаи муҳаббат навгониҳоро интизор бошед. Барои робита бо наздикон вақт пайдо намоед, хусусан кӯдакони хонаатон ба ғамхории шумо ниёз доранд.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Нафаре аз дӯстон сабабгори сар задани мушкилиҳоятон мегардад. Рақибон низ зарари худро расонида метавонанд, боэҳтиёт бошед. Аз ҳад зиёд бо ҳаёти шахсии худ машғул шудан ба вазъи молиявиатон зарар мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат азоби танҳоӣ намекашед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Барои аксари зодагони мучали саратон рӯзи бобарор аст. Болидаруҳ бошед ва табассумро фаромӯш насозед. Аз сабукфикрӣ худдорӣ намоед, наздикону дӯстонро ба иғвогариҳо ҳамроҳ насозед. Шуморо сафари аҷиб ва вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз дилатон сафару саёҳат ва дилхушӣ мехоҳад, вале беҳтар аст, ки бо нишасти дӯстона иктифо намоед. Аз ишқбозӣ бо ҳамкоратон худдорӣ намоед, обрӯи худро нарезонед, фаромӯш насозед, ки таҳти назорат қарор доред. Барои ором сохтани асабоният ва рафъ намудани қаҳру ғазаб бо худ тасбеҳ гардонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба мақсадҳои худ бе ягон мушкилӣ ноил мегардед. Душвориҳои сарзадаро бо дастгирии ҳамкорону дӯстон рафъ намуда метавонед. Даромади пулиятон меафзояд, вале дар танҳоӣ ба мағоза рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли сарф кардани тамоми маблағ дар назар аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Шуморо дар ин рӯз лаҳзаҳои аҷибу ғайриодӣ интизор аст. Бо мушкилиҳои молиявӣ машғул шуданатон лозим меояд, гуфтушуниди муҳимеро ба шумо бовар мекунанд. Шарму ҳаёро аз худ дур сохта, боҷуръаттар амал кунед. Аз сафари корӣ рӯ натобед, дар сафар табъатон хуш мегардад. Мушкилоти оилавиро бо зиракиву кордонӣ рафъ карда метавонед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Нафароне, ки дар маркази диққати ҳамагон будан мехоҳанд, дар ин рӯз ба мақсад расида метавонанд. Агар фаъолияти шумо бо саҳна ва баромадкунӣ алоқаманд бошад, дар ин рӯз муҳаббати мухлисонро ба даст меоред. Тамоми мушкилоти вобаста ба тиҷорат ё буҷаи оилавиро ба таври анъанавӣ рафъ намоед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз ҳунару истеъдод ва ташаббус нишон доданатон лозим аст. Амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо аз ҷумлаи маҳс, парҳез ва риояи техникаи бехатарӣ манфитабахш аст. Вақте расидааст, ки хатогиҳои куҳнаи худро ислоҳ намоед. Эҳтимол дар баъзе масъалаҳо ба маслиҳати ҳуқуқӣ ниёз пайдо мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Обруву нуфузатон дар оила, ҷои кор ва миёни дӯстон зиёд мегардад. Рӯзи хубест барои бастани аҳди муҳаббат. Бештар дар робита будан тавсия дода мешавад. Барои табобати бемориҳо, амалиётҳои косметикӣ ва рафтан ба кошонаи ҳусн рӯзи мусоид аст.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Шуморо сафарҳои корӣ ва саёҳатҳои кутоҳмуддат интизор аст. Дар маркази диққат қарор доштан бароятон писанд аст. Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳои судманд интизоранд, мушкилоти деринаро рафъ месозед, сиру асрори оилавиро бартараф намуда, аз тарсу ҳарос эмин мемонед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Давраи нави ҳаётатон оғоз меёбад, дар пеш шуморо ҳодисаҳои аҷиб интизор аст. Бо шарофати ақлу заковати зотӣ роҳҳои кутоҳтаринин расидан ба ҳадафро пайдо мекунед. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо карданатон хуб аст, вале фаромӯш насозед, ки пул ҳисобу китобро дӯст медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД