Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо шуморо ба корҳои бузург илҳом мебахшанд. Бо сухан ё туҳфае наздиконатонро хушҳол кунед. Суҳбат бо пайвандон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Дар кор қобилиятҳои роҳбарӣ ва фикрронии таҳлилӣ нишон медиҳед. Аз маслиҳати дӯстону ҳамфикрон рӯй нагардонед. Аммо худро аз ҳад зиёд хаста насозед, зеро эҳтимоли асабоният ва суст шудани вазъи саломатӣ вуҷуд дорад. Каме истироҳат ба шумо фоида меорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Шояд ба назар расад, ки шахси дӯстдошта нисбат ба шумо каме сард шудааст. Суҳбати орому самимӣ метавонад ҳама нофаҳмиҳоро бартараф кунад. Имрӯз асабоният ва ҳассосиятатон бештар мешавад, бинобар ин кӯшиш кунед худро идора намоед. Хариди либоси нав ё тағйири намуди зоҳирӣ рӯҳияатонро болида месозад. Агар нияти муоинаи тиббӣ дошта бошед, онро ба таъхир нагузоред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рафтори шахси наздик метавонад шуморо хафа кунад, вале беҳтараш ҳама чизро бо оромӣ ҳал намоед. Имрӯз хоҳиши эҳсосоти нав ва лаҳзаҳои шавқовар бештар мешавад. Дар кор таҷриба ва сабри шумо натиҷаи хуб медиҳанд. Ба зудӣ хабарҳо ва сюрпризҳои хуш, махсусан вобаста ба маблағ, мерасанд. Имкони хубе барои истироҳат ва фароғат пайдо мешавад. Кайфияти хуб ба саломатӣ ва нерӯи шумо таъсири мусбат мерасонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти хуб дар пеш аст. Шояд шиносоии нав ё анҷоми муносибати кӯҳна рух диҳад. Вақти муносиб барои дидор бо падару модар ва мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ расидааст. Банақшагирии дуруст ба шумо кумак мекунад, ки вақтро беҳтар истифода баред. Эҳтимоли даромади хуб низ вуҷуд дорад. Аз фикрҳои манфӣ дурӣ ҷӯед, зеро оромии равонӣ барои саломатии шумо хеле муҳим аст.
Асад (23 июл-22 август)
Агар то ҳол ҷуфти муносиб пайдо накарда бошед, ба атрофиён бодиққат назар кунед. Шахси ҷолиб метавонад хеле наздик бошад. Ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нисбат ба дӯстдошта муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Нимаи аввали рӯз барои кор ва пешниҳодҳои нав муваффақ хоҳад буд. Ҳангоми бастани шартномаҳо бодиққат бошед. Агар чизе ба шумо маъқул набошад, ошкоро гап занед. Ҳифзи оромӣ ва ҳудуди шахсӣ барои шумо муҳим аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз муносибат бо шахси наздик диққати бештарро талаб мекунад. Дар масъалаҳои оилавӣ ҳама қарорҳоро танҳо қабул накунед. Аз уҳдадориҳои нав худдорӣ намоед, зеро иҷрои онҳо душвор шуда метавонад. Бо одамони ношинос ҳамкории ҷиддӣ накунед. Ҳисси дарк ва зиракии шумо қавӣ мешавад ва дар масъалаҳои молиявӣ кумак мерасонад. Аз одамони манфӣ ва баҳсҳои нолозим дурӣ ҷӯед, то оромии худро нигоҳ доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шояд дар дилатон шубҳа пайдо шавад, вале барои хулосаҳои шитобкорона ҳоло вақт нест. Бо шахси дӯстдошта самимона суҳбат кунед. Имрӯз меҳмонӣ ё дидор бо дӯстону наздикон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Дар кор муваффақият аз кӯшиш ва фаъолиятатон вобаста хоҳад буд. Интизом ва масъулият ба беҳ шудани вазъи молиявӣ мусоидат мекунанд. Иммунитетатон каме суст аст, бинобар ин ба истироҳат ва саломатӣ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар рӯзҳои наздик маҷбур мешавед қарорҳои муҳим қабул кунед ва ҳар кас ба шумо маслиҳати худро медиҳад. Имрӯз байни эҳсос ва ақл тавозуни хуб доред, бинобар ин бо дигарон ба осонӣ муносибат мекунед. Дар кор ба баҳсҳо роҳ надиҳед. Барои баъзеҳо бурди молӣ ё имкони хариди деринтизор пеш меояд. Агар муддати дароз зери фишор бошед, ҳатман барои истироҳат вақт ҷудо кунед, то саломатӣ осеб набинад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои нигоҳ доштани оромӣ дар муносибатҳо, бо дӯстдоштаатон вақти бештар гузаронед. Агар байни шумо нофаҳмӣ бошад, суҳбати ҷиддиро каме ба таъхир гузоред. Имрӯз барои рушди касбӣ ва гирифтани маълумоти нав рӯзи хуб аст. Муносибат бо ҳамкорон хуб мешавад ва дар корҳои тиҷоратӣ пешравӣ мекунед. Аз асабоният ва стресс эҳтиёт шавед, зеро онҳо метавонанд ба саломатӣ таъсир расонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосотро идора кунед, вагарна суханҳое мегӯед, ки баъд пушаймон мешавед. Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед. Баъзе нофаҳмиҳои хурд бо шахси дӯстдошта имкон доранд, бинобар ин беҳтараш ба баҳс роҳ надиҳед. Барои такмили дониш ва малакаҳои касбӣ вақти хуб аст. Эҳтимоли гирифтани мукофот ё маблағи иловагӣ вуҷуд дорад. Энергияатон кам мешавад, аз ин рӯ асабониятро ба наздикон нишон надиҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар бахти худро пайдо накарда бошед, ҳоло барои муносибати ошиқона вақти мувофиқ нест. Ба одамон зуд бовар накунед ва дар ҷамъомадҳои ношинос аз ҳад зиёд дар бораи худ нақл накунед. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Барои болидахотирӣ худро бо чизҳои дӯстдоштаатон хурсанд кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Барои нафарони нозуку ҳассос ҳоло барои шиносоии нав мувофиқ нест. Масъалаҳои ошиқонаро ба вақти дигар гузоред. Мушкилоти худро пурра ба дӯши шарик нагузоред, зеро ин вазъро мушкилтар мекунад. Имрӯз имкони ислоҳи хатоҳои гузашта ва оғоз кардани корҳои нав пайдо мешавад. Нақшаҳои худро ба ҳар кас нагӯед. Нимаи дуюми рӯз туҳфа ё фоидаи молӣ ба даст меоред. Барои анҷоми корҳо сабр ва қувваи бештар лозим мешавад.