Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои издивоҷ, бастани ақди никоҳ ва ё вохӯриҳои ошиқона рӯзи пурбарор аст. Ҳамалҳое, ки дербоз оиладор шудан мехостанд, имрӯзро набояд аз даст диҳанд. Имрӯз аз иҷрои ҳар кори вазнин худдорӣ кунед ва онҳоро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ҳамчунин, вохӯриҳои кориро низ ба таъхир андозед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ нармдил ва меҳрубон нашавед, ҳатто нисбат ба атрофиён ва аъзои оилаи худ низ. Гузаштаро комилан фаромӯш созед, зеро он намегузорад, ки ба пеш ҳаракат кунед. Зиёдтар китобҳои бадеӣ мутолиа намуда, фонди луғавии худро ғанитар созед. Нӯшидани оби бегазро бароятон тавсия медиҳем.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯз барои пайдо намудани дигар манбаъҳои даромади иловагӣ мувофиқ гуфта мешавад. Хоҳиши кор кардан дар шумо аз пештара бештар мушоҳида мегардад. Ба овозаҳо бовар накунед, зеро асосе барои бовар кардан нест. Ҷавзоҳои оиладор бо ҳамсарашон муноқиша мекунанд, аммо зиёд қаҳрӣ накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ситораҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ зиёдтар машғул шавед. Ҳангоми қабули қарорҳои ҷиддӣ ва муҳим андешаи атрофиёнро ба назар гиред, хусусан, агар онҳоро эҳтиром мекарда бошед. Агар волидайни худро дербоз надида бошед, барои аёдати онҳо рӯзи неку бобарор аст.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз пеш аз оғози ҳар кор бо ҳамкорон, аҳли оила ва нафарони салоҳиятдор маслиҳат кунеду машварат пурсед. Чандест, ки ба ҷои дуре азми сафар доред ва имрӯз шумо метавонед, ки ба сафар бароед. Барои боздид ба амал овардан аз маконҳои таърихӣ рӯзи хуб аст. Саломатиатон ташвиш нахоҳад дод.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама масъалаҳои алоқаманд бо ишқу муҳаббат ҳалли худро меёбанд. Норозигии худро ба нафаре баён мекунед. Агар аз худ боварӣ надошта бошед, беҳтараш дар лаҳзаҳои ҳассос хомӯш бимонед. Ҳар сухани аз даҳонатон мебаромадаро дар тарозуи ақл бар кашида, баъдан бигӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои барқарор намудани саломатӣ давраи мусоид мебошад. Дар лаҳзаҳои душвор худатон тани танҳо кӯшиш накунед, аз як сар ду сар беҳтар аст. Сирру асрори худро ба онҳое, ки бо шумо муносибати дуруст надоранд, фош насозед. Мизонҳои ошиқро дар роҳи ишқ нокомӣ интизор аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз бароятон рӯзи пурмаҳсул хоҳад буд, ҳарчанд шумо аз худ қаноатманд ва розӣ нестед. Худро ба фикр кардан маҷбур накунед ва саломатиатонро дар мадди аввал гузоред. Наздиконатон ба шумо лаҳзаҳои фараҳбахшро фароҳам меоранд. Волидонатонро ба хонаи дӯстдухтаратон барои хостгорӣ фиристед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз гуноҳи дигаронро ба сари шумо бор мекунанд ва худро сафед карда наметавонеду ҷазо мебинед. Асабҳои худро эҳтиёт кунед ва агар имкон дошта бошед, ба асабшинос муроҷиат намоед. Барои ҳаллу фасли фаврии саволҳои ҷамъшуда кӯшиш ба харҷ диҳед. Баъзе қавсҳоро даромади иловагӣ дар назар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар дар ҳалли масъалае нороҳатиро ҳис кунед, пас барои кӯмак ба ҳамкорони худ муроҷиат намоед. Вазъи имрӯзаи худро тағйир доданӣ бошед, сараввал оқибаташро фикр кунед. Аз онҳое, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дур бошед. Аз пасатон бадгӯӣ мекунанд, аммо диққат надоданатон беҳтар аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз дар ҷои кор шахси ғайриоддӣ будани худро нишон диҳед ва исбот кунед, ки аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада метавонед. Агар дар охири рӯз хаста шудан нахоҳед, корҳои пучу бемаъниро ба ӯҳда нагиред. Ба ақидаи худ устувор буданро омӯзед. Ба саломатиатон диққати бештарро равона созед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои ҳутҳо рӯзи номусоид аст, зеро пайдоиши мушкилиҳои ғайричашмдошт дар назар буда, барои ҳалли онҳо фикрҳои оқилона лозим аст. Кӣ дар бораи шумо чӣ фикр мекунад, бигзор бароятон бефарқ бошад. Ҳамон тавре зиндагӣ кунед, ки худатон мехоҳед. Атрофиёнро зиёд ташвиш надиҳед.