Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои ҳамалҳо рӯзи душвор аст. Дар худ рӯҳафтодагиро ҳис карда, ба ҳодисаҳои атроф бефарқ менигаред. Дар ҳаёти шахсӣ аз хиёнат ва фанду фиреб эҳтиёт шавед. Кӯшиш кунед, ки дар вақти муайяншуда хоб карда, хӯрокҳои серғизо истеъмол намоед ва ба паст шудани масуният роҳ надиҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз ҳар тараф нобарориҳо пайдо шуда, табъатонро хира месозанд. Аз атрофиён ранҷида, дамдузду одамгурез мешавед ва ҳатто барои гирифтани интиқом нақша мекашед. Ҳар қадами худро дидаву дониста гузоред, хусусан, дар масъалаҳои пулӣ. Ба кор дода шуда, дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои ба даст овардани кори пешинаатон шуморо лозим аст, ки заҳмати зиёд кашед. Аз дастгирии нафарони воломақом истифода бурда, ҳунару истеъдоди худро дар амал нишон диҳед. Мардҳо ба вохӯрие мераванд, ки баъдан пушаймон мешаванд. Гарм пӯшида, пойҳоятонро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти худро меёбанд. Агар хоҳед, ки ба шумо чашм нарасад, аз муваффақиятҳоятон ба дигарон нақл накунед. Нафароне, ки ба сафар мебароянд, пули зиёд сарф мекунанд. Қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед, хусусан, ба нафарони ношинос. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.
Асад (23 июл-22 август)
Барои хостгорӣ, тӯю тамошо ва бастани ақди никоҳ рӯзи неку бобарор аст. Нафароне, ки нав ба тиҷорат машғул шудаанд, бояд зиёдтар кор кунанд. Вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам, боз даромади иловагӣ дар назар аст. Дар бораи дӯстдоштаатон фикри бад накунед. Дарди сар шуморо азият медиҳад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Эҳтимоли аз нав хуруҷ кардани бемориҳои пешина вуҷуд дорад. Мушкилиҳои молиявӣ ва ташвишу рӯҳафтодагӣ табъатонро хира месозанд. Аз ҷангу ҷанҷолҳои ногаҳонӣ худдорӣ намоед. Ба сифати чизҳои мехӯрдаатон аҳамият диҳед. Аз ҷониби дӯстдоштаатон ғамхориву меҳрубониро эҳсос мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳо имрӯз бояд ба ҳуҷуми рӯирости душман омода бошанд. Баъзеҳо ба шумо пинҳонӣ ҳасад мебаранд, аммо нишон намедиҳанд. Ба мулоқоти ошиқона равед, то ҳолати рӯҳиатон хубтару табъатон болида шавад. Агар кори сердаромад мехоста бошед, ба меҳнати вазнин омода бошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои ниёзи фарзандон ва харидани доруворӣ маблағ сарф карданатон лозим, аммо тавсия медиҳем, ки дар ҳамин ҳол ҳам сарфакор бошед. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Шахси дӯстдоштаатон ба кӯмаку дастгирии шумо ниёз дорад. Ба саломатии миёну сутунмӯҳра диққати хосса диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои қавсҳо рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Атрофиён бо асабҳоятон бозӣ карда, шуморо ба ғазаб меоранд. Нофаҳмии хурдакаке бо дӯстдоштаатон сабаби ҷангу ҷанҷоли калон мешавад ва ҳатто ба ҷудошавӣ оварда мерасонад. Оббозӣ дар ҳаммоми гарм тамоми хастагиву сардиҳоро аз вуҷудатон берун месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бинобар кам будани таҷрибаатон имрӯз ба муваффақият ноил намешавед. Миёни шумову ҳамкоронатон нофаҳмӣ ба вуҷуд омада метавонад. Барои иҷрои коре таваккал накунед, вагарна ба вазъияти душвор афтода, аз кори кардаатон сахт пушаймон мешавед. Қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Далв (21 январ-18 феврал)
Мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар тиҷорат муваффақият ҳамроҳи шумост, аз ин рӯ, дилатон пур бошад. Меҳнати зиёд мекунед ва натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Дӯстдоштаатон шуморо танқид мекунад, вале рӯҳафтода нашавед. Сайругашт дар ҳавои тоза барои саломатӣ муфид аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Нимаи аввали рӯз ҳодисаҳои ногувор рух дода, ба ҳолати рӯҳии шумо таъсир мерасонанд. Атрофиён нисбати шумо бепарво мешаванд, аммо ҳамагӣ барои якчанд рӯз. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст. Ҳар қадар барои расидан ба мақсад кӯшиш кунед, ҳамон қадар маблағи зиёд ба даст меоред.