Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз тағйирот наҳаросед, ҳатто агар онҳо ба муносибатҳои ошиқона рабт дошта бошанд. Вазъи оилавӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, ранҷишҳои кӯҳна фаромӯш мешаванд. Аммо, дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Хароҷоти калонро бе маслиҳат бо наздикон анҷом надиҳед. Барои пешрафт дар кор вақт ҷудо кунед — шонси болоравии маош ё вазифа вуҷуд дорад. Саломатии дандон ва меъда метавонад ташвиш эҷод кунад, ба духтур муроҷиат намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Рӯзи хуб барои сайру саёҳат аст, вале рӯҳияи ошиқона ва андешаҳои шахсӣ шуморо аз корҳои муҳими корӣ дур мекунад. Бо наздикон баҳс накунед — вақт интихоб кунед, то бо оромӣ сӯҳбат намоед. Имрӯз дар тиҷорат хароҷоти ғайриинтизор имконпазир аст. Ба корҳои оддӣ машғул шавед ва аз таваккал худдорӣ кунед. Энергияи шумо рӯ ба камшавист. Танҳо ба он коре даст занед, ки хушнудатон мекунад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи пур аз имконот аст — шумо метавонед дигаронро ба худ ҷалб намоед. Агар ба нафаре изҳори муҳаббат кунед, ишқатонро қабул мекунад. Танҳо ба корҳои маъмулии худ машғул шавед. Аз қабули қарорҳои ҷиддӣ ва додани ваъдаҳо худдорӣ намоед. Ба роҳбар фикрҳои нав пешниҳод накунед. Аз субҳ бо рӯҳияи нек ба кор сар кунед — ҳама чиз ба хубӣ пеш меравад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз дигарон зиёд талаб накунед — ин метавонад обрӯятонро коста созад. Бухгалтерҳо ва соҳибкорон бояд эҳтиёткор бошанд, тафтиши ғайриинтизор эҳтимол дорад. Ҳуҷҷатҳои кориро танзим намоед. Дар пайи муваффақият зиёд ифтихор накунед. Хариди молҳо, ғайр аз тилловорӣ манфиат меорад. Вақти худро табъи дил сипарӣ намоед, рӯҳияатон болида хоҳад шуд.
Асад (23 июл-21 август)
Дар ин рӯз баъзе воқеаҳо метавонанд муносибатҳои шуморо ба таври ғайричашмдошт тағйир диҳанд. Вохӯрии ғайричашмдошт метавонад шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят кунад. Аз нақшаҳои бузург худдорӣ намоед, лаҳзаи ҳозираро қадр кунед. Барои дур кардани фикрҳои нохуш, кӯшиш намоед дар ҳама чиз ҷиҳати хубиашро бинед. Худро аз нафароне, ки аз диданашон табъатон хира мегардад, дур гиред. Барои худатон зиндагӣ кунед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Агар танҳо бошед, имрӯз шонси шиносоии муҳиме доред. Танбалиятон метавонад шуморо аз имкони нодир маҳрум созад. Ба саволи душвори дӯстдоштаатон бо эҳтиёт ҷавоб диҳед, ин роҳ аз низоъ ҷилавгирӣ мекунад. Барои рушди касбӣ аз таваккал наҳаросед. Вақти хубест барои ба вазифаҳои нав ру овардан. Вазъи молӣ дертар устувор мешавад, аммо ҳоло сарфакор бошед. Аз пайи саломатӣ шавед, вақте расидааст, ки ташхис гузаронед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шояд ошиқи нав ба ҳаётатон ворид шавад. Ба наздикон ва корҳои рӯзмарра бештар аҳамият диҳед. Варзиш, сайругашт ё харид метавонад ба беҳбудии рӯҳӣ мусоидат намояд. Агар иштибоҳи роҳбарро бинед, танҳо дар танҳоӣ бигӯед. Агар эҳсос кунед, ки вақти шумо расидааст, амал кунед! Аммо, шахсоне, ки фишори баланди хун доранд, аз фаъолиятҳои зиёд худдорӣ намоянд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ намешавад. Эҳтимоли ҳал шудани мушкилоти кӯҳна вуҷуд дорад. Субҳро ба мулоқотҳо ва муносибатҳои корӣ бахшед. Кори навро шурӯъ накунед, имкониятҳоятон ҳоло маҳдуданд. Шояд худро дар чанд самт маҳдуд кардан лозим шавад, вале ин муваққатӣ аст. Эҳсосотро таҳти назорат гиред, ҳассосият метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯз бо шодиву табъи болида сар мешавад. Шояд шиносоии нав сурат гирад. Ба корҳои хона машғул шавед, онҳо фикрҳои носолимро дур месозанд. Дар кор ихтилоф эҳтимол дорад, бо роҳбар ва ҳамкорон бо эҳтиром муомила намоед. Рӯзи хубест барои шурӯи варзиш ё парҳез.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҷаззобият ва ҳиссиёти шумо дар авҷ аст. Интуиция ва эҷодкорӣ шуморо ба муваффақият мебарад. Барои халосӣ аз мушкилоти кӯҳна, ба онҳо аз дидгоҳи дигар нигаред. Имрӯз фурсати хубест барои сӯҳбати ҷиддӣ бо дӯстдошта. Шонси гирифтани мукофотпулӣ вуҷуд дорад! Агар соҳибкор бошед, бо шарикони нав тамос гиред ва мизоҷонро зиёд кунед. Хастагии доимӣ ва камхобиро бо нӯшокиҳои энергетикӣ бартараф накунед, беҳтар аст истироҳати комил дошта бошед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар оиладор набошед, бештар ба истироҳати берун аз хона аҳамият диҳед, шиносоии сарнавиштсоз имконпазир аст. Оиладорҳо бояд бо наздикон ва ҳамсояҳо бо мулоимат бошанд. Дар ҷойи кор аз нерӯи нав ва ҷиддияти шумо ҳама ба ҳайрат хоҳанд афтод, вале эҳтимоли ҳасад вуҷуд дорад. Имрӯз метавонед ба худ чизе иҷозат диҳед, вале фаромӯш накунед, барор доимӣ нест. Аз машқҳои сахт худдорӣ кунед, хавфи ҷароҳат зиёд аст.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Шояд дар ҷои кор робитаи ошиқона оғоз ёбад, вале оқибаташ хуб нахоҳад буд. Пеш аз ҳама фикр кунед — оё чунин муносибат лозим аст? Дӯстон шуморо аз кор парешон мекунанд, диққатро нигоҳ доштан душвор мешавад. Роҳбарон бояд фаъолияти кормандонро зери назорат гиранд. Агар заҳмат кашед, даромад меафзояд. Аз хароҷоти зиёд худдорӣ кунед, метавонад ба низоъ бо наздикон оварда расонад. Аз асабоният ва кори ҷисмонӣ дурӣ ҷӯед.