Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аз сидқи дил меҳнат кунед, самари меҳнатҳоятонро ҳатман мебинед. Вазъи иқтисодиятон чандон хуб набошад ҳам, кӯшиш намоед аз ин ҳам бадтар нашавад. Ба ҷигарбандонатон заҳмати пулкоркуниро фаҳмонеду ба сарфакорӣ талқин намоед. Аз рӯйи ҳар гапу кори ночиз бо дӯстдоштаатон муноқиша накунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ бе пул мемонед. Дар ҳалли масъалаи муҳим аз наздиконатон маслиҳат пурсед. Дар дил кина гирифта гаштанатон хуб нест, хафагиҳоро фаромӯш карда, якҷоя аз пайи корҳои муштарак шавед. Ба серкориятон нигоҳ накарда, дӯстдоштаатонро фаромӯш накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Нисбат ба саломатии худ бодиққат бошед. Табъатонро болида нигоҳ доред, он гоҳ дар ҳама кор муваффақ мегардед. Аз сарфи беҳудаи маблағ худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз бо дӯстдоштаатон муноқиша мекунед, кор ҳатто ба ҷудоӣ мерасад. Мушкилиҳоеро, ки вақтҳои охир шуморо азият медоданд, бо кӯмаки як нафари номдор рафъ месозед. Аз нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед, ба ҳар кас дарди дил накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба хатогӣ роҳ медиҳед. Аз ягон кӯмак рӯ натобед, айни замон вақти ғуруру такаббури шумо нест. Ба хӯрокҳои кӯчагӣ дил набандед, танҳо хӯроки дар хона тайёр шударо истеъмол кунед! Ба чанд ҷашну маърака даъватӣ мешавед, агар ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон ҳамроҳатон рафтан нахоҳад, ӯро танҳо нагузоред.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Ақаллан чанд рӯз аз тамоми мушкилоти корӣ ва проблемаи рӯзгор истироҳат намоед. Бештар бо нафарони табъи дилатон нишаста, дами беғам бароред. Одати ба ҳар кор бинӣ халониданатонро партоед. Дар ҳаёти шахсии асадҳо ҳодисаҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Асадҳои танҳо ҷуфти худро пайдо месозанд, зеро рӯз барои кушоиши бахти шумо мусоид меояд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ҷойи кор суханро санҷида баъд ба забон оред, танқиди дигаронро шунида хафа нашавед, балки аз пайи ислоҳ шавед. Ба умеди даромади муфт нашавед, танҳо заҳмат кашида пул ба даст меоред. Дар ин рӯз миёни чор девор нишастанро ба шумо тавсия намедиҳем. Беҳтарин роҳи раҳоӣ ёфтан аз яъсу ноумедӣ ва фикрҳои мағшуш муошират аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Тамоми корҳои нотамомро то рӯзи шанбе ба анҷом расонед. Вазъи иқтисодиятон охири ҳафта рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ғами дӯстдоштаатон ашк мерезед, вале аз ин муҳаббататон бештар мешаваду кам не. Беҳтараш хотири шахси бароятон азизро озурда насозед, дилёбӣ кунед, он гоҳ муносибатҳоятон хуб мешаванд. Охири рӯз танбалиро аз худ дур намуда, аз пайи иҷрои корҳое шавед, ки чанд вақт боз ба таъхир мегузоштед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Воқеаҳои аввали рӯз табъатонро болида месозаду андуҳи дилатон нест мегардад. Даромади калони пулӣ имкон дорад, вақте расидааст, ки маҳсули заҳмататонро ҷамъоварӣ кунед. Як қисми маблағро барои рӯзи мабодо пинҳон намоед. Дар бораи муносибатҳои ошиқонаатон ба атрофиён чизе нагӯед. Имкон фароҳам овардани мулоқоти ошиқона пеш меояд. Маслиҳати дӯстонро гӯш кунеду ваъдаҳои додаатонро хушку холӣ нагузоред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ҳаёти шахсии нафароне, ки муносибатҳояшон дар ҳоли ҷудошавӣ қарор доранд, давраи душвор фаро мерасад. Баъзеҳо аз ҷуфти ҳаётиашон ҷудо мешаванд. Маҳз дар ҳамин рӯз кӯмаки шумо ба дӯсти наздикатон лозим мешавад, бетараф набошед, шумо умеди ягонаи ӯ ҳастед. Хариди манзил ва дигар амвол бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатро беҳтараш ба таъхир гузоред, дар ин рӯз аз нақлиёту мусофирбарон худро дур гиред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Қаҳру ғазаби худро дар ин ҳафта нигоҳ доред, вагарна сабаби муноқиша бо шахси бароятон азиз гашта метавонад. Сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ боиси бурдбории корҳои шумо мегардад. Мушкили асосии шумо дар ин рӯз маблағ аст. Зихнагӣ накунед, маблағи сарфнамудаатон ду баробар шуда бармегардад. Ҷаддиҳое, ки бо асбобҳои техникӣ сару кор доранд, бояд ҳушёриро пеша намоянд. Аз сабаби он ки дӯстдоштаатон серкор мешавад, чанд рӯзро дар танҳоӣ мегузаронед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Аввали рӯз яку якбора аз пайи анҷом додани чанд кор нашавед. Дар ҳалли мушкилоти оилавӣ ва таъмини рӯзгор маблағро сарфакорона истифода баред. Рӯзҳои сешанбе ё чоршанбе даромади нави пулӣ имкон дорад, вале баъдан чанд муддат боз бепул мемонед.
Одати худро аз дигарон як сару гардан боло гирифтанатон ба шумо бадӣ меорад. Дӯстдоштаатонро фаромӯш накунед, ӯ аз шумо муҳаббату ғамхорӣ мехоҳад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, ҳангоми кор бо шарикони нави корӣ ҳушёриро пеша намоянд, беҳтар аст. Ба таърифу хушомадзаниҳо бовар накарда, бо майли худ кор кунед. Аз нафароне ки пештар шуморо ранҷонида буданд, дурӣ ҷӯед. Агар хонаи худро таъмир карданӣ бошед, бояд каме захира кунед. Аз бепарвоии ошиқатон дилгир шуда, муноқиша мекунед, вале вазъият дарҳол рӯ ба беҳбудӣ меорад.