Ҳамал
Имрӯз бештар барои эҷодкорӣ мусоидат мекунад на барои корҳои ҷисмонӣ. Ташаббуси нишон додаи шумо дар байни ҳамкорон боиси дастгирӣ мегардад. Мардҳо дар интихоби муҳаббат бояд хеле боандеша амал намоянд. Дар масъалаҳои молиявиатон вазъият хуб аст, метавонед барои худ харид намоед.
Савр
Дар ин рӯз ҳангоми харидкунӣ бодиққат бошед, эҳтимоли фиреб хӯрдану сарфи беҳудаи маблағ дар назар аст. Аз бозоргардӣ худдорӣ намуда, истеъмоли гӯшт ва машруботро маслиҳат намедиҳем, Эҳтимоли дарунрав шуданатон зиёд аст. Дар иҳотаи дӯстон худро роҳат ҳис мекунед.
Ҷавзо
Агар бемориҳои музмини меъда ва ҷигар дошта бошед, аз ташхиси табибон гузаред. Бо вуҷуди ҳуҷуми душманон истеъдоди худро пинҳон накунед. Ба ғайбату овозаҳое, ки дар бораи шахси дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед. Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед.
Саратон
Нисбати шахси дӯстдошта рашкро ба дил роҳ надиҳед, вагарна ӯро сахт меранҷонед. Нафаре аз ҳамкорон шуморо ба манфиатҳои худ истифода бурдан мехоҳад. Чунин амал на танҳо ба иззати нафсатон мерасад, балки боз ба коратон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳангоми рондани мошин хеле боэҳтиёт бошед.
Асад
Дар ин рӯз аз табъи болидаи шумо ному нишон намемонад. Ба гапу ғайбатҳое, ки дар бораи худ мешунавед, диққат надиҳед. Кори якрангу дилгиркунанда дар назар аст. Дар касбу кор ба шарте муваффақ мегардед, ки масъулиятнок бошед. Агар шумо тоҷир бошед, ҳамкорони нави бовиҷдонро пайдо намоед.
Сунбула
Аз одату рӯирост муҳокима кардани ҳамкорон даст кашед. Нафаре аз онҳо барои пешравиҳои шумо мусоидат карда буд. Агар шахси дӯстдоштаатон дарк намояд, ки дилу нияти пок надоред, шуморо тарк месозад. Ба андешаи атрофиён гӯш андохта, аз дағалӣ худдорӣ намоед. Имкони пайдо кардани манбаи нави даромад пайдо мешавад.
Мизон
Барои рафъ намудани мушкилоти рӯзгор ба маслиҳати аҳли хонавода гӯш андозед. Даромади дар ин рӯз ба даст омадаро хароҷотҳои ногаҳонӣ рафъ месозанд. Шиносоиҳои нав имкон дорад, вале ба ишқбозӣ роҳ надиҳед, вагарна оқибаташ ногувор анҷом меёбад.
Ақраб
Даромади калони пулӣ имкон медиҳад, ки қарзатонро баргардонед. Вазъи молиявиатон чунон хуб мегардад, ки табъи дили худ дилхушӣ карда метавонед. Пешниҳоди хубӣ корӣ дар хориҷа шуморо дудила месозад. Агар оиладор бошед, беҳтараш дар ин масъала бо оилаи худ маслиҳат кунед.
Қавс
Тамоми корҳои худро субҳи барвақт ба анҷом расонида, вақти боқимондаи худро ба шахси дӯстдоштаатон бубахшед. Агар пурра бо кор банд гардед, лаҳзаҳои беҳтарини ошиқонаро мадди назар месозед. Мушкилоти саломатиро ба фардо нагузоред. Манбаи нави даромадро пайдо мекунед.
Ҷаддӣ
Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Ҷаддиҳои оиладор бояд иззатталабиро фаромӯш намоянд. Агар шумо фарзандони калонсол дошта бошед, ҳамроҳаш оромонаву рӯирост суҳбат кунед. Ба мардҳо бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем, вагарна дучори душвориҳои зиёд мегардед.
Далв
Агар дар ин рӯз тамоман аз хона берун нашавед, аз муноқишаҳо эмин мемонед. Саломатиятон каме нохуб мегардад. Дар ҳавои гарм дар берун гаштанро тавсия намедиҳем. Ба қарорҳои саросема роҳ надиҳед, барои аз ғалатҳо эмин мондан ба маслиҳати калонсолони оила гӯш андозед.
Ҳут
Рӯзи орому пурзаҳмат аст. Ҳатто кори одитарин дар назаратон хастакунанда менамояд. Ба атрофиёни худ диққат диҳед, сифатҳои нави онҳоро кашф намоед. Мушкилоти дар ҷойи коратон сарзада бо мурури вақт рафъ мегардаду шумо аз нав зиндадил мегардед. Шумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред.