Ҳамал (21 март-20 апрел)
Мушкилиҳои молиявӣ рафъ мегарданд вале аз ин пас фориғбол набошед. Сарфакориро пеша карда, ба қадри чизҳои доштаатон расед. Барои робита бо наздикон рӯзи хуб аст. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Дар сурати ба мутахассиси касбӣ муроҷиат кардан, аз духтур оид ба асабҳоятон низ маслиҳат гиред.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи душвор аст. Ба саломатӣ ва зиндагиятон хатари на он қадар бузург таҳдид мекунад. Хабари ногувор муҳити оилавиятонро вайрон месозад. Бонувон бояд ба гуфтаҳои худ диққат диҳанд ё нуқтаи назари худро пайгирӣ намоянд. Мардҳо бояд дар фикри саломатии фарзандон бошанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар масъалаҳои молиявӣ душвориҳо сар зада, дӯстдоштаатон аз шумо меранҷад. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад, аз ин рӯ, рӯҳафтода нагардед. Ростгӯву самимӣ буданатон хуб аст, вале беҳтар он аст, ки қабл аз гаперо ба забон овардан, хуб андеша намоед. Хобатон баръакс амалӣ мешавад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Қурбони дасисабозиҳои рақибонатон мегардед. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад, ки то ин дам ӯро дӯсти худ мешуморидед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна сахт бемор мешавед. Хоби дар ин рӯз дидаатон ҳатман амалӣ мегардад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз қувваву маблағи худро ба корҳое, ки ягон фоида намеоранд, сарф накунед. Бо нафаре вохӯрданатон имкон дорад, ки дар корҳои ояндаатон шуморо дастгирӣ мекунад. Талаботи аз ҳад зиёд нисбати дӯстдоштаатон ва рашки беасос боиси рух додани нофаҳмӣ ва ҳатто ҷудоӣ гардида метавонад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бояд ҳатман истироҳат кунед. Агар нақшаи ба рухсатӣ баромаданро дошта бошед, зудтар аз паяш шавед. Сунбулаҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, маблағи зиёдро аз даст дода, сари вақт пулҳояшонро ҷамъ карда наметавонанд. Каме нотоб гашта, бе ягон сабаб ғаму андӯҳ ба дилатон роҳ меёбад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои ҷиддӣ, ҳам мусбиву ҳам манфӣ имконпазир аст. Ба доми ҳиллаву найранги рақибон афтиданатон имкон дорад. Хароҷоти калон ба буҷаи оилаатон таъсири сахт мерасонад. Камбудии молиявӣ дар хонадони ҳар шахс рух медиҳад, аз ин рӯ, рӯҳафтода нагардед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз нисбати кор фориғболӣ накунед, вагарна аз мукофотпулӣ бенасиб мемонед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки душманон ба ҳолатон хандида, зери таъсири дигарон мемонед. Аз ҳад зиёд рӯҳафтода нагардад, танҳо бо шуҷоату матонат мавқеи аз дастдодаи худро аз нав соҳиб гашта метавонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар оила ва дар муносибат бо дӯстон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба назаратон чунин менамояд, ки тамоми мушкилиҳо яку якбора ба саратон фурӯ рехтаанд. Агар вазъиятро дуруст таҳлил намоед, аз нобарориҳо эмин мемонед. Нафароне, ки ба наздикӣ оила бунёд кардаанд, ташвиши зиёд ба сарашон меояд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз аз доираи одобу ахлоқ берун набароед. Агар то ба имрӯз рафтори зиёдатонро мебахшиданд, ин тасодуф буд ва минбаъд чунин нахоҳад буд. Барои он ки тақдир бо шумо бозӣ накунад, эҳсосоти худро идора намоед. Вагарна душвориҳои ба саратон омадаро ҳатто наздиконатон рафъ карда наметавонанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи покизагии қалб ва пӯзиши гуноҳҳо аст. Тағйиротҳои ҷиддии мусбӣ ва манфӣ дар назар аст. Чунин ҳам мешавад, ки қурбони дасисаҳои бадхоҳон мегардед ё аз ҳамкорони худ вобаста мешавед. Дар оилаатон мушкилиҳо имкон доранд. Таънаву маломати тарафайн имконпазир аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз тамоми роҳу восита истифода бурда, аз ғайбату бадгӯӣ дурӣ ҷӯед. Тавре рафтор кунед, ки гӯё ҳодисае рух надода бошад. Баъди нисфирӯзӣ каме рӯҳафтода мегардед, ки ин табиист. Ба мушкилиҳо зиёд дода нашавед, вагарна муносибататон бо дӯстдоштаатон вайрон мегардад.