goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2026
737

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз сабаби зиёд будани корҳо барои муҳаббат ва эҳсосоти ошиқона вақт намеёбед. Беҳтараш шахси дӯстдоштаатонро дастгирӣ кунед ва корҳои оғозкардаатонро ба анҷом расонед. Барои оғози нақшаҳои нав ҳоло вақти муносиб нест. Дар ҷойи кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон ё роҳбарият вуҷуд дорад, бинобар ин ҳар қадаматонро бодиққат андеша кунед. Даромади иловагӣ имконпазир аст, аммо пулро ба чизҳои нолозим сарф накунед. Ба истироҳат ва хоби кофӣ аҳамият диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Сафарҳои кӯтоҳ ё корҳои хизматӣ метавонанд ба шиносоиҳои нав оварда расонанд, аммо ин шиносоиҳо эҳтимол муносибати ҷиддӣ намешаванд. Ба зудӣ гармии эҳсосот дар зиндагии шахсиатон бештар мегардад ва муносибатҳо дубора ранги муҳаббати аввалро мегиранд. Қувваи худро сарфа кунед, зеро ҳафтаи оянда вазифаи муҳим дар пеш аст. Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ имконияти хуб пайдо мешавад. Барои оромии рӯҳ ба кори дӯстдошта машғул шавед ва аз стресс дурӣ ҷӯед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳтимоли сар задани муносибати ошиқона дар ҷои кор вуҷуд дорад, вале он метавонад барои обрӯятон мушкил эҷод кунад. Шахси наздикатон барои шумо сюрпризи хуш омода кардааст. Агар меҳрубонӣ нишон диҳед, муносибатҳоятон боз ҳам мустаҳкам мешаванд. Бо зиракиву ҳушёрӣ метавонед ҳам обрӯ ва ҳам фоидаи молӣ ба даст оред. Барои нигоҳ доштани рӯҳияи хуб ба варзиш ва дӯстдоштаатон вақт ҷудо кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҳаёти ошиқона тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад, танҳо рашк метавонад сабаби нофаҳмӣ гардад. Шомро бо шахсони дӯстдошта гузаронед. Эҳтимоли нофаҳмӣ бо роҳбарият ё ҳамкорон вуҷуд дорад, бинобар ин танқидро ором қабул кунед. Баъзе нақшаҳо дертар амалӣ мешаванд, вале мушкилот муваққатӣ аст. Агар мушкилоти узвҳои ҳозимаро эҳсос кунед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз меҳрубонӣ ва ғамхорӣ метавонад муносибататонро бо шахси дӯстдошта мустаҳкам созад. Дар хона масъалаҳои кӯҳна дубора матраҳ мешаванд ва лозим меояд масъулиятҳоро аз нав тақсим кунед. Ба баҳсҳое, ки ба шумо дахл надоранд, ҳамроҳ нашавед, вагарна айби дигаронро ба гардани шумо мегузоранд. Аз харидҳои гарон ва беҳуда худдорӣ кунед. Вақти холиро ба машғулиятҳое бахшед, ки ба шумо илҳом ва нерӯи тоза мебахшанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз саёҳати ошиқона ё шиносоии хотирмон эҳтимол дорад, ки ба шумо эҳсосоти хуб мебахшад. Агар сабру хирад нишон диҳед, подоши хуб мегиред. Ба наздикон меҳрубон бошед, зеро онҳо ҳамеша пуштибони шумо ҳастанд. Рӯзи душвор буда, эҳтимоли рӯйдодҳои ногаҳонӣ зиёд аст, махсусан дар муносибат бо роҳбарият эҳтиёткор бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед, хусусан агар фишори хун ё дарди дил шуморо ташвиш диҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо шахси дӯстдошта самимӣ ва табиӣ рафтор кунед, то аз нофаҳмиҳо канорагирӣ намоед. Барои шиносоиҳои нав рӯзи чандон мувофиқ нест, вале барои корҳои хона ва таъмир вақти хуб аст. Ҳалли мушкилот хеле наздик аст, бинобар ин роҳи душворро интихоб накунед. Вазъи молиявӣ устувор мемонад ва дар охири ҳафтаи оянда даромади бештар интизор аст. Иммунитетро қавӣ нигоҳ доред ва худро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои дӯст доштан ҳеҷ гоҳ дер нест, аммо баъзан бояд худатон қадами аввалро гузоред. Имрӯз хабарҳои гуногун мешунавед, вале ба ҳар сухан бовар накунед. Эҳтимол дар ҷои кори ҳозира дигар имкони пешрафт надошта бошед ва вақти ҷустуҷӯи имкониятҳои нав расидааст. Пеш аз имзои ҳар гуна ҳуҷҷат шартҳоро бодиққат хонед. Дар ғизохӯрӣ эҳтиёткор бошед, зеро мушкилоти меъда эҳтимол дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсосоти шумо нав мешаванд ва ҳатто эҳтимоли ошиқ шудан вуҷуд дорад. Баъзе нофаҳмиҳои оилавӣ метавонанд муносибатҳоро санҷанд, аммо дар ниҳоят шуморо ба ҳам наздиктар месозанд. Рӯз масъулият ва ақли солимро талаб мекунад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ғизои фоиданок истеъмол намуда, варзиш ва ҳаракати ҷисмониро фаромӯш насозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аксари корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбанд, ҳам дар муносибатҳои шахсӣ ва ҳам дар масъалаҳои муҳим. Танҳо аз суханони зиёдатӣ худдорӣ кунед, то баъд пушаймон нашавед. Агар наздикон фикри шуморо дастгирӣ накунанд, баҳсро зиёд накунед. Нақшаи дақиқ тартиб диҳед, то дар ҳамаи самтҳо натиҷаи хуб ба даст оред. Имкони даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоида меоранд.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар бо шахси дӯстдошта дигар мавзуи умумӣ надошта бошед, шояд вақти аз нав фикр кардани муносибат расидааст. Бо наздикон ошкоро суҳбат кунед, то нофаҳмиҳо калон нашаванд. Сабру устувории шумо ҳатман натиҷа медиҳад ва ба ҳадафҳоятон мерасед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва ба дӯстҳо қарз надиҳед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Барои барқарор кардани нерӯ истироҳат ё сафар ба шумо хеле муфид хоҳад буд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар зиндагии шумо муҳаббати нав пайдо шуданаш мумкин аст, аммо аввал фикр кунед, ки оё барои муносибати ҷиддӣ омодаед ё не. Кинаро дар дил нигоҳ надоред, зеро ҳар як инсон хатогӣ мекунад. Дар ҳаётатон давраи хуб фаро мерасад. Имрӯз беҳтараш худатон мошин наронед, зеро эҳтимоли рух додани ҳодисае дар роҳ вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД