Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтараш ба корҳои шахсӣ машғул шавед. Фикру андешаҳои нав ба шумо роҳнамои хуб мешаванд. Бо атрофиён ором бошед, то нофаҳмӣ сар назанад. Нимаи дуюми рӯз барои фикр кардан дар бораи пулу нақшаҳо мусоид аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва худро зиёд хаста накунед. Шояд як хабар ё пешниҳоде гиред, ки табъатонро болида месозад.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯз ором мегузарад. Дар хона ва кор тавозунро нигоҳ доред. Ба маслиҳати калонсолон гӯш диҳед, фоидааш бисёр аст. Хароҷоти беҳуда накунед, то пушаймон нашавед. Нимаи дуюми рӯз шояд як масъалаи кӯҳнаро бо дӯст ё наздик ҳал кунед. Кӯшиш кунед, ки асабӣ нашавед ва худро ором нигоҳ доред.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз оромӣ барои шумо муҳим аст. Ба корҳои нав шитоб накунед. Дар касбу кор баъзе мушкилиҳо роҳи ҳали худро меёбанд. Зимни гуфтугӯ эҳтиёт шавед, шӯхии ноҷо метавонад нодуруст фаҳмида шавад. Нимаи дуюми рӯз муносибатҳои ошиқона беҳтар мешаванд. Барои тартиб додани нақшаҳои рӯзҳои оянда вақт ҷудо кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи пурэҳсос аст, вале шумо метавонед ҳама чизро назорат кунед. Дар хона оромӣ фаро мерасад ва корҳои қафомондаро анҷом медиҳед. Дар масъалаи пулӣ шитобкорӣ накунед. Аз баҳсҳои бефоида дур бошед. Нимаи рӯз як хабар ё дидори гуворо рӯҳияатонро беҳтар мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз бо кайфияти хуб бедор мешавед. Бисёр корҳо осон иҷро мешаванд. Танҳо дар муошират дағалгуфтор набошед, то наздикон наранҷанд. Дар масъалаҳои молиявӣ пешравӣ эҳтимол аст. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои хона ва харид кардан хуб аст. Ба худ фурсат диҳед, то каме истироҳат кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи серкорӣ, вале бобарор аст. Ба ҷузъиёт диққат диҳед, ин шуморо аз иштибоҳҳо нигоҳ медорад. Агар баҳс сар занад, фикри худро оромона фаҳмонед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои ҳуҷҷатӣ ё нақшакашӣ мувофиқ аст. Хастагиро нодида нагиред, ба саломатӣ бештар диққат диҳед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бояд ором бошед. Ҳар корро бо фикри солим иҷро кунед. Маслиҳати дӯст ё шарик метавонад кори шуморо осон кунад. Дар ҷодаи муҳаббат лаҳзаҳои хуб фаро мерасанд. Хароҷоти беҳуда накунед. Барои истироҳат чанд дақиқа вақт ҷудо кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз фаъол ҳастед, ҳама корро ба осонӣ анҷом медиҳед. Агар шитоб накунед, ҳама коратон барор мегирад. Дар касбу кор пешравӣ эҳсос мешавад. Бо наздикон меҳрубон бошед, имрӯз онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд. Нимаи дуюми рӯз барои нақшаҳои ҷиддӣ беҳтарин аст. Эҳсосотро идора кунед ва ором бошед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯҳияатон баланд аст. Бисёр корҳои қафомондаро иҷро карда метавонед. Аз баҳсҳои беарзиш дурӣ ҷӯед. Вазъи пулиятон ором аст, вале ҳеҷ гоҳ шитобкорона хароҷот накунед. Шом барои дидор ва суҳбати хуб хеле мувофиқ мешавад. Рӯзи пурфайз дар пеш доред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз ҷиддӣ фикр карда, метавонед қарорҳои муҳим қабул кунед. Ба маслиҳати одамони таҷрибадор гӯш диҳед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои хона ва тартиб додани нақшаҳо хуб аст. Ба саломатӣ бештар аҳамият диҳед. Хастагиро зиёд накунед ва ба худ фишор наоред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз фикрҳои тоза ва идеяҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Зимни гуфтугӯ бо атрофиён эҳтиёт кунед, то нофаҳмӣ нашавад. Нимаи дуюми рӯз барои мулоқоти корӣ мувофиқ аст. Пулро боэҳтиёт истифода баред. Ба худ вақт диҳед ва истироҳат кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз бештар асабиву ҳассос мешавед. Дар ягон кор шитобкорӣ накунед ва худро ором созед. Дар касбу кор баъзе масъалаҳо равшан мешаванд. Нимаи рӯз бо шахси наздикатон суҳбат кунед, ин ба шумо нерӯ мебахшад. Хароҷоти беҳуда накунед. Шояд як хабар ё вохӯрӣ рӯҳияатонро хеле беҳтар кунад.