Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона бояд эҳсос кунед, ки бо шахси дӯстдошта як ҷисми комил ҳастед. Агар чунин эҳсос набошад, пас ин танҳо шавқу ҳаваси оддӣ аст. Барои истироҳат вақт ҷудо кунед, бо дӯстон ё хешон вохӯрӣ ороста, суҳбати гарму шод кунед. Ҳуҷҷатҳои муҳимро мутолиа намоед. Дар ояндаи наздик фоидаи хуб интизор аст, вале сармоягузории навро ба таъхир гузоред. Варзиш муфид аст, аммо эҳтиёт кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар зиндагиятон каме беранг шуда бошад, вақти он расидааст, ки истироҳат кунед, ҳатто сайругашт дар боғ ҳам рӯҳияро боло мебарад. Қадаме мегузоред, ки ба оянда таъсири муҳим мерасонад. Бо масъулият кор кунед, муваффақият насибатон мешавад. Аз худтанқидкунӣ даст кашед ва бештар ба варзиш машғул шавед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимоли ошиқ шудан зиёд аст, аммо эҳтиёт бошед, эҳсосот метавонад шуморо саргардон кунад. Аз тарафи дӯстдоштаатон норозигӣ эҳсос мешавад, зеро шумо бештар ба кор машғул ҳастед. Агар зиёд кор кунед, ҳаққи онро талаб намоед. Ба қарзҳоятон диққат диҳед ва нақшаи баргардондани онҳоро тартиб диҳед. Аз хӯрдани зиёдатӣ худдорӣ кунед, мушкилотро бо ғизо ҳал накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар дар ҷустуҷӯи ишқ бошед, каме намуди зоҳирии худро тағйир диҳед ва хатогиҳои гузаштаро такрор накунед. Нақшаҳои калонро ба таъхир гузоред, вазъ метавонад тағйир ёбад. Кори худро дуруст тақсим кунед, то хаста нашавед. Имрӯз хариди калон тавсия намешавад. Аз корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед, бо барқ ва баландӣ эҳтиёткор бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар муносибатҳои ошиқонаатон сард шуда бошанд, беҳтараш гузаштаро фаромӯш карда, ба ояндаи нав роҳ кушоед. Ғаму асабониятро ба наздикон нагузаронед. Имрӯз дар кор эҳтиёт кунед, роҳбар метавонад айб ҷӯяд. Барои амалиёти молиявӣ рӯзи мувофиқ нест. Барои ба даст овардани маблағи хуб бояд каме аз ҳаёти шахсӣ гузашт. Ба саломатӣ ва оромии рӯҳӣ диққат диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибати хуб бо шахси дӯстдошта аз ҳамдигарфаҳмӣ оғоз мешавад, масъалаҳоро якҷо баррасӣ кунед. Маслиҳатҳои шумо ба наздикон муфид мешаванд. Дар касбу кор дар фикри худ бимонед, ба таъсири дигарон дода нашавед. Имрӯз беҳтараш кори нав оғоз накунед, танҳо корҳои рӯзмарраро анҷом диҳед. Дар ҷои кор эҳтиёт кунед, асабониятро идора намоед ва ба саломатӣ диққат диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз имкон доред эҳсосоти худро ба шахси дӯстдошта нишон диҳед. Бо наздикон ошкоро суҳбат кунед, онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Вақти холиро ба тозагӣ ва тартибот ҷудо намоед. Дар кор тағйироти ҷиддӣ нест, аммо ҳамкорӣ бо дигарон кори шуморо осон мекунад. Кӯшиш кунед сабаби рӯҳияи бадро пайдо карда, онро бартараф намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шиносоии нав метавонад дар зиндагии шумо нақши дарозмуддат дошта бошад. Ба хобатон аҳамият диҳед, онҳо ишора доранд. Хонаи худро аз ашёи нолозим тоза кунед. Пешниҳоди ҷолиби корӣ мешавад, аммо пеш аз қабул машварат кунед. Барои устувории молиявӣ сабр лозим аст. Субҳ худро каме бад ҳис мекунед, вале то нисфирӯзӣ беҳтар мешавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Шоми романтикӣ бо дӯстдоштаатон гузаронед. Бо дӯстон ба сафар ё сайругашт бароед, ин рӯҳияро беҳтар мекунад. Эҳтиёт кунед, ки аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна қарорҳои нодуруст мегиред. Ҳоло вақти оғози кори нав ё гирифтани қарз нест. Хастагӣ метавонад рӯҳияи шуморо паст кунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шоми имрӯз барои сайругашти ошиқона хеле мувофиқ аст. Ба суханони наздикон бодиққат гӯш диҳед, то нофаҳмиҳо пешгирӣ шаванд. Дар кор бояд маҳорати худро нишон диҳед ва масъалаҳои ғайричашмдоштро ҳал кунед. Барои баргардондани қарзҳо рӯзи хуб аст. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ ва машқи варзишӣ эҳтиёткор бошед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз вазъияти ғайричашмдошт метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Шомро ба фарзандон бахшед ва ба онҳо маслиҳат диҳед. Вохӯрӣ бо шиноси дерин эҳтимол дорад. Ба хонаи худ диққат диҳед ва чораҳои амниятиро зиёд кунед. Аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед, метавонад ба қомати шумо таъсир расонад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз ҷозибаи шумо хеле баланд мешавад ва барои шиносоии нав рӯзи мувофиқ аст. Давраи хуб оғоз мегардад, агар имкон бошад, ба сафар бароед. Агар роҳбар заҳмати шуморо қадр накунад, масъалаи маошро ба ӯ ишора кунед ё дар фикри кори нав шавед. Аз хариди калон худдорӣ кунед, зеро эҳсосот метавонад шуморо ба харҷи зиёдатӣ водор созад.