Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
1673

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар ҳоло танҳо бошед, эҳтимоли оғози муҳаббати нав вуҷуд дорад. Аммо шитоб накунед ва эҳсосотро бо ақл идора намоед. Имрӯз каме истироҳат кунед, бо наздикон вақт гузаронед ё дӯстона ҷамъомади хурд ташкил намоед. Дар кор имкони гирифтани вазифаи беҳтар пеш меояд, вале масъулият ҳам бештар мешавад. Даромади молиявӣ имкон дорад. Ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед ва агар сигор мекашида бошед, кӯшиш кунед онро кам ё пурра тарк намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз аз баҳсу ҷанҷол бо шахси дӯстдошта худдорӣ кунед, вагарна баъд пушаймон мешавед. Каме истироҳат ва дур шудан аз корҳои хона ба шумо фоида меорад. Дар кор бештар меҳнат намоед, зеро ояндаи касбии шумо аз ин вобаста аст. Барои пешрафти молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Ин рӯз бештар барои оромӣ ва барқарор кардани нерӯ муносиб аст, на барои корҳои вазнин ва масъулиятнок.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Вохӯрии ошиқона метавонад каме ноумедӣ оварад, вале сӯҳбати самимӣ ҳар гуна нофаҳмиро ҳал мекунад. Лаҳзаҳои оддӣ бо оила ва шириниҳои дӯстдошта метавонанд рӯҳияро болида созанд. Ба корҳои муҳим диққат диҳед ва нагузоред дигарон шуморо парешон кунанд. Эҳтимол шахсе ба шумо эрод гирад, аммо ором бошед. Аз машқҳои вазнин ва ҷамъомадҳои серодам худдорӣ намоед, зеро то шом эҳсоси хастагӣ пайдо мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Муносибати нав шояд он қадар ҷиддӣ набошад, ки шумо фикр мекардед. Бо шахси дӯстдошта сӯҳбати муҳим дар пеш аст, бинобар ин аз якравӣ дурӣ ҷӯед ва созишро интихоб намоед. Дар кор агар нақшаҳоро дуруст тартиб диҳед, иҷрои вазифаҳо осонтар мешавад. Барои соҳибкорон давраи муваффақият ва фоида фаро мерасад. Аз баҳсу суханҳои беҳуда дур бошед ва барои мустаҳкам кардани саломатӣ бештар ғамхорӣ кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои шумо рӯзи хушбахтӣ ва пур аз тағйироти мусбат аст. Ба орзуҳои худ бовар кунед, баъзеашон метавонанд амалӣ шаванд. Пеш аз омадани меҳмонон хонаро ба тартиб дароред. Агар мушкилоти кориро сари вақт ҳал намоед, шомро бо оромӣ дар назди оила мегузаронед. Барои сармоягузорӣ рӯзи мувофиқ аст, махсусан агар ба маълумоти боэътимод такя кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз барои муҳаббат, хостгорӣ ва мустаҳкам кардани муносибатҳо хеле мусоид аст. Имкон доред зиндагии худро ба самти беҳтар тағйир диҳед. Барои баррасии масъалаҳои баҳснок соатҳои субҳ мувофиқанд. Дар кор вазъ ором мемонад, аммо эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад, бинобар ин аз баҳс худдорӣ кунед. Соҳибкорон корҳои зиёд хоҳанд дошт. Ба қобилиятҳои худ бовар кунед ва нерӯи худро қадр намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ баъзе нофаҳмиҳо ва сюрпризҳои ногувор имкон доранд. Вохӯриҳои ошиқонаро беҳтараш ба вақти дигар гузаронед. Барои тағйир додани муҳити хона ва нав кардани ороиш имконият ва маблағ пайдо мешавад. Бо вуҷуди нақшаҳои калон, каме вақт барои истироҳат ва шиносоии нав ҷудо кунед. Агар фишори хун баланд бошад, асабониятро кам намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шоми имрӯз метавонад бо мулоқоти романтикӣ хотирмон гардад. Агар муносибати ошиқона нав бошад, имкони беҳтар шинохтани ҳамдигар пайдо мешавад. Оила ва дастгирии наздикон барои шумо қувваи асосӣ мегардад. Корҳои вобаста ба гуфтушунид ва ҳамкорӣ бомуваффақият пеш мераванд. Ҳангоми истифодаи техника ва асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед, то мушкили ногаҳонӣ пеш наояд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҳаёти ошиқонаи шумо баъзе камбудиҳо ҳастанд, ки бояд ислоҳ шаванд. Давраи романтика ва эҳсосоти нав оғоз мегардад. Имрӯз беҳтараш хислати сахтгиронаи худро нишон надиҳед. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб зиракӣ ва сабр лозим мешавад. Агар бо рақибон кор кунед, муваққатан роҳи созишро интихоб намоед. Обрӯи худро эҳтиёт кунед. Барои барқарор кардани нерӯ истироҳат ва сафар ба шумо фоида мерасонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шахсе, ки ба наздикӣ шинос шудед, метавонад танҳо аз шумо манфиат ҷӯяд, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Барои пешгирии мушкилот имрӯз бештар истироҳат кунед ва худро аз корҳои зиёдатӣ дур нигоҳ доред. Дар кор каме саросемагӣ ба вуҷуд меояд, вале вазифаи дигаронро ба дӯш нагиред. Қувва ва вақти шумо бештар ба масъалаҳои молиявӣ сарф мешавад. Рӯз барои рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ хеле мувофиқ аст.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар муносибатҳои ошиқона сард шуда бошанд, худро азоб надиҳед ва гузаштаро раҳо кунед. Нақшаҳои имрӯзаро ҳолатҳои ногаҳонӣ метавонанд тағйир диҳанд. Дар кор имкони нишон додани қобилият ва ба даст овардани пешрафти касбӣ пайдо мешавад. Вазъи молиявӣ низ метавонад беҳтар гардад. Боварӣ ба худ дар қабули қарорҳои дуруст кумак мекунад. Аз кори вазнин ва хастагии зиёд худдорӣ намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз метавонад бо саргузаштҳои ошиқона хотирмон гардад. Дар муносибат бо наздикон сабру таҳаммул нишон диҳед ва аз танқид дурӣ ҷӯед, то фазои хона ором бимонад. Сафар ё сафари хизматӣ барои шумо хеле муфид хоҳад шуд. Шароити кор беҳтар мегардад ва сарборӣ зиёд нахоҳад буд. Агар қарз дошта бошед, вақти хубест барои пардохти он. Ба саломатӣ диққат диҳед, дарди гулӯ метавонад шуморо нороҳат созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД