Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои таҳкими муносибатҳои шахсӣ рӯзи хубу муносиб аст. Кӯшиш кунед, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон паси сар кунед. Бо ҳавову ҳавас ва фиребу найранг кӯшиши сохтани оиларо накунед. Эҳтимол, ҳангоми рондани мошин ҷароҳат мебардоред ва вазъи саломатиатон нохуб мешавад.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз шуморо вохӯриҳои ҷолиб ва рӯйдодҳои гуворо интизор аст. Дар иҷрои корҳои шахсӣ ва тиҷорат фаъол мешавед. Барои зуд ба анҷом расонидани коре шитоб накунед, фурсат фаро расад, он кор худаш ба анҷом мерасад. Бегоҳирӯзӣ кӯшиш кунед, ки ба варзиши сабук машғул шавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз барои анҷом додани коре мушкилӣ пеш меояд. Аз кӯмаки мутахассисон истифода карданро ба шумо тавсия медиҳем. Аз пеши худ ба коре даст назанед. Ба гузаштаи худ назар карда, ба оянда бо назари дигар бингаред. Ба коре маҷбуран даст назанед, зеро вақтро беҳуда талаф медиҳеду халос.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шумо бинобар надоштани эҳсос ба касеву чизе, рӯҳияи худро баланд бардошта наметавонед. Танҳо худро ба коре андармон карда, аз чунин ваъзият раҳо ёфтан мумкин аст. Дар ҷойҳое, ки бо одамон муошират кардан зарур бошад, худро тағйир надиҳед. Ҳамон гунае бошед, ки ҳастед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Кор тамомшавӣ надорад ва шумо ҳар вақти дигар барои ба анҷом расонидани корҳоятон вақт меёбед. Агар ба нафаре ваъда дода бошед, пас вафо карданатон лозим аст. Барои ба ҳадаф расидан дурӯғ нагӯед, зеро он рӯзе фош мешавад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз шуморо гардишҳои ҷолиб ва пешгӯинашавандаи тақдир интизоранд. Агар маблағи кофӣ дошта бошед, як қисмашро масраф кунеду қисми дигарашро захира намоед. Дар ин ҳолат мушкилии молӣ пеш нахоҳад омад. Имрӯз зиёдтар қаҳва нӯшида, асабатонро ором ва рӯҳатонро болида нигоҳ доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз шумо худбовар ва нисбат ба рӯзҳои гузашта дағалтар мешавед. Бо ваҷоҳати имрӯза нафаре аз наздикони худро хафа карда ҳам метавонед. Дар ҷои кор барои анҷом додани баъзе супоришҳо аз маслиҳати мутахассисони варзида наҳаросида истифода баред. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз субҳи шумо бо рӯҳияи болида оғоз мешавад. Оромӣ ва осоиштагии оилаатон кафолат медиҳад, ки ҳар қадар нисбати онҳо хушмуомила бошед, ҳамон андоза аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбед. Кӯшиш кунед, ки ба корҳои ҷиддӣ даст назанед, вагарна анҷом доданашон бароятон душвор мегарданд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар тақдири шумо ҳеҷ тағйироти ҷиддӣ ба назар намерасад. Аз рӯйи хоҳиш амал накунед, вагарна зарар диданатон аз эҳтимол дур нест. Имкониятҳои худро барои боло рафтан дар зинаҳои мансаб самаранок истифода кунед ва худро ҳеҷ гоҳ дар назди касе паст назанед. Даромади иловагиро интизор набошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҷаддиҳои танҳо имкон доранд, ки аз пайи ҷустуҷӯи нафари арзанда шаванд. Нисбати саломатии худ бепарво набошед. Зиёдтар об нӯшед ва сабзавоту меваҷот истеъмол кунед. Дар ин рӯз хароҷоти беҳударо тавсия намедиҳем, зеро то охири моҳ ва гирифтани моҳона ҳанӯз вақти зиёд аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз дар роҳи ишқу муҳаббат сюрпризҳои гуворо шуморо интизоранд. Далвҳои танҳо барои худ ҷуфти муносиб пайдо карда метавонанд. Ба мардум бештар эътимод кунед, ин то як андоза кори шуморо сабук мекунад ва бори вазнин аз дӯши шумо меафтад. Барои пешравии худ монеа эҷод накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ба умеди касе нашуда, худатонро тасаллӣ диҳед ва аз ҳаргуна ҳолатҳои ногувор берун оред. Бо нафароне, ки муддати дароз вонахӯрда будед, имрӯз дидорбинӣ мекунед. Агар нафари пешрафта будан мехоҳед, пас худро таккон бидиҳед ва дар як ҷо қарор нагирифта, ба пеш ҳаракат кунед.