Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ МАРТИ СОЛИ 2026
654

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз муҳаббат ба шумо илҳом мебахшад ва табъатонро болида мекунад. Бо наздикон зуд забон меёбед ва худро дар иҳотаи одамони хуб эҳсос мекунед. Худро зиёд хаста накунед ва кори зиёдатӣ нагиред. Эҳтимол хароҷоти ногаҳонӣ шавад, бинобар ин аз қарз худдорӣ кунед. Қувва доред, аммо ҳатман дам гиред, то хастагӣ ҷамъ нашавад.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар муносибатҳо кушоду ростқавл бошед, ин бовариро зиёд мекунад. Шарики худро ба зӯрӣ тағйир надиҳед, ин ба ҷанҷол меорад. Дар касбу кор нофаҳмиҳо эҳтимол дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Аз кори пешина даромад ба даст меоред. Қувваатон каме паст мешавад, аз корҳои вазнин дурӣ ҷӯед ва бештар истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба садои дили худ бовар кунед, он шуморо аз хатогиҳо нигоҳ медорад. Ба фарзандон ва наздикон бештар вақт диҳед. Рӯз каме ғайриинтизор мегузарад. Аз ҷойҳои серодам дур бошед, то чизеро гум накунед. Имрӯз беҳтараш ором бошед ва қувваро барои рӯзҳои дигар нигоҳ доред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба дӯстдоштаатон озодии бештар диҳед, рашки зиёд муносибатро вайрон мекунад. Камтар ҳарф занед, то баъд пушаймон нашавед. Кӯшиш кунед ором бошед ва корҳоро як-як анҷом диҳед. Агар ба чанд кор якбора даст занед, асабӣ мешавед. Имрӯз каме ғамгин шудан мумкин аст, аммо ин ҳолат зуд мегузарад.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ҷодаи муҳаббат ҷасур бошед. Агар баҳс сар занад, оромона гӯш кунед. Бо роҳбар баҳс накунед. Аз хароҷоти беҳуда ва ҷанҷол бо одамони таъсирнок худдорӣ кунед. Қувваатон каме кам аст, бинобар ин қаҳваро зиёд нанӯшед ва худро эҳтиёт кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз иҷозат диҳед дигарон ҳам ба шумо ғамхорӣ кунанд. Ба кори дигарон дахолат накунед, то мушкил пеш наояд. Ба наздикон меҳру дастгирӣ нишон диҳед. Кори худро бо виҷдон анҷом диҳед, на барои таъриф. Пешниҳодҳои шубҳанокро бодиққат баррасӣ кунед. Рӯз барои машқи сабук ва беҳдошти саломатӣ хеле мувофиқ аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз метавонед бо як кори ҷолиб муносибатҳои ошиқонаро гармтар кунед. Агар касе гуноҳатонро гӯяд, наранҷед, фикр кунед ва хулоса бароред. Барои кор нақша тартиб диҳед. Агар хаста шудед, як қисми корро ба дигарон супоред. Дар истеъмоли ғизо эҳтиёт кунед ва аз ҷанҷолҳо дур бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар бораи муҳаббат ҷиддӣ фикр кунед, мабодо фиреб нахӯред. Эҳтимол касе аз наздикон ба кумаки шумо ниёз дорад. Ба ваъдаҳои холӣ бовар накунед. Корҳои ногаҳонӣ зиёд мешаванд, бинобар ин баъзеи онҳоро ба дигарон супоред. Саломатиро эҳтиёт кунед ва бештар истироҳат намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз имкони шиносоии ошиқона зиёд аст. Бо вуҷуди кӯмаки дигарон, ба худ такя кардан беҳтар аст. Барои шиносоиҳои нав вақти мувофиқ нест. Дар кор эҳтиёткор бошед, то обрӯятон зарар набинад. Даромади ногаҳонӣ эҳтимол дорад. Метавонед худро бо чизи болаззате шод кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба ҳамдигар меҳрубон бошед ва дастгирӣ кунед, ин муносибатҳоро мустаҳкам мекунад.  Сайругашт ё консерт, рӯҳияро болида месозад. Дар касбу кор пешрафт мекунед. Барои ҳал кардани масъалаҳои пулӣ рӯзи хуб аст. Агар худро нотоб ҳис кунед, аз кори вазнин ва нӯшокиҳои қавӣ худдорӣ намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз вақти хуб барои барқарор кардани муносибатҳои ошиқона аст. Ба наздикон кумак кунед, вале худро фаромӯш накунед. Пешниҳодҳои навро бодиққат санҷед, на ҳамаашон фоидаовар аст. Хароҷот мешавад, вале баъдан натиҷа медиҳад. Машқҳои сабук кунед ва худро аз хастагӣ нигоҳ доред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Эҳсосоти худро дар амал нишон диҳед, вале оромона. Дар касбу кор барои ба даст овардани даромад заҳмат кашиданатон лозим мешавад. Пеш аз харид фикр кунед, ки он лозим аст ё не. Бештар об нӯшед ва ғизои солим бихӯред, ин ба саломатӣ фоида меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД