arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
1826

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз танҳо фикри худро карда, манфиати шахсони наздикатонро зери по мекунед. Ба оянда хушбинона назар кунед ва аз амалӣ кардани нақшаҳои бузург наҳаросед. Чанд орзуятон ба наздикӣ ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Нафаронеро пушту паноҳ бошед, ки шуморо дӯст медоранд. Нимаи дуюми рӯз шояд имконияти дидор бо дӯстони дерина пайдо шавад.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ба навгонӣ даст назанед, зеро рӯз барои корҳои нав мусоид нест. Корҳоеро, ки қаблан оғоз карда будед, имрӯз ба итмом расонед, вагарна ҳамин тавр нотамом боқӣ хоҳанд монд. Асабҳои худро каме ором кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед. Имрӯз барои харидҳои ногаҳонӣ мувофиқ нест, зеро хавфи исрофи маблағ ба чизҳои беҳуда вуҷуд дорад. Харидҳои калонро танҳо дар ҳолате анҷом диҳед, ки қаблан ба нақша гирифта бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар паси худ ҳамчун муҳофиз девори сангинро эҳсос мекунед, зеро оилаатон бо шумо ва дар фикри шумо ҳастанд. Дӯстони худро бо пешгӯии ғайричашмдоште ба ҳайрат меоваред. Ҷавзоҳои оиладорро лозим аст, ки дар фикри ҳамсару фарзандонашон бошанд. Шумо бо одамони гуногун ба осонӣ ҳамзабон мешавед ва масъалаҳое, ки пештар баҳс меоварданд, оромона баррасӣ мешаванд. Ҳам дӯстони кӯҳна ва ҳам шиносҳои нав шуморо бо хушнудӣ дастгирӣ мекунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз корҳои ояндаро ба нақша гиред ва барои истироҳат низ ҳатман вақт ҷудо намоед. Шом дар атрофи худ касеро ҷамъ накунед ва кӯшиш кунед, ки тани танҳо бошед. Зиёдтар об бинӯшед. Саратонҳои муҷаррад бояд аз паси пайдо кардани ҷуфти муносиб шаванд. Нимаи дуюми рӯз шуморо хабарҳои хуш интизор аст. Бархе аз намояндагони Саратон аз одамоне паём мегиранд, ки дер боз аз онҳо хабар надоштанд. Шояд имконияте барои аз нав барқарор кардани робитаҳои куҳна пайдо шавад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз имкон доред, то вазъи молиявиатонро аз пештара хубтар кунед. Барои истироҳату фароғат барномаи хубе тартиб доданатон лозим аст. Коратон якранг мегузарад, ки ин шуморо дилгир кардааст. Барои ба кори дигар гузаштан айёми хубу бобарор аст. Баъзеҳо ҳангоми сафар бо шахсони ҷолиб шинос мешаванд ва ҳатто эҳтимоли оғоз шудани муносибатҳои ошиқона вуҷуд дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз оқибати корро фикр накарда, ба нафаре қарз медиҳед. Шом танҳо бошед ва дар оромӣ ба эҳсоси худ гӯш диҳеду дар бораи ояндаатон фикр кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ воҳима карданатон шарт нест. Даромади иловагиро интизор набошед. Шумо ба осонӣ дарк мекунед, ки атрофиён чӣ фикр доранд ва ба кӣ бояд эътимод кард. Эҳтимоли шиносоии ошиқона зиёд аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш кунед. Инсондӯстиатон ба шумо кумак мекунад, то дӯстони нав пайдо кунед. Иҷоза надиҳед, ки наздиконатон аз рӯйи гуфтаи нафари бегона кор кунанд. Имрӯз қарз додану қарз гирифтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Барои харид низ рӯзи бобарор нест. Муошират бо одамоне, ки шуморо дер боз мешиносанд, хурсандӣ меорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои рафъи асабоният имрӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Ҳам ором мешавед ва ҳам фикрҳои ноҷоро аз сар дур мекунед. Вақти он расидааст, ки ба рафторҳои худ аҳамият диҳед ва онҳоро ба танзим дароред. Дар ҳаёти шахсӣ ҳеҷ мушкилие имрӯз шуморо интизор нест, дар ҳарос набошед. Шумо бо осонӣ ҳамфикрон ва ҳамкорон пайдо мекунед ва метавонед дили шарикони навро ба худ ҷалб намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои такмили ихтисос ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи хуб аст. Мушкилоти кориро на бо ҳамкорон, балки худатон ҳал кунед. Барои таъмир ва хариду фурӯши хона рӯзи бобарор аст. Аз ҷиҳати молиявӣ низ рӯз мусоид аст ва даромади ғайриинтизор имкон дорад. Нимаи дуюми рӯз вақти хубест барои истироҳат.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бахт ба рӯйи шумо механдад, онро аз ҳама ҷиҳат истифода баред, то баъдан пушаймон нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад зудтар аз пайи кофтани ҷуфти худ шаванд ва онҳое, ки оиладоранд, ба қадри ҳамсари худ бирасанд. Аз муошират бо наздикон худдорӣ накунед, балки дар ҳама ҳолат дар паҳлуяшон бошед. Шумо ҳатто бо одамоне, ки нав шинос шудаед, ба осонӣ забон меёбед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Саҳари имрӯз метавонад каме душвор оғоз ёбад. Шумо ноором мешавед ва сабабҳои хурд ҳам метавонад шуморо ба изтироб андозад. Хушбахтона, дар паҳлуятон одамоне хоҳанд буд, ки дастгирӣ менамоянд ва кумак мерасонанд. Ҳарчанд бароятон писанд нест, аммо ба харҷи иловагӣ омода бошед. Мушкилии молиявиатон дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро меёбад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар ба суханҳои худ аҳамият диҳед, чанд ҳодисаи ногуворро пешгирӣ карда метавонед. Баъзе чизҳои кӯҳнаро партофта, ба ҷояш чизҳои нав харед. Ин дигаргунӣ ба ҳолати рӯҳиятон таъсир хоҳад расонид. Ҳангоми муомилаву муошират бо нафарони бегона эҳтиёткор бошед. Эҳтимоли пайдоиши дӯстӣ ё муносибати ошиқона вуҷуд дорад, ки ба зудӣ барои шумо муҳим мегардад. Шоми имрӯз бо сюрпризҳо ва эҳтимоли гирифтани туҳфаҳои ғайричашмдошт хотирмон мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД