arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
27.07.2020
Р. Азимӣ
3296

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад. Ба духтур муроҷиат кунед ва дар баробари ин, аз истеъмоли ҳар гуна ғизоҳои тезу шӯр худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатон ба шумо чизе гуфтан мехоҳад, ба ӯ имконият диҳед. Барои ба даст овардани маблағи зарурӣ кӯшиш бояд кард. Дар ҳалли мушкилиҳо бодиққат бошед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз агар аз ӯҳдаи коре набаромадед, бори дигар кӯшиш кунед. Зеро агар муваффақ шавед, аз ин кор маблағи калон ба даст меоред. Дастгирии аҳли оила ва наздикон ба шумо пару бол мебахшад. Агар асабҳоятон хаста шуда бошад, ба сайру гашт ва тамошои ҷойҳои камодам бароед. Беҳуда рашк накунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз аз субҳ муносибататон бо атрофиён хуб ҷараён мегирад. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад, зеро аз боварии шумо баромадан намехоҳад. Худро тамоман хубу бардам ҳис мекунед. Тавсия медиҳем, ки бештар дар ҳавои тоза гашту гузор намоед. Агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, ба қадри имкон ёрӣ расонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳои оиладорро зарур аст, ки дар муносибат бо нафарони бегона боэҳтиёт бошанд, зеро онҳоро хатари сар задани мушкилиҳо дар оила таҳдид мекунад. Барои гузаронидани чорабиниву маъракаҳо рӯзи хуб аст. Аз пайи ба даст овардани даромадаи иловагӣ шавед ва хароҷотро камтар кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз асабҳои худро эҳтиёт кунед, вагарна бемор шуданатон мумкин аст. Бо роҳбарият баҳсу мунозира карда, муносибатҳои худро вайрон накунед, зеро ин барои пешрафти кори шумо халал мерасонад. Дӯстро аз душман фарқ карда, нисбат ба маслиҳатҳои дӯстдоштаатон бепарвогӣ накунед. Даромади пулӣ дар назар аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҷои кор мехоҳанд, ки шуморо ба муноқишае ҳамроҳ кунанд. Ба иғвои ҳамкорон дода нашавед, зеро муноқиша ба шумо умуман рабт надорад. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, имрӯз аз сафар ба ҷойҳои дур худдорӣ намоед. Барои шиносоиҳои нав ва муносибатҳои ошиқона рӯзи хубу бобарор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз корҳоятон барор мегиранд. Кисаҳоятон пури пул мешаванд. Дар ин бора ба касе лаб накушоед. Чашми одамизод сангро ҳам мекафонад. Сири комёбии худро ба ҳар кас нагӯед. Вазъи саломатиатон хуб аст, шуморо ташвиш нахоҳад дод. Бо аҳли оила муноқиша накунед, баръакс барои ёфтани дили эшон ҳар кори лозимаро анҷом диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба саратон мушкилиҳои молиявӣ бор мешаванд. Рӯҳафтода нашавед, ҳамааш бо хубӣ паси сар мешавад. Гузаштаи дурро фаромӯш кунед. Ба баҳсу мунозираи дигарон дахолат карда, вақти худро беҳуда талаф надиҳед. Оби хунук нанӯшед, ба дарди дандон гирифтор шуданатон аз эҳтимол дур нест.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар робита бо шиносҳои нав эҳтиёткор бошед. Дар ин рӯз бештар нафарони бадрафтору дағал ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба онҳо диққат надиҳед. Пеш аз он ки ба нафаре дарди дил кунед, феълу рафтори ӯро хуб омӯзед. Маблағи калонро ҳамроҳатон гирифта нагардед, гум карданатон мумкин аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳар як суханро сад бор андеша карда, баъд ба забон оред, то дӯсти худро душман накунед. Қисми зиёди балоҳое, ки ба сари шумо меоянд, маҳз аз пушти беандешагии шумост. Ба корҳои ночизу назарногир аҳамият дода, асабҳои худро хаста накунед. Рашки беҳуда боис мешавад, ки дӯстонатон аз шумо хафа шаванд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз имконият доред, ки маблағи калони пулӣ ба даст оред. Пас, тавсия медиҳем, ки ин имкониятро самаранок истифода баред. Барои тамошо ва васеъ кардани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи муосид аст. Хабари шунидаатонро овоза накунед, ки ба худатон зарар мерасонаду халос.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯ саломатии худро эҳтиёт карданатон лозим аст. Нафароне, ки бемории дил, нафастангӣ ва қанд дорад, бемориашон эҳтимол хуруҷ мекунад. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аввал онро аз сар то охир фикр карда, ба қарори дуруст оед. Сар-сарӣ кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Ҳутҳои муҷаррад бояд аз паси бахти худ шаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД