Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз табъатон яку якбора нохуш гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз бе ягон сабаб ғаму андӯҳи зиёд ба дилатон роҳ меёбад. Асабониятатон зиёд гашта, одамгурезу дамдузд мешавед. Барои ба худ омадан ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда, маҳси бадан намоед ва дар ҳавои тоза сайругашт кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бо корҳое машғул шавед, ки табъатонро болида сохта тавонанд. Ҳангоми муошират бо атрофиён эҳтиёткор бошеду ботаҳаммул, вагарна нофаҳмиву муноқиша имкон дорад. Сафари берун аз шаҳр вақту қувваи зиёдатонро ишғол мекунад. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқона эҳтимол дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз аз фиребу найранги дӯстонатон огоҳ гашта, азоби рӯҳӣ мекашед. Яку якбора гуноҳи ҳамаро фош насозед, беҳтараш роҳи дигари қасосро ҷӯед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои аҷибу тағйиротҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Аз муносибатҳои ошиқона табъатон болида гашта, ба худ эътимод пайдо мекунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Беҷуръатиятон садди роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз монеаҳои пайдошуда наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона давраи мусоид аст. Эҳтимол, саратонҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Барои саломатӣ рӯзи созгор нест. Табъатон худ ба худ вайрон гашта, асабхаробӣ дар назар аст.
Асад (23 июл-22 август)
Аз субҳи содиқ худро нотоб ҳис карда, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Дар дилатон ҳисси хавотирӣ бештар мегардад, аммо ин хавотириатон беҳуда аст, зеро рӯз барои асадҳо ором аст. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие сар зада, боиси рӯҳафтодагиятон мегардад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи хубест барои пайдо кардани сарчашмаҳои нави даромад. Обрӯву нуфӯзатон нисбатан боло меравад. Бадбахтиҳо аз шумо дур мешаванд. Шахсе кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунад, вале худаш зарар мебинад. Ягона чизе, ки табъатонро хира мегардонад, муноқиша бо яке аз наздиконатон аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз қобилияти ҳозирҷавобӣ ва дар баҳсу мунозираҳо ғолиб омаданатон зиёд мегардад. Меҳру муҳаббататон ба ҳолати рӯҳӣ бетаъсир намемонад. Бо мушкилии фарзандон ва хешовандони бемор машғул шуданатон лозим меояд. Ташвиш накашед, шумо барои ҳама кор вақт пайдо карда метавонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем. Ба маслиҳати дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накарда, дӯстро аз душман фарқ кунед. Асабро эҳтиёт кунед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҷодаи касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон дасисаву фитна рух намедиҳад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафари роҳи дур. Ҳангоми иҷрои корҳои рӯзгор, хусусан, кор бо асбобҳои буррандаву нӯгтез ҳатман эҳтиёткориро пеша намоед. Наздиконатон ба ғамхориву дилсӯзии шумо эҳтиёҷ доранд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз нисбати масъалаҳое, ки бо ҷои коратон алоқамандӣ доранд, эҳтиёткориро пеша намоед. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳамагуна амалиётҳои пурмоҷаро худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ барои рафъ намудани мушкилоти оилавӣ ва рӯзгор қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз рафтори саросемаи шуморо дар мавриди истироҳат кардан, дӯстону наздикон хуш қабул намекунанд. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки дар ҳузурашон худро роҳат ҳис мекунед. Дар сурати бемор шудан, зуд аз пайи табобат шавед, вагарна бемориатон тӯл мекашад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд гашта, аз ӯҳдаи ҳама кор мебароед. Обрӯву мавқеатонро дар байни ҳамкорон мустаҳкам сохта метавонед. Агар муносибататон бо нафаре аз онҳо бад бошад, бо тамоми ҳамкорон робитаатонро қатъ накунед. Нисбати дӯстдоштаатон оқилонаву нозукона рафтор намоед.