Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз қалбатон пур аз эҳсоси ошиқона аст. Барои нафарони танҳо эҳтимоли оғоз шудани муносибати ошиқона хеле зиёд аст. Дар оила бошад, суханҳои дурӯғи шахси бадхоҳ метавонанд нофаҳмӣ эҷод кунанд, бинобар ин шитоб накунед ва беасос касеро маломат накунед. Эҳтиёт бошед, касе метавонад шуморо назди роҳбар ё ҳамкорон бад нишон диҳад. Вазъи молиявӣ беҳтар ё ҳадди ақал устувор мешавад. Имрӯз барои табобат вақти хуб аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз ба шахси дӯстдоштаатон бештар суханҳои хуб гӯед, ин муносибатро гармтар мекунад. Корҳои муҳими худро ба таъхир гузоштан дуруст нест. Рӯзи серташвиш аст, аз шумо зиракиву чолокӣ талаб мешавад. Аз ҷойҳои серодам худро канор гиред. Барои қавӣ кардани масуният танҳо витамин кофӣ нест, ба тарзи зиндагӣ диққат диҳед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Ба зудӣ дар зиндагии шумо шахси хос пайдо мешавад, ки эҳсосоти шуморо мефаҳмад ва қадр мекунад. Эҳтимоли ошиқ шуданатон зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз муносибатҳои оилавӣ бо сабаби рафтори ноҷои яке аз хешовандон каме бад мешаванд. Бо сабр бисёр чизро ба даст меоред, аммо аз ҳамкори ҳасуд эҳтиёт бошед. Барои савдо, таҳсил ва сафар рӯзи мушкил аст. Варзиш ба шумо рӯҳия ва нерӯ мебахшад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои мулоқоти ошиқона мусоид аст. Агар муддатҳо ҷуръат намекардед бо шахси писандатон суҳбат кунед, имрӯз вақти муносиб аст. Дар оила масъулияти бештар ба дӯши шумо меафтад. Ба нерӯи худ бовар карда, эҳсосоти манфиро идора намоед. Хароҷоти зиёд метавонад вазъи молиявиро ларзонад, вале шумо хуб кор карда метавонед. Ба саломатӣ диққат диҳед, шояд вақти муроҷиат ба дандонпизишк расидааст.
Асад (23 июл-22 август)
Агар байни шумо ва ҳамсаратон нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, ин метавонад нишонаи анҷоми муносибат бошад. Ба аҳли оила диққати махсус диҳед, якҷоя вақт гузаронед. Барои расидан ба ҳадаф заҳмат лозим аст, вале натиҷааш шуморо хушҳол мекунад. Аз нишон додани истеъдодҳо натарсед, имкони пешниҳоди кори хуб ҳаст. Шомгоҳон машқи ҷисмонӣ ё сайругашт кунед, то стресс кам ва нерӯ барқарор гардад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи серкорӣ ва пурташвиш аст. Таваҷҷуҳи атрофиён ба шумо зиёд мешавад. Дар оила ё муносибатҳои ошиқона душвориҳо имкон доранд, бояд мавқеи худро ҳимоя кунед. Дар касбу кор бахт бо шумост, заҳматдӯстӣ натиҷаи хуб медиҳад. Вазъи молиявӣ ноустувор аст, аз хароҷоти нолозим худдорӣ намоед. Бекорӣ ба шумо зарар дорад, вақти муносиб барои машқ ва беҳтар кардани саломатӣ фаро расидааст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Агар ба шумову дӯстдоштаатон ҷудоӣ таҳдид кунад, қавӣ бошед ва ноумед нашавед. Давраи шиносоӣ ва вохӯриҳои ошиқона оғоз меёбад. Оиладорон бояд ҳам дӯстону ҳам оиларо фаромӯш накунанд. Дар кор бо такя ба ҳадафҳои шахсӣ натиҷаи хуб ба даст меоред. Вазъи молиявӣ ҳанӯз устувор нест, аз харидҳои ногаҳонӣ дурӣ ҷӯед. Аз хастагии зиёд эҳтиёт кунед, истироҳат барои шумо бисёр муҳим аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз рӯҳияатон ошиқона мешавад. Агар хоҳиши танқиди ҳамсарро дошта бошед, беҳтараш худдорӣ намоед, то баҳс сар назанад. Дар кору молия тағйироти ҷиддӣ нест, метавонед кори худро идома диҳед. Шояд даромади пулиятон зиёд шавад. Нимаи аввали рӯз эҳтимоли хастагӣ ҳаст, аз ҳад зиёд кор накунед ва барои худ вақт ҷудо намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Агар дар ҷустуҷӯи ҳамсафари ҳаётӣ бошед, амалҳоятонро бодиққат тарҳрезӣ кунед. Омадани хешовандони дур ғайричашмдошт мешавад, беҳтараш хонаро омода созед. Ба касбу кор навигарӣ ворид созед. Вазъи молиявӣ беҳтар ё кори муҳим бо муваффақият анҷом меёбад. Дар ҳама чиз меъёрро нигоҳ доред. Дар ин рӯз баъзеҳо бештар дар бораи роҳат ва ояндаи худ фикр мекунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Нерӯятонро ба муносибатҳои бенатиҷаи ошиқона сарф накунед. Рӯзи муҳим барои тағйири фикр ва нақшаҳост. Маслиҳати нодуруст метавонад ба хатогиҳо ва баҳс дар хона оварда расонад. Дар касбу кор муваффақ мешавед, зеро медонед чӣ бароятон муҳим аст. Корҳое, ки диққатнокиро талаб мекунанд, бароятон осон мешаванд. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Каме истироҳат кунед, ҳатто шикастани парҳез имрӯз иҷозат аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз шиносоии нав эҳтимол дорад, бо нафаре аз доираи наздикон робитаатон наздик мешавад. Ба масъалаҳои молиявӣ ҷиддӣ муносибат кунед ва бо кӯдакон бо оромӣ суҳбат намоед. Идеяҳоятон бо шавқ қабул мешаванд, аз ибрози андеша натарсед. Дар масъалаҳои пулӣ бо каллаи худ кор кунед. Аз стресс дурӣ ҷӯед ва роҳҳои оромишро пайдо кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шояд барои бо шахси азизатон вохӯрдан аз баҳри баъзе чизҳо гузаред, вале натиҷа шуморо қаноатманд мекунад. Агар оиладор бошед, ба ишқбозӣ роҳ надиҳед, оромии оилавӣ муҳимтар аст. Шахси калонсоле метавонад шуморо дастгирӣ кунад, вале обрӯятонро ҳифз намоед. Вазъи молиявӣ муваққатан маҳдуд мегардад, хароҷотро кам кунед. Агар ба ҳама чиз бо нигоҳи манфӣ нигоҳ кунед, вазъи саломатӣ бад мешавад, бештар ба ҷиҳатҳои хуби зиндагӣ диққат диҳед.