Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо ба ҳамалҳо тавсия медиҳанд, ки фикри дигаронро ҳам гӯш кунанд ва баъзеи онҳоро ба назар бигиранд. Аз нӯшидани қаҳва муваққатан худдорӣ намуда, зиёдтар об нӯшед. Баъзе дӯстон имрӯз аз бовариатон мебароянд. Ин сабаб мешавад, ки дар оянда дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз аз наздикони худ тамоман дур бошед, зеро онҳо бо муноқишаҳояшон шуморо асабиву ошуфтахотир мекунанд. Ба ҳар ҳол, таҳаммулпазир бошед. Барои барқарор кардани баъзе муносибатҳо рӯзи муносиб аст. Барои ҳалли баъзе аз мушкилиҳои муҳим фурсат пайдо карда наметавонед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз барои бастани шартнома ва ба даст овардани натиҷаи хуб рӯзи бобарор аст. Бо дӯстони пешина тамос нагиред ва вохӯриҳои имрӯзаро низ ба таъхир гузоред. Ба гузаштаи худ нигоҳ накунед. Танҳо дар фикри оянда бошед ва ба пеш ҳаракат кунед, то ба мақсади ниҳоии худ бирасед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шумо пурра хушбахт буда наметавонед. Гуфтушунидҳои ҷолиб шуморо интизоранд ва эҳтимол, натиҷаи хуб низ ба даст оварда метавонед. Дар ин рӯз наздикони худро хушбахт кунед, то он ҳад, ки хонаатон аз садои хандаи тифлонатон пур шавад. Шом омадани меҳмон дар назар аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ситораҳо ба асадҳо тавсия медиҳанд, ки дар байни ҷамъият бошанд ва бо дигарон ҳамкориро фаъолона ба роҳ монанд. Бо наздикони худ ҷанҷолу хархаша карда, аламашонро дучанд накунед, онҳо бе ин ҳам ғамгин ҳастанд. Оромиро ихтиёр кунед ва асабатонро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз гуфтушунидҳо хуб мегузаранд ва натиҷаи дилхоҳатонро ба осонӣ ба даст меоред. Бо дӯстони пешинаатон вохӯрда, сари як пиёла чой суҳбат кунед ва аз онҳо маслиҳатҳои муфиду даркорӣ гиред. Мувозиби ҳар калимае бошед, ки аз даҳонатон мебарояд. Ба ҳар яки онҳо шумо ҷавобгар ҳастед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз худатон тани танҳо ба муқобили кулли душманонатон ҷангида наметавонед. Барои шумо ин каме душвор аст. Ба худтаърифкунӣ сар накунед, ин ба фоидаи кор нахоҳад буд. Аз чизҳое истифода кунед, ки рангҳои дурахшону ба чашм аён дошта бошанд. Ба эҳсосот дода нашавед ва худро ба даст гиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо ҳақ надоред, ки истироҳат кунед, зеро хавфи аз даст додани тиҷорат вуҷуд дорад. Фаромӯш накунед, ки танга ду тараф дорад. Яъне, ҳар корро аз ду паҳлӯ дида баромадан даркор аст. Дар интихоби дӯстонатон боэҳтиёт бошед, то дар ҳама ҳолат ба онҳо бо тамоми ҳастӣ бовар карда тавонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар ҷойи коратон шуморо дашном медиҳанд, аммо ба ин чашм напӯшед. Роҳбарият бояд саъйу кӯшиши шуморо ба назар бигиранд. Шумо низ бори дигар нуқтаи назари худро ба самти дуруст равона кунед ва пушаймон нахоҳед шуд. Ба ёд оред, ки киро хафа карда будед ва аз ӯ узр пурсида, сабук мешавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки давраи шукуфоии шумо фаро расидаву ҳама соҳаҳои ҳаётатон рангоранг мешаванд. Новобаста аз он ки шумо мехоҳед ё на, ин суханҳо диққати шуморо ҷалб хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки намунаи ибрати дигарон бошед, то онҳо ба шумо пайравӣ кунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз дар ҷойи коратон мушкилоти ғайричашмдошт ба миён меоянд. Барои рафъи мушкилиҳои пешомада аз кӯмаки ёру дӯстон ва наздикон истифода кунед. Дар байни ҳамкорон эҳтиёткор бошед. Қисме аз онҳо бо шумо мефахранду қисми дигарашон ба шумо ҳасад бурда, сояатонро аз девор метарошанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз рӯйдодҳои гуногун зиёд рух медиҳанд, ки аксари онҳо шуморо ба ҳайрат меоранд. Ниқобатонро аз рӯятон гиред ва бо ҳама якранг бошед. Танҳо ба нафарони наздики худ эътимод кунеду халос. Агар пулҳои худро пинҳон кардан мехоҳед, беҳтараш онҳоро дар бонк гузоред.