Ҳамал
Субҳи имрӯз бо табъи болида бедор шуда, тамоми рӯзро хушнудона гузаронидан мехоҳед, вале камбудиҳои рӯзгор ва воқеаҳои зиёди ногаҳонӣ садди роҳи амалӣ сохтани нақшаҳоятон мегарданд. Бонувон хабари хуш ё аз шахси наздики худ туҳфа мегиранд. Хобатон баъди як ҳафта амалӣ мегардад. Дар хоб дидани туман ва дуд фоли бад аст.
Савр
Барои сафару саёҳат, сайругашт, истироҳат рӯзи мусоид аст. Нимаи аввали рӯз бонувон бо шахси аҷибе шинос мешаванд, ки тамоми вақту диққаташонро ҷалб месозад. Мардҳо бо нафаре аз наздикон муноқиша мекунанд. Агар нисбати дӯстдоштаи худ дағалӣ кунед, худатон азоби руҳӣ мекашед.
Ҷавзо
Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Бо сабаби хариди бобарор ё бурди тасодуфӣ вазъи молиявиатон беҳтар мегардад. Фиреб хӯрдану ба доми макру фиреб афтидан ва хиёнати дӯстатон имкон дорад. Саховатмандии худро ба дӯстдоштаатон нишон диҳед, меҳру муҳаббаташ бештар мегардад.
Саратон
Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, аз ҷароҳату лат хӯрдан эҳтиёт шуданашон лозим аст. Дар ҳаёти шахсӣ ҳодисаи ногуворе рух медиҳад, ки на танҳо шумо, балки наздикони шахси дӯстдоштаатон ба моҷаро ҷалб мегарданд. Барои рафъи мушкилиҳои рӯзгор рӯихати хароҷот ва даромади оиларо тартиб диҳед.
Асад
Заҳматписандӣ ва кӯшишу ғайрататон самараи нек медиҳад. Аз маслиҳат, кӯмак ва дастгирии наздикон рӯ натобед, таъсири нафарони некхоҳ шуморо аз роҳи ғалат мегардонад. Нафароне, ки нияти ба сафар баромаданро доранд, бояд мушкилиҳои молиявии худро рафъ намоянд. Агар бегоҳирӯзӣ худро нотоб ҳис кунед, дарҳол аз пайи табобат шавед.
Сунбула
Дар ин рӯз кору ташвишатон хеле зиёд мегардад. Қисми зиёди рӯзро дар нақлиёт гузаронида, мағозаву бозоргардӣ карда, бо наздикон дар робита мешавед. Хушбахтона тамоми заҳматҳоятон натиҷаи нек медиҳад. Эҳтимоли ошиқ шудани сунбулаҳои муҷаррад вуҷуд дорад. Муҳаббати асил ва бахти худро аз даст надиҳед.
Мизон
Эҳтимоли фиреб хӯрдану хиёнат аз ҷониби дӯстатон имкон дорад. Асабатон чунон хароб мегардад, ки зарараш ба касбу коратон расида хастагиро эҳсос мекунед. Бепарвоӣ ба мушкилоти рӯзгор ва сарфи беҳудаи пул боиси ранҷиши ҳамсафари ҳаётиятон мегардад. Агар рафтори худро тағйир надиҳед, байнатон дилсардӣ пайдо мешавад.
Ақраб
Зарари рӯзҳои пешин имрӯз ба корҳоятон таъсири худро мерасонад. Сабаби ташвиши шумо мушкилоти фарзандон ва норасоии маблағ мегардад. Таҳти таъсири нафаре қарор гирифтанатон имкон дорад, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳад. Фаромӯш насозед, ки дари дили худро боз намуда, шуморо лозим меояд, ки ҳамёнатонро низ боз намоед.
Қавс
Рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ, амалӣ шудани орзуҳо ё шунидани хабари хуши ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳангоми иҷрои коре ба имкониятҳои худ такя намоед. Иваз кардани ҷойи зистро маслиҳат намедиҳем. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ маҳсулотеро истеъмол намоед, ки аз калсий ва фосфор ғанӣ бошанд.
Ҷаддӣ
Рӯзи орому беташвише шуморо интизор аст. Ҳатто дар хона душворие сади роҳатон намегардад. Дар ҳаёти шахсӣ зудранҷ ва нозук нашавед. Барои ба даст овардани қалби шахси дӯстдоштаатон ҷиҳатҳои хуби хислататонро нишон диҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.
Далв
Дар ин рӯз пулҳои худро баҳудаву беҳуда сарф накунед. Наздикони худро бо туҳфа шод карданатон хуб аст, вале қаблан ба нархи он назар кунед. Баъзе далвҳо аз шунидани он ки дар оилаашон сафи фарзандон зиёд мегардад, шод мегарданд. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҳашарот аз бемор шудани яке аз шиносҳоятон дарак медиҳад.
Ҳут
Тамоми фикру андешаи шумо имрӯз ба мушкилиҳои рӯзгор равона мегардад. Корҳои ҷисмонӣ ба фоидаи шумост, вале эҳтиёткориро пеша намоед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре шинос шуда ошиқ мешавед ва ин муҳаббат умре дар дилатон нақш мемонад. Барои хариди калон рӯзи бобарор аст. Дар соҳили дарё истироҳат кардан хастагиятонро рафъ месозад.