Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз муҳаббататон қавӣ мегардад, вале эҳтиёт шавед, ки эҳсосот ба қарорҳои шитобкорона набарад. Агар муносибати устувори ошиқона дошта бошед, онро бо меҳру муҳаббат фаро гиред. Дар масъалаҳои корӣ ва эҷодӣ пешравӣ эҳсос мешавад. Аз гирифтани қарз, имзои ҳуҷҷат ё сарф кардани маблағи калон худдорӣ кунед. Рӯз барои ташхиси бемориҳо мувофиқ нест. Шомро бо оромӣ, мусиқӣ ё хоб гузаронед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳсосотатон ноустувор аст, вале ин танҳо муваққатист. Кӯшиш кунед бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон баҳс накунед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт шавед, ҳар қарорро бо андеша қабул кунед. Барои корҳои нав шитоб накунед, фурсат ҳанӯз зиёд аст. Баъди нисфирӯзӣ беҳтараш дам гиред ва аз серкорӣ худдорӣ намоед. Саломатӣ хуб аст, вале парҳезро риоя кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯз пуртазод мегузарад: эҳсосоти қавӣ, вохӯриҳои ногаҳонӣ ва фикрҳои зиёд. Эҳтимол рашк ё нофаҳмӣ муносибати ошиқонаатонро сард намояд. Дар корҳои молиявӣ бодиққат бошед, ҳуҷҷатҳоро ду бор хонед. Имкони гирифтани маблағи хурд вуҷуд дорад. Саломатӣ каме заиф мешавад, аз шамолхӯрӣ ва хунукӣ эҳтиёт кунед. Шомро бо оромӣ ва суҳбати самимӣ сипарӣ намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз натиҷаи заҳмати рӯзҳои гузаштаатонро мебинед. Дар муҳаббат эҳсоси самимият бештар мегардад, вале аз рашки беҳуда худдорӣ намоед. Дар кор ё хона қувваи зиёд сарф мекунед, аммо натиҷа хуб хоҳад шуд. Шояд пешниҳод ё имкони иловагӣ гиред. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, каме дам гиред. Шомро дар ҳалқаи наздикон гузаронед, то рӯҳияатон беҳтар гардад.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи пуркор аст, вале натиҷа мусбат хоҳад буд. Бо наздикон ва ҳамкорон эҳтиёткор бошед, баҳс накунед. Нафаре метавонад ба шумо маслиҳати фоиданок диҳад, гӯш кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ фирефта нашавед. Бегоҳ бо дӯстони кӯҳна вохӯрӣ ё сӯҳбати самимӣ рӯҳбаланд мекунад. Варзиши сабук ва хӯроки сабзавотӣ саломатиро беҳтар месозад. Шомро дар муҳити ором гузаронед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз оромиву сабр калиди муваффақият аст. Ба ҳамсар ё дӯстдоштаатон фурсат диҳе, назорат ва фишор муносибатро вайрон мекунад. Дар ҷои кор бо роҳбар ё ҳамкорон ихтилоф пеш наоред. Натиҷаи заҳматҳоятон ба зудӣ самар медиҳад. Дар масъалаи пул эҳтиёт шавед, вале хавотир нашавед, фоида меёбед. Саломатӣ хуб аст, вале аз стресс дурӣ ҷӯед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз табъи шумо тағйирпазир аст, як лаҳза ханда, баъд хомӯшӣ. Кӯшиш кунед, ки асабонӣ нашавед, то муҳити хона ноором нашавад. Дар кор имкони пешравӣ ҳаст, агар бо оромӣ амал кунед. Аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Рӯз барои шурӯи корҳои нав ё сӯҳбати ҷиддӣ мусоид аст. Барои саломатӣ каме истироҳат ва сайругашти сабук муфид аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳсосоти шумо қавӣ мешавад, вале кӯшиш кунед назоратро аз даст надиҳед. Бо наздикон самимӣ бошед, муҳаббат бармегардад. Дар масоили молиявӣ эҳтиёт шавед, бахт на ҳамеша ёр аст. Аз хастагӣ ва кори зиёдатӣ худдорӣ кунед, миён ва гарданатон нозуканд. Агар имкон бошад, ба сайругашт ё кори дӯстдошта машғул шавед. Оромӣ ва ханда фоида меоранд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз вақти фикр ва тағйирот аст. Агар муносибати ошиқонаатон сард шуда бошад, роҳи нав ё гуфтугӯи самимӣ пайдо кунед. Имкони шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Дар кор пешрафт эҳсос мешавад, вале аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Барои саломатӣ машқи сабук ё роҳравӣ муфид аст. Дар шом бо дӯстони наздик вомехӯред ва рӯҳбаланд мешавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзи пурмасъулият аст, вале сабру хирад шуморо муҳофизат мекунад. Бо дӯстдоштаатон нофаҳмӣ пеш меояд, вале бо сухани нарм ҳама чиз ҳал мешавад. Дар масоили молиявӣ эҳтиёт шавед, маблағро беҳуда сарф накунед. Корҳоятон натиҷа медиҳанд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, аз хастагӣ ва асабоният парҳез намоед. Шомро бо оромӣ гузаронед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз беҳтараш камтар баҳс кунед, гуфтугӯҳои шадид фоида намеоранд. Дар кор эҳтиёт шавед, ҳар қадамро бо фикр гузоред. Имкон дорад хабар ё пешниҳоде гиред, ки рӯҳбаландатон кунад. Барои саломатӣ машқи сабук, хӯроки гарм ва оромӣ муҳим аст. Аз сардӣ ва шамолхӯрӣ эҳтиёт намоед. Ором бошед, натиҷаҳои хуб дар пешанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсосотатон қавӣ мешавад, муҳаббат ва нофаҳмӣ якҷо меоянд. Кӯшиш кунед, ки ба ваъдаҳои калон бовар накунед. Дар кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад, вале бо мулоимӣ ҳал мешавад. Аз сарфу хароҷоти нолозим худдорӣ кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, оромӣ ва хоб калиди нерӯ аст. Шомро бо коре гузаронед, ки дилатон мехоҳад.