Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои корҳои дастаҷамъӣ ва анҷом додани корҳои хона рӯзи хуб аст. Шумо нерӯ ва ғайрати зиёд доред ва метавонед мушкилиҳоро осон ҳал намоед. Аммо эҳсосот метавонад бар ақл ғолиб ояд, бинобар ин аз баҳс бо ҳамкорон ва роҳбарият худдорӣ кунед. Дар баъзе ҳолатҳо лозим меояд, ки рафтори худро ба вазъият мутобиқ созед. Ба саломатӣ диққат диҳед ва миёни кору истироҳат тавозун нигоҳ доред.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳои хурд пеш омада метавонанд, вале онҳо зуд мегузаранд. Нимаи дуюми рӯз вазъият беҳтар мешавад, гарчанде корҳои хона ва хароҷоти ғайричашмдошт вақти шуморо мегиранд. Сабр ва устуворӣ имрӯз барои шумо бисёр муҳим аст. Эҳтимол пешниҳоди муфид ё имконияти нави корӣ пайдо шавад. Барои нигоҳ доштани нерӯ, ба ғизои солим ва хоби кофӣ аҳамият диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз беҳтараш баъзе муносибатҳо ё нақшаҳои шахсии худро ба дигарон ошкор насозед. Барои оғоз ё анҷоми корҳои муҳим рӯзи мусоид аст. Кӯшиш накунед, ки ҳамзамон чанд корро иҷро кунед, зеро ин боиси парешонӣ мегардад. Муошират бо одамони фаъолу муваффақ ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад. Барои беҳтар шудани саломатӣ ва вазн, бештар ба ғизои сабзавотӣ таваҷҷуҳ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯйдодҳои имрӯз метавонанд ба зиндагии шумо таъсири ҷиддӣ расонанд. Эҳтимол бо шахси муҳим вохӯред ё муносибатҳои ошиқонаатон ҷиддитар шаванд. Дар кор қоидаҳоро ҳатман риоя кунед, зеро беэҳтиётӣ метавонад мушкил эҷод кунад. Аз ҷанҷол бо ҳамкорон дурӣ ҷӯед ва асабатонро ором нигоҳ доред. Тағйири муҳити хона ё ҷойивазкунии мебел метавонад ба шумо ҳисси хуб бахшад.
Асад (23 июл-22 август)
Сардии шахси дӯстдошта шояд танҳо зоҳирӣ бошад, бинобар ин аз ҳад зиёд ташвиш накашед. Нимаи аввали рӯз каме ноором мегузарад, зеро эҳсосоти зиёд ба шумо таъсир мерасонанд. Кӯшиш кунед масъулиятҳоро камтар кунед, аммо имкониятҳои хубро аз даст надиҳед. Беҳтараш ҳоло ташаббуси калон нишон надиҳед ва бигзор корҳо табиӣ пеш раванд. Оромии рӯҳӣ ба шумо кумак мекунад, ки роҳи дурусти расидан ба ҳадафҳоро пайдо намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шом имкони шиносоии ошиқона зиёд аст, бинобар ин дар хона нашинед. Атрофиён нисбат ба шумо меҳрубону ғамхор мешаванд, вале баъзан ин таваҷҷуҳ шуморо хаста мекунад. Барои оғоз кардани лоиҳаҳои калон рӯзи муносиб аст, муваффақият насибатон мешавад. Барои харидани мебел ё техникаи рӯзгор низ вақти хуб аст. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз аз ишқбозии беҳуда худдорӣ кунед, зеро эҳсосоти зудгузар баъдтар шуморо дилгир месозад. Ба масъалаҳои шахсӣ ва оилавӣ бештар диққат диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, саросема харҷ накунед. Оромӣ ва фикрронии дуруст ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар баҳсҳои корӣ мавқеи худро ҳифз намоед. Тағйироти муҳим дар зиндагӣ ба наздикӣ оғоз мешаванд, бинобар ин ҳоло қарорҳои ҷиддӣ қабул накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Эҳтимол ба як маҳфил ё чорабинӣ даъват шавед, рад накунед, зеро имкони вохӯрии муҳими ошиқона вуҷуд дорад. Аммо шубҳа ва рашк метавонад оромии шуморо халалдор созад. Дар кор аз шумо дониш ва малакаи нав талаб мешавад, пас имкониятҳоро аз даст надиҳед. Дар масъалаи пулӣ исрофкор набошед. Барои барқарор кардани нерӯ бештар истироҳат кунед ва ғизои солим истеъмол намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз метавонед бо ҷасорат қарор қабул кунед ва диққати дигаронро ба худ ҷалб намоед. Муошират бо наздикон ба шумо нерӯи мусбат мебахшад. Нимаи аввали рӯз барои корҳои муштарак ва муроҷиат ба идораҳо мувофиқ аст. Масъалаҳои молиявӣ хуб пеш мераванд. Аммо барои корҳои хеле ҷиддӣ ё хатарнок шитоб накунед. Агар мушкили саломатӣ, махсусан дарди буғумҳо дошта бошед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар муносибатҳои ошиқона каме оромӣ эҳсос мешавад, вале ин муваққатист. Имрӯз барои муошират ва забон ёфтан бо одамони гуногун рӯзи хуб аст. Ба масъалаҳои молиявӣ бодиққат муносибат кунед, то хароҷоти нолозим пеш наояд. Ҳангоми шиносоӣ бо одамони ношинос эҳтиёткор бошед. Барои соҳибкорон муҳим аст, ки ҳуҷҷатҳоро бодиққат тафтиш кунанд. Ба саломатӣ аҳамият дода, истироҳати кофӣ намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Қарорҳои шитобкорона дар муҳаббат метавонанд боиси пушаймонӣ шаванд. Пеш аз ҳар сухан ё амал каме андеша кунед, то касеро ранҷонед. Имрӯз барои иштирок дар семинарҳо ва омӯзишҳо рӯзи муносиб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо мешавад, вале пеш аз қарор қабул кардан ҳама чизро бодиққат омӯзед. Ғизои сабук ва машқи ҷисмонӣ ба саломатии шумо фоида меорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Ба дӯстдоштаатон бештар меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳ нишон диҳед. Имрӯз барои обод кардани хона ва тағйири муҳит рӯзи хеле хуб аст. Шумо рӯҳияи болида доред ва ҳамин ба шумо кумак мекунад, ки мушкилҳоро осон ҳал намоед. Кӯшиш кунед аз ташаббусҳои шитобкорона худдорӣ намоед ва корҳоро тадриҷан анҷом диҳед. Имкони пайдо кардани манбаи иловагии даромад вуҷуд дорад. Барои оромии равонӣ, ҳудуди шахсии худро ҳифз кунед.