Gazrpom april 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1752

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибат бо наздикон нофаҳмиҳо ва нобоварӣ эҳтимол дорад. Барои нигоҳ доштани оромӣ сабр ва таҳаммулро фаромӯш накунед. Пеш аз қабули ҳар қарор, ду бор андеша намоед. Зеҳнатон имкон медиҳад, ки мушкилотро ба осонӣ дарк ва ҳал кунед. Хабарҳои ғайричашмдошт ва хароҷоти ногаҳонӣ мумкин аст рӯй диҳанд. Парҳези сабук ва машқи ҷисмонӣ дар мубориза бо вазни зиёдатӣ кумак мекунанд.

Савр (21 апрел-21 май)

Саёҳат бо шахси дӯстдоштаатон метавонад равобити ошиқонаро мустаҳкам созад. Аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед, фазои ором барои шумо муҳим аст. Ба иҷрои нақшаҳои қадима машғул шавед, лоиҳаҳои навро дертар оғоз кунед. Фурсат барои даромади осон пайдо мешавад, вале корҳои асосиро сарфи назар накунед. Энергияро сарфа кунед ва баҳсҳоро канор бигузоред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба атрофиёни худ бештар таваҷҷуҳ намоед. Романтика дар муҳити хона муҳим аст. Имрӯз шояд бо коре машғул шавед, ки писандатон нест, вале натиҷааш хуб хоҳад буд. Мушкилиҳои молиявӣ метавонанд ба фоидаи шумо ҳал шаванд. Барои нигоҳ доштани саломатӣ, намуди нави варзишро санҷед, шиноварӣ ё йога метавонад барои шумо фоиданок бошад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз вақти хубест барои бо дӯстдоштаи худ вақт гузаронидан. Агар шумо боре ҳамроҳ ба саёҳат нарафта бошед ё боре туҳфа нагирифта бошед, вақте расидааст, ки дӯстдоштаи худро шод кунед. Агар беморие шуморо нигарон карда бошад, ба духтур муроҷиат кунед. Барои расидан ба мақсад, рӯҳафтода нашавед, иродаи қавӣ шуморо ба муваффақият мерасонад.

Асад (23 июл-23 август)

Шумо имрӯз дар маркази диққат хоҳед буд. Аммо шонси вохӯрӣ бо шахси табъи дилатон кам аст. Дар хона аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед, то рӯҳи хонавода хуб нигоҳ дошта шавад. Мулоқотҳои расмӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба хубӣ анҷом меёбанд. Назари дигаронро эҳтиром кунед. Эҳтиёт шавед, эҳтимоли чарх задани сар вуҷуд дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Эҳсосот ва суханони худро зери назорат гиред. Як сухани нодуруст метавонад ба низоъ бо шарики зиндагӣ оварда расонад. Мушкилиҳои пулӣ сабаби нофаҳмӣ мешаванд. Эҳтимоли баҳс дар ҷои кор низ вуҷуд дорад. Ба корҳои хона диққат диҳед. Аз машварати одамони ношинос парҳез кунед ва саломатии худро эҳтиёт намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз нишон додани ҷуръат наҳаросед. Агар дар муносибатҳои ошиқона чизе шуморо нороҳат мекунад, ошкоро ба дӯстдоштаатон бигӯед. Барои корҳои таъмиру харид рӯзи мувофиқ нест. Имрӯз метавонед қобилият ва масъулиятшиносии худро нишон диҳед. Аз корҳои хатарнок канораҷӯӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо имрӯз ҷаззобу дилрабо ҳастед. Аммо эҳтиёт кунед, шояд нафаре шуморо ба ёди гузашта андозад. Фаромӯшхотирӣ метавонад дар иҷрои корҳои ҳаррӯза халал ворид созад. Рӯз барои танҳоӣ ва истироҳат мувофиқ аст. Пулҳои худро ба касе бовар накунед. Барои мағозаву бозорравӣ рӯзи мусоид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат хеле меҳрубон мешавед. Мехоҳед дӯстдоштаи худро шоду масрур намоед. Дар касбу кор низ ба муваффақият мерасед. Обрӯятон дар муҳити корӣ ва шахсӣ боло меравад. Барои саломатӣ ва беҳтар гаштани ҳолати равонӣ бо йога ё машқи бадан машғул шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дӯстдошта дошта бошед, оиладор шуданатон эҳтимол дорад. Бо рафтори нек ва масъулиятшиносӣ эҳтироми атрофиёнро ба даст меоред. Дар одамони ношинос сифатҳои ҷолиб хоҳед ёфт. Мушкилиҳои корӣ тадриҷан рафъ мешаванд. Ба хӯроки худ диққат диҳед, намаку қаланфурро зиёд истеъмол накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар дар ҷустуҷӯи муҳаббат бошед, то ҳол иқдоме накунед, фурсат ҳанӯз нарасидааст. Дар фазои хона нороҳатӣ имконпазир аст. Аз кори якранг дилтанг шудаед, бояд истироҳат кунед. Агар кор шуморо дилгир кардааст, шояд замони тағйири касб фаро расидааст. Идеяҳои нав метавонанд муваффақ шаванд, аммо бе шитоб амал кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон меҳрубонӣ ва қадрдонӣ ҳис мекунед. Бекор нанишинед, ба дӯстдоштаатон бо муҳаббат посух диҳед. Барои дифои манфиатҳои шахсӣ устувор бошед. Роҳу усулҳои кӯҳна дигар натиҷа намедиҳанд, ба навоварӣ рӯ биёред. Аз чизҳои нолозим халос шавед. Агар дарди буғум эҳсос шавад, истироҳати ҷисмонӣ зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД