Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз имкони хуб доред, ки истеъдоди худро ба дигарон нишон диҳед. Ҷаззобиятатон афзуда, таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед. Дар кор роҳбар метавонад ба шумо вазифаи муҳим бовар кунад, бинобар ин масъулиятшинос бошед. Харидҳо бобарор мешаванд, аммо пулро беҳуда сарф накунед. Барои ором кардани эҳсосот ба эҷод ё машғулияти дӯстдошта рӯ оваред.
Савр (21 апрел-21 май)
Рӯз барои мулоқот ва тақвияти муносибатҳои ошиқона хеле мусоид аст. Агар интизори қадами аввал аз ҷониби касе бошед, беҳтараш худатон ташаббус нишон диҳед. Дар кор фикру зеҳнатон фаъол шуда, метавонед идеяҳои нав пешниҳод кунед. Сирҳои молиявиро ба ҳар кас бовар накунед. Варзиш кунед, вале худро аз ҳад зиёд хаста насозед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз шиносоии муҳим метавонад ба зиндагии шумо таъсири ҷиддӣ расонад. Муносибат бо атрофиён осон мешавад, агар боэҳтиром ва бодиққат бошед. Дар кор, махсусан дар корҳои дастаҷамъона, натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Аммо муоширати зиёдатиро кам кунед. Ба ғизо диққат диҳед — эҳтимоли мушкили меъда вуҷуд дорад.
Саратон (22 июн-23 июл)
Рӯзи хуб барои истироҳат ва мулоқоти ошиқона аст. Шумо бо суханҳои ҷолиб ва рафтори зебо диққати дигаронро ҷалб мекунед. Ба фарзандон ва наздикон бештар вақт ҷудо намоед. Гарчанде серкор мешавед, худро боэътимод ҳис мекунед. Имкони ба даст овардани даромади иловагӣ низ ҳаст. Каме ҳаракати ҷисмонӣ ба саломатӣ фоида меорад.
Асад (24 июл-23 август)
Имрӯз ба намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед, ин ба шумо боварии бештар мебахшад. Рӯзи пур аз вохӯриҳо ва дидорбинӣ мешавад. Шумо илҳоми эҷодӣ доред, вале дар кор на ҳама кӯшишҳо натиҷа медиҳанд. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед. Эҳтимоли мушкилоти молиявӣ ва меъда вуҷуд дорад, бинобар ин эҳтиёткор бошед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ба ваъдаҳои зебои шиносҳои нав бовар накунед. Агар воқеъбин бошед, аз ноумедӣ дур мемонед. Имрӯз муваффақият насиби онҳое мешавад, ки бо ирода ба пеш мераванд. Кӯшиш кунед фикрҳои манфиро канор гузошта, фаъол бошед. Дар ояндаи наздик даромади хуб имконпазир аст. Аз ҷароҳатҳои хурд эҳтиёт шавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ҷои кор мулоимтар бошед, то бо ҳамкорон муноқиша сар назанад. Эҳтимоли гирифтани маблағи ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Имрӯз бештар истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои мулоқот ва шиносоиҳои нав рӯзи хуб аст. Шояд вохӯрии муҳиме рӯй диҳад. Ба корҳои ташкилӣ ва омодагӣ вақти зиёд сарф мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, ҳама гуна хароҷот муҳим аст. Агар худро хаста ҳис кунед, каме сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо қувва мебахшад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз сюрпризҳои гуворо аст, бахусус дар ҷодаи муҳаббат. Муносибатҳо беҳтар шуда, ранҷишҳои кӯҳна аз байн мераванд. Барои корҳои ҳуҷҷатӣ ва гуфтушунид рӯзи хуб аст. Метавонед масъалаи маошро баррасӣ кунед. Корҳои оилавӣ вақти зиёдатонро мегиранд, вале метавонанд фоида ҳам биёранд. Ба садои қалби худ бовар кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз танқид кардани шахси дӯстдошта худдорӣ намоед, ин метавонад ба муносибатҳо зарар расонад. Атрофиён метавонанд иштибоҳ кунанд, вале асабонӣ нашавед. Масъулияти худро ба дӯши дигарон вогузор накунед. Тағйиротро бо хушбинӣ қабул кунед, онҳо имкониятҳои нав меоранд. Ба саломатӣ диққат диҳед ва худро аз кори зиёд нигоҳ доред.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз дар бораи орзуҳо ва хоҳишҳои худ ҷиддӣ фикр кунед. Агар муносибатҳои ошиқона якранг шаванд, кӯшиш кунед дигаргунӣ ворид созед. Дар кор ба созиш расидан душвор мешавад, бинобар ин мулоқотҳои муҳимро ба вақти дигар гузоред. Хариди ногаҳонӣ метавонад рӯҳияатонро боло барад. Ба саломатиятон обу ҳаво таъсири сахт мерасонад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз беҳтараш танҳо бошед ва корҳои шахсиро ба тартиб дароред. Пас аз анҷоми корҳо, метавонед ба нақшаҳои муҳим гузаред. Рӯз барои фикр кардан дар бораи оянда хеле мувофиқ аст. Ба корҳои якранг зиёд машғул нашавед, эҷодкорӣ ба шумо илҳом мебахшад. Кӯшиш кунед ба фикрҳои манфӣ дода нашавед ва рӯҳияро хуб нигоҳ доред.