Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи орому осуда аст. Дар ин рӯз танҳо фикри худро карда, манфиати шахсони наздикатонро зери по мекунед. Фикри наздиконро ҳам карданатон лозим аст. Ба оянда хушбинона назар кунед ва аз амалӣ кардани нақшаҳои бузург наҳаросед. Чанд орзуятон ба наздикӣ ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Нафаронеро пушту паноҳ бошед, ки шуморо дӯст медоранд.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи хуб аст. Аввали рӯз аз дарди сар азият мекашед. Агар аввалин нишонаҳои зукомро эҳсос кунед, дарҳол аз пайи табоабт шавед. Имрӯз корҳоеро, ки қаблан оғоз карда будед, ба итмом расонед, вагарна ҳамин тавр нотамом боқӣ хоҳанд монд. Фикри зиёдро як сӯ гузошта, асабҳои худро каме ором кунед. Ба ҳавои тоза ва сайругашт дар табиат бароед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи беташвиш аст. Дар паси худ ҳамчун муҳофиз девори сангинро эҳсос мекунед, зеро оилаатон бо шумо ва дар фикри шумо ҳастанд. Ба эҳсос ва толеи худ боварӣ дошта бошед. Дӯстони худро бо пешгӯии ғайричашмдоште ба ҳайрат меоваред. Ҷавзоҳои оиладорро лозим аст, ки дар фикри ҳамсару фарзандонашон бошанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аввали рӯз каме серташвиш меояд. Дар ин рӯз корҳои ояндаро ба нақша гиред ва барои истироҳат низ ҳатман вақт ҷудо намоед. Шом дар атрофи худ касеро ҷамъ накунед ва кӯшиш кунед, ки тани танҳо бошед. Зиёдтар об бинӯшед, ва дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Саратонҳои муҷаррад бояд аз паси пайдо кардани ҷуфти муносиб шаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи ором аст. Имрӯз имкон доред, то вазъи молиявиатонро аз пештара хубтар кунед. Барои истироҳату фароғат ҳатман вақт ҷудо карданатон лозим аст. Коратон якранг мегузарад, ки ин шуморо дилгир кардааст. Барои ба кори дигар гузаштан айёми хубу бобарор аст. Ба пурхурӣ роҳ надиҳед ва нӯшокиҳои сарду газнок истеъмол накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи беташвиш аст. Эҳтимол дар ин рӯз оқибати корро фикр накарда, ба нафаре қарз медиҳед. Шом танҳо бошед ва дар оромӣ ба эҳсоси худ гӯш диҳеду дар бораи ояндаатон фикр кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ ягон тағйирот нест, воҳима карданатон шарт нест. Даромади иловагиро интизор набошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи ором аст. Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш кунед. Инсондӯстиатон ба шумо кӯмак мекунад, то дӯстони нав пайдо кунед. Иҷоза надиҳед, ки наздиконатон аз рӯйи гуфтаи нафари бегона кор кунанд. Имрӯз қарз додану қарз гирифтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Барои харид низ рӯзи бобарор нест.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи серташвиш аст. Барои рафъи асабоният имрӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Ҳам ором мешавед ва ҳам фикрҳои ноҷоро аз сар дур мекунед. Вақти он расидааст, ки ба рафторҳои худ аҳамият диҳед ва онро ба танзим дароред. Дар ҳаёти шахсӣ ҳеҷ мушкилие имрӯз шуморо интизор нест, дар ҳарос набошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои такмили ихтисос ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи хуб аст. Мушкилоти кориро на бо ҳамкорон, балки худатон ҳал кунед. Барои таъмир ва хариду фурӯши хона рӯзи бобарор аст. Даромади пулӣ шуморо интизор нест, бинобар ин, сафакор бошед, вагарна бепул хоҳед монд. Агар зуком шуда бошед, беҳтараш чанд рӯзро дар хона гузаронед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи беташвиш аст. Имрӯз бахт ба рӯйи шумо механдад, онро аз ҳама ҷиҳат истифода баред, то баъдан пушаймон нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад бояд зудтар аз пайи кофтани ҷуфти худ шаванд ва онҳое, ки оиладоранд, ба қадри ҳамсари худ бирасанд. Аз муошират бо наздикон худдорӣ накунед, балки дар ҳама ҳолат дар паҳлӯяшон бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи каме серташвиш аст. Имрӯз бо роҳбарият баҳс накунед. Баръакс, то метавонед худро хубу хоксор нишон диҳед. Ҳарчанд бароятон писанд нест, аммо ба харҷи иловагӣ омода бошед. Мушкилии молиявиатон дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро меёбад. Дарди миёнро беназорат нагузоред. Гурда ва миёни худро ташхис кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Агар ба суханҳои худ аҳамият диҳед, чанд ҳодисаи ногуворро пешгирӣ карда метавонед. Баъзе чизҳои кӯҳнаро партофта, ба ҷояш чизҳои нав харед. Ин дигаргунӣ ба ҳолати рӯҳиятон таъсир хоҳад расонид. Ҳангоми муомилаву муошират бо нафарони бегона эҳтиёткор бошед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.