Ҳамал (21 март-20 апрел)
Субҳ баробари аз хоб хестан машқи бадан кунед. Ба неру ва эҳсоси худ боварӣ дошта бошед. Сари як пиёла чой бо дӯстони наздик суҳбат ороед. Аз нафароне, ки гирифтори зуком шудаанд, канораҷӯӣ намоед. Бештар оби ҷӯшида нӯшида, зукомро мағлуб кардан мумкин аст. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд.
Савр (21 апрел-20 май)
Агар бо наздикон муносибати наздику самимӣ дошта бошед, аз ӯҳдаи ҳар кор ба осонӣ бароед. Ба тамошои маконе меравед, ки дербоз орзуяшро мекардед. Дар муносибат бо нафарони аз худатон калон эҳтирому самимиятро фаромӯш накунед. Рӯз барои нафарони муҷаррад бобарор аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи ором аст. Талош накунед, ки хуб будани худро ба дигарон исбот кунед, вақт худаш ҳамаи инро муайян мекунад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук ва газнок парҳез кунед. Агар ранги забонатон тағйир ёфта бошад, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, ин нишонаи бемории узвҳои ҳозима мебошад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои қисме аз саратонҳо рӯзи бобарор нест, хусусан, барои онҳое, ки бо маблағҳои калон сару кор доранд. Ҳамёни худро эҳтиёт кунед, эҳтимол маблағи калонро аз даст медиҳед. Аниқтараш, онро медузданд. Нафареро мебинед, ки чанд муддат надида будед ва ин дидорбинӣ шуморо хурсанд мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Нафарони кордону ҷасур рӯзро бидуни мушкилии ҷиддӣ паси сар хоҳанд кард, зеро онҳо ба ақлу заковати худ боварӣ доранд. Барои бастани шартномаҳои корӣ бо ширкатҳои хориҷӣ рӯзи бобарор аст. Агар имкон дошта бошед, таъмири хонаву дари худро нав кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар назди дигарон худро таърифу тавсиф накунед, кӣ будани шуморо ҳама медонанд, ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Беҳтараш шахсияти худро дар амал нишон диҳед, на дар сухан. Аз дӯстӣ бо нафарони ношинос эҳтиёт кунед. Сиру асроратонро ба ҳама нагӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар нофаҳмиву моҷарое, ки дар ҷои кор сар мезанад, худро ҳамроҳ накунед. Тавре вонамуд кунед, ки гӯё чизеро надидаед, беҳтараш аз паси кори худатон шавед. Бештари вақтатонро бо истироҳат гузаронед ва асабҳоятонро ором карда, барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Пешравии коратонро мехоста бошед, зимни муносибат бо роҳбарият ширинзабону хушгуфтор бошед, бештари роҳбарон аз ин хушашон меояд. Аммо фаромӯш насозед, ки бо хушгуфторӣ кор ҳал намешавад. Дар иҷрои корҳои бар дӯшатонбуда низ масъулият ҳис кунед. Ба дидорбинии нафаре меравед, ки чанд муддат надида будед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи аз ҳама ҷиҳат бобарору нек аст. Даромади иловагӣ шуморо дучанд хурсанд мекунад. Зиёд қаҳва нанӯшед, зеро ба гуфтаи олимон, қаҳва мардро ба калшавӣ оварда мерасонад. Қавсҳое, ки бемории қанду дил ва фишорбаландӣ доранд, худро бештар эҳтиёт кунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар хоҳед, ки бо ҳамсаратон муноқиша накунед, ба ӯ ҳам аҳамият диҳед ва аз хостаҳои дилаш бохабар шуда истед. Бепарвогии шумо сабаб мешавад, ки муноқишаҳои оилавӣ зуд-зуд сар зананд. Ҷаддиҳое, ки аз бахти аввал хушбахт нашудаанд, бахти дувуми худро пайдо хоҳанд кард.
Далв (21 январ-18 феврал)
Субҳона накардани шумо дар саҳаргоҳон ба бемории узвҳои дохила оварда мерасонад. Кӯшиш кунед, ки ҳадди ақал як пиёла чойи ширин бинӯшед. Барои тиҷорати хурд рӯзи бобарор аст, аммо ба корҳои калонҳаҷм даст назанед. Мошинро боэҳтиёт ва бодиққат биронед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз зодагони зери ин бурҷ хушбахтиро ба маънои томаш дарк мекунанд. Дар дили шумо нисбат ба касе ҳисси нотакрор пайдо мешавад, ки бароятон бори аввал аст. Саросема нашавед, шояд эҳсосатон шуморо фиреб мекунад. Барои лоғар шудан аз ҳар гуна доруҳо истифода накунед, балки ба варзиш машғул шавед.