Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 24- ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2473

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, рӯзро дар танҳоӣ паси сар кунед. Саломатиятон аз шумо истироҳати бароҳату бардавом ва чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро талаб мекунад. Ба нафаре, ки худро ошиқи шайдои шумо мегирад, дарҳол бовар накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҷодаи касбу кор танҳо бо майлу хоҳиши худ амал намоед. Вохӯриву масъалаҳои корӣ бобарор анҷом ёфта, даромади хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиатон тағйиротҳо имкон доранд, хусусан, мардҳоро навигарӣ интизор аст. Беморие, ки имрӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан, вазъиятро нағзакак ҳаллу фасл намуда, варианти беҳтаринро интихоб намоед. Маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале каме худро бемадор эҳсос мекунед. Дӯстдоштаатон бо рашкаш табъатонро хира мегардонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар масъалаҳои пулӣ сарфакор бошед. Ба касе қарз надиҳед. Аз баҳри корҳое гузаред, ки ҳал шуданашон бо пул вобастагӣ доранд. Ҳангоми харидорӣ намудани чизҳои даркорӣ ва хӯрока маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вохӯрии ошиқона ногувориҳои зиёдеро ба саратон меорад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳодисаҳое имкон доранд, ки шуморо ба тағйиротҳои судманд водор месозанд. Вақте расидааст, ки вазъи зиндагии худро беҳтар гардонед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, мушкилиҳоро рафъ намоед, то ки дигар пайдо нашаванд. Саломатӣ аз шумо эҳтиёткориро талаб мекунад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстон ва наздикон беҳтар мегардад. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида ва хурсандатон месозад. Нимаи дуюми рӯз каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Қабл аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағеро, ки кайҳо боз интизор будед, ҳамин рӯз ба даст меоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои он ки муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон нагардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Ин кор бароятон бо душворӣ даст медиҳад, вале сабру таҳаммул ба шумо мадад мерасонад. Айни замон мушкилиҳои ҷиддӣ пеши роҳатон намеоянд. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Қобилиятҳои кориятон баланд мегардад, вале хабар ё рафтори шахси наздик боиси хира гаштани табъатон мешавад. Меҳнати коллективона дар ин рӯз самар намеорад, аз ин рӯ, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред. Изҳори муҳаббат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Диққататон ба мушкилиҳои корӣ равона мегардад. Мушкилоти молиявӣ зуд рафъ мегардад. Ба саломатии худ диққат дода, ба асабоният роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ дар муҳити ором истироҳат намоед. Дӯстдоштаи худро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Аз харидани чизҳои нодаркор худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нохуб шудани вазъи саломатиятон ба касбу коратон таъсир мерасонад. Эҳтимол, муносибататон бо ҳамкорон, роҳбарият, дӯстону наздикон бад мегардад. Қабл аз хоб сайругашт карда, як пиёла ширро бо асал нӯшед. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёде ба бор меорад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз монеаву мушкилиҳои зиёде дар касбу коратон пеш меоянд. Орзуи деринаи мардҳо ҷомаи амал мепӯшад. Зиндадилиатон бонувонро ба ваҷд меорад, аз ин рӯ, аз дағаливу якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон ба асабхаробӣ ё хасташавӣ мубтало мегарданд. Имкони дарди сар, ғамгинӣ ё бемадорӣ вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз мушкилоти молиявӣ маҷбур месозад, ки нақшаҳои аввалиндараҷаи худро ба таъхир гузошта, аз пайи кори дигар шавед. Аз дӯстону наздикон кӯмак пурсида метавонед, вале беҳтар мебуд, ки назди касе муҳтоҷ буданатонро нишон надиҳед. Бегоҳирӯзиро ҳамроҳи шахси дӯстдоштаатон гузаронед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД