Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1661

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Субҳ ҳодисаҳое рух дода метавонанд, ки шуморо ба тасмимгирии зуд водор мекунанд. Энергияи баландатон имкон медиҳад чандин корро якбора иҷро кунед, аммо муҳим аст, ки диққати худро гум накунед. Дӯстдоштаатон ё яке аз дӯстон ба шумо хабари муҳим мерасонад. Ин рӯз барои сафарҳои кӯтоҳ мусоид аст, аммо кӯшиш кунед, ки муноқишаҳоро пешгирӣ кунед. Шумо ҳар лаҳза метавонед асабӣ шавед.

Савр (20 апрел-20 май)

Субҳ бо машғулиятҳои гуворои хонаводагӣ оғоз ёфта метавонад, мехоҳед дар атрофи худ тартиботро ба вуҷуд оред. Масъалаҳои молиявӣ таҳти назорати шумо хоҳанд буд, аммо бо дидани ягон мол ё ашёи зебо худро ба даст гирифта, аз хароҷот худдорӣ кунед. Нимаи дуюми рӯз суҳбате имкон дорад, ки нофаҳмиҳои кӯҳнаро равшан месозад. Камқувватӣ боиси хоболудӣ мегардад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Субҳ бо занги телефонии шахсе, ки дер боз бо ӯ тамос надоштед, оғоз меёбад. Бегоҳ барои вохӯрӣ бо дӯстони наздик ё саёҳати кӯтоҳ мусоид аст. Зеҳни тези шумо ба шумо кӯмак мекунад, ки аз ҳар гуна монеаҳо гузаред, аммо муҳим аст, ки ба дигарон низ гӯш диҳед, то нофаҳмиҳо пешгирӣ шаванд. Аз сергапӣ худдорӣ намоед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз бо ташвишу мушкилоти оилавӣ банд мешавед. Ба назаратон чунин менамояд, ки кору камбудии рӯзгор ҳеҷ гоҳ тамомшавӣ надорад. Хусусан нафароне, ки фарзандони хурдсол доранд, серташвиш мешаванд. Бегоҳ барои истироҳати оромона мувофиқ аст, як сайругашти шабона ё тамошои филм ба шумо кӯмак мекунад, ки нерӯи худро барқарор намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шахсият ва нерӯи эҷодии шумо бештар зоҳир мешавад. Атрофиён хислатҳои мусбии шуморо тавсифу таъриф мекунанд. Нимаи дуюми рӯз рӯйдоди ғайричашмдошт метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад, шояд шахси дӯстдошта ё дӯстатон шуморо бо сюрприз шод кунад. Агар атрофиёнро аз худ гурезон кардан нахоҳед, баҳсҳои бемаънӣ накунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз бо кору бори рӯзгор оғоз меёбад. Агар нияти ба бозор рафтанро дошта бошед, метавонед имрӯз харидҳоятонро кунед. Шомро барои саломатии худ сарф кунед, машқҳои оромбахш ва сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо нерӯи нав мебахшанд. Атрофи худро ба тартиб овардану фикри аҳли оиларо карданатон хуб аст, вале ба истироҳати худ низ аҳамият диҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Субҳ занги ғайричашмдошт аз дӯсти кӯҳна ё ҳамкоратон имкон дорад. Нимаи дуюми рӯз истироҳати оилавиро ба нақша гиред. Шомро барои хӯроки шом ё суҳбати оромона бо наздикон сарф кунед. Нафароне, ки аз дӯстдоштаи худ ранҷидаанд, бояд ба камбудиҳои худ низ диққат диҳанд. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, эҳтимоли шамол кашидани миёнатон зиёд аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Субҳ хабарҳои ғайричашмдошт шуморо ба фикру андеша мебаранд. Агар нияти харидани хона ё мошинро дошта бошед, зудтар ин корро карданатон лозим аст. Нафароне, ки бахти худро меҷӯянд, бояд каме хислати худро дигаргун созанд. Агар дилеро ба даст оварданӣ бошед, меҳрубонӣ кунед. Ба пулу боигарии дигарон кордор нашавед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз аз ҳавои хуби баҳорӣ лаззат мебаред. Наздикон ба дастгирии шумо ниёз доранд. Хусусан мардонро лозим аст, ки каме сабур бошанду роҳи бартараф намудани мушкилиҳои рӯзгорро дар якҷоягӣ пайдо намоянд. Занҳо низ бояд дарк кунанд, ки дар ҳама ҳолат бояд оиларо дар ҷои аввал гузошт.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар ҳаёти шахсӣ рӯйдодҳое сурат мегиранд, ки масъулияти шуморо талаб мекунанд. Нимаи дуюми рӯз пешниҳоди ғайричашмдоштеро интизор шавед, ки ба масъалаҳои пулӣ алоқаманд аст. Дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред, зиндагӣ зуд мегузарад, вале асабҳои хастаи шуморо барқарор кардан номумкин аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ҳама корро мустақилона анҷом доданатон хуб аст, вале баъзан дар зиндагӣ ҳолатҳое мешавад, ки бояд ба маслиҳати дигарон низ гӯш диҳед, фикри дастаҷамъона натиҷаи беҳтар медиҳад. Агар шумо оиладор нашуда бошед, ба дӯстдоштаи худ хубтар диққат диҳед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Қобилияти ба дигарон кумаку ҳамдардӣ карданатон робитаҳоятонро бо наздикон мустаҳкам мекунад, аммо нагузоред, ки мушкилоти дигарон шуморо зери таъсир қарор диҳанд. Ба касе имкон надиҳед, ки шуморо истифода барад. Наздиконро дӯст доред, вале ҳамеша барои худ зиндагӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД