Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
2269

 

                          Ҳамал

Зодагони мучали ҳамал дар ин рӯз дигаргуниҳоро дар робита бо нафароне эҳсос мекунанд, ки пештар бо ҳам созиш карда наметавонистанд. Ҳодисаи хуши дигаре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, ташрифи дӯсти дерин, хариди бобарор ва аз беморӣ шифо ёфтанатон аст.

Савр

Дар ин рӯз нақшаи наве дар зеҳнатон пайдо мешавад. Нафаре аз зодагони мучали савр либоси зебо харидан мехоҳад, дигаре мошини худро иваз карданӣ мешавад. Баъзеҳо хонаи худро васеътар кардан мехоҳанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед¸ натиҷаи беназир медиҳад. Ба нафарони калонсол бештар ҳазлу шӯхӣ кардану хандиданро тавсия медиҳем.

Ҷавзо

Бемории ночизе, ки дар ин рӯз сар мезанад, дар сурати табобат карданатон ба бемории ҷиддӣ мубаддал мегардад. Диққати алоҳидаи худро ба вазъи молиявӣ равон созед. Ба хароҷоти зиёд роҳ надиҳед. Бегоҳи имрӯз ба аёдати яке аз наздикони калонсолатон равед.

Саратон

Дар ин рӯз аз нафарони худхоҳ ва ҳавобаланд дурӣ ҷӯед. Эҳтимол робита бо чунин нафар боиси асабхаробии шумо мегардад. Ғизои истеъмол мекардаи худро назорат намоед. Ҳангоми иҷро намудани супориши роҳбарият ё ҳамсафари ҳаётӣ кӯшиш ба харҷ доданатон лозим аст.

Асад

Зодагони мучали асад дар ин рӯз дучори мушкилие мешаванд. Гап сари мушкилии рӯзгор меравад, ки онро бо тавсияи мутахассисон рафъ сохтан мумкин аст. Вазъи молиявӣ табъатонро хуш мегардонад. Нафаре, ки бемор буданд, шифо меёбанд.

Сунбула

Агар дар ин рӯз ҷаласа ё ягон кори муҳим дошта бошед, қаблан ором шавед. Эҳтимол ҳама гуна чорабинӣ бе душворӣ сипарӣ мегардад. Робита бо кӯдакон табъатонро болида месозад. Имрӯз барои харидани сару либоси нав созгор аст.

Мизон

Баъзе зодагони мучали мизон сиру асрори нафареро фош месозанд. Эҳтимол хабари шунидаатон хеле ҳаяҷонвар аст. Ҳангоми иҷрои корҳоятон ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ба ҳар коре даст мезанед, бо ақли солим иҷро намоед. Бегоҳирӯзӣ вақти худро бо мутолиаи китоб сипарӣ намоед.

Ақраб

Дар ин рӯз зимни шиносоиҳои нав барор ҳамсафаратон мегардад. Бо нафаре дар робита мешавед, ки муваффақиятатон аз ӯ вобастагӣ дорад. Бо наздикон ва аҳли оила гапатон гурехта, нофаҳмӣ сар мезанад. Ба маслиҳати дӯсти беҳтарин гӯш андохта, ҳамзамон ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед.

Қавс

Дар ин рӯз ҳар як мушкилии сарзадро рафъ намуда наметавонед. Эҳтимол гап сари мушкилиҳои ночизе меравад, ки аз шумо қувваи зиёдеро талаб мекунад. Барои азобҳои кашидаатон шуморо ҳодисаи хуше интизор аст. Дар касбу кор пешравӣ ва мукофотпулӣ эҳтимол дорад.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз саргузаштҳои ошиқонаро аз сар мегузаронед. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Агар аз ҳамсари худ ҷудо шуда бошед, баргаштанашро интизор шавед. Мушкилоти молиявии худро рафъ месозед ё шахси ношиносе шуморо дастгирӣ мекунад.

Далв

Агар шумо оиладор бошед, дар ин рӯз ҳамсафари ҳаётии худро фиреб надиҳед. Эҳтиёткорӣ дар дигар соҳаҳои зиндагиятон низ ба кор меравад. Нафароне, ки имтиҳон супоридан мехоҳанд, бояд пешакӣ барои муваффақ гаштани худ эътимод дошта бошанд. Бегоҳирӯзӣ хариди бобарор мекунед.

Ҳут

Дар ин рӯз аз хабарҳои аз роҳи дур омада шод намешавед. Ин хабарҳо ба тақдири яке аз наздиконатон дахл дорад ва шуморо ба ҳаяҷон меоранд. Каме даромади пулиятон зиёд мегардад. Ба нафарони калонсол ба эҳсосот дода шуданро маслиҳат намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД