Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1604

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз бо маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, ҳоло вақти харидҳои беандеша нест. Нимаи аввали рӯз бомуваффақият хоҳад буд. Каме истироҳат кардан ва аз ташвишҳои рӯзмарра дур шудан мехоҳед. Аз кори зиёд хаста шудаед. Хушбахтона, чунин имконият фароҳам хоҳад шуд ва шумо онро аз даст нахоҳед дод. Хастагии асаб ва хастагии ҷисм ҳатман истироҳатро талаб мекунанд.

Савр (20 апрел-20 май)

Гарчанде ки баъзе мушкилот пеш оянд ҳам, шумо роҳи ҳалли онҳоро пайдо мекунед. Субҳ каме маблағи пулиро беҳуда аз даст медиҳед, аммо нимаи дуюми рӯз барои харид ва муомилаҳо бобарор аст. Дар ҳама кор диққати худро ба ҷузъиёт равона кунед, то чизе аз назар наафтад. Бегоҳӣ хабарҳои хуш мешунавед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои гуфтушунидҳои корӣ ва мулоқот бо нафаре, ки мехоҳед ӯро ҳамсафари ҳаётии худ бинед, мувофиқ аст. Агар ба шумо кӯмак лозим шавад, онро сари вақт пайдо мекунед. Онҳое, ки ба масъалаҳои касбӣ диққат медиҳанд, имкониятҳои нави рушд хоҳанд дошт. Нимаи дуюми рӯз шояд бо шахсиятҳои ҷолибе вохӯред, ки дар бораи онҳо пештар суханони хуб шунида будед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Субҳи имрӯз бо ҷасорат корҳои мушкилро оғоз кунед. Ин вақт барои амалӣ кардани нақшаҳо хеле мусоид хоҳад буд. Дертар вақти муносиб барои мулоқотҳои корӣ ва шахсӣ фаро мерасад. Муошират бо атрофиён назар ба гузашта осонтар хоҳад шуд, ва шумо бо одамони нав зуд забон меёбед. Камқуввативу бемадорӣ ва дарди сар ҳис мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз бисёр корҳо ба осонӣ анҷом меёбанд. Шумо бо камтарин кӯшиш ба натиҷаҳои назаррас мерасед. Рӯз барои таҳсил хеле мувофиқ аст. Бегоҳӣ сафарҳо ба фоидаи шумо хоҳанд буд, бахусус агар бо наздикони худ сафар кунед. Асадҳои оиладор бошанд, хабарҳои хуш мегиранд. Ошиқон аз мулоқоти ошиқона неру мегиранд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд, вақти худро беҳуда сарф накунед. Ба масъалаҳои ҷиддӣ диққати аввалиндараҷа диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба эҳсосоти ботинии худ гӯш диҳед, он шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Агар шуморо бегоҳирӯзӣ ба маъракае даъват кунанд, хастагиро баҳона накарда, ҳатман равед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Рӯз ором хоҳад гузашт, агар ба хатоҳои ночиз ва мушкилоти хурд таваҷҷӯҳ накунед. Шумо бо ҳама мушкилот осон мубориза мебаред. Дар корҳо масъулиятшинос бошед. Ба ҷои такя ба дигарон, ба нерӯи худ бовар кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед – имрӯз барои харидҳои ногаҳонӣ мувофиқ нест. Дӯстдоштаатонро дастгирӣ кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шумо метавонед мушкилоти душворро зуд ҳал кунед. Ҳушёрӣ ва зиракӣ шуморо аз хатогиҳо нигоҳ медорад. Имрӯз корҳо зиёд мешаванд, ва баъзе Ақрабҳои ҳассос метавонанд асабӣ шаванд. Беҳтар аст, ки барои истироҳат вақт ҷудо кунед – ҳатто як танаффуси кӯтоҳ метавонад шуморо ором ва пурқувват гардонад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба маслиҳатҳои одамоне, ки шуморо хуб мешиносанд, гӯш диҳед. Онҳо метавонанд ба шумо роҳнамоӣ кунанд ё иштибоҳҳои шуморо фаҳмонанд. Гарчанде ки баъзе корҳо осон нахоҳанд буд, шумо таслим намешавед ва ба натиҷаҳои хуб мерасед. Нимаи дуюм муошират бо атрофиён душвортар мегардад, аммо нофаҳмиҳои ҷиддӣ нахоҳанд буд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Бо дилгармӣ ба пеш ҳаракат кунед. Имрӯз имкониятҳои зиёде барои шумо фароҳам меоянд, ва хуб аст, ки ягонтоашро аз даст надиҳед. Бисёре аз Ҷаддиҳо бо одамони нав зуд забон меёбанд, ва шояд дӯстӣ ё муносибати ошиқона шурӯъ шавад. Шомгоҳон низ чизе шуморо нороҳат намекунад, агар ором ва ботамкин бошед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз баъзе далвҳо пешниҳодҳои ғайриоддӣ, вале ҷолиб мегиранд ва ба онҳо розӣ мешаванд, ва пушаймон намешаванд. Вохӯрие имкон дорад, ки оғози муносибатҳои ошиқона аст. Ҳодисаҳои имрӯз ба шумо имкон медиҳанд, ки дӯстро аз душман фарқ карда тавонед. Баъзеҳо аз меҳрубонии шумо истифода бурдан мехоҳанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз агар ҳама чизро якбора ба даст овардан хоҳед, хато бисёр мекунед. Беҳтар аст, ки субҳро бо корҳое оғоз кунед, ки хуб медонед, ва баъд ба вазифаҳои мушкил гузаред. Бо наздик шудани шом, муошират бо атрофиён осонтар мешавад. Аз баъзе нафароне, ки шуморо фиреб кардан мехоҳанд, эҳтиёт шавед. Агар зодрӯз дошта бошед, шуморо сюрприз интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД