Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз шитобкорӣ метавонад ба шумо зиён расонад, бинобар ин ҳар қадамро боандеша гузоред. Баъзе қарорҳои саросема ҳатто хатарнок мешаванд. Робитаро бо шахсони муфид ва таъсиргузор қавӣ намоед, зеро онҳо дар оянда ба кор меоянд. Саломатӣ хуб аст, вале бепарво нашавед, баъди шом аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед. Дар муносибатҳои ошиқона сухани дурушт нагӯед. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба имконият ва тавони худ такя намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз заҳматҳоятон натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, аммо ноумед нашавед. Эҳтимол аз ҷониби ҳамкори пешина пешниҳоди ҷолиби корӣ гиред. Муносибати ошиқонаро бо ростқавлӣ ҳифз кунед, дурӯғ метавонад бовариро вайрон созад. Бемориҳои кӯҳна имкон доранд худро нишон диҳанд. Сабаби асосӣ ташвиш ва рӯҳафтодагӣ аст. Аз асабоният дурӣ ҷӯед ва ба муносибатҳои ошиқонаатон таровати нав бахшед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, зеро баъзеҳо метавонанд аз содагии шумо истифода баранд. Дар масъалаҳои молиявӣ қувва ва имкониятҳои худро дуруст баҳогузорӣ кунед. Бегоҳ эҳтимоли баланд шудани фишори хун вуҷуд дорад, хусусан агар гипертония дошта бошед. Аз қаҳва ва нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед. Дар тиҷорат ростқавл бошед, зеро макру ҳилла оқибати хуб намеорад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ҳодисаи ҷиддии нохуш рӯй намедиҳад. Корҳои молиявӣ бомуваффақият анҷом ёфта, эҳтимоли даромади пулӣ вуҷуд дорад. Аз роҳи дур хабари хуш мешунавед. Ба саломатӣ диққат диҳед, зеро хавфи зуком ё бемории сироятӣ ҳаст. Пешгирӣ беҳтарин табобат аст. Дар хона баъзе нофаҳмиҳо имкон доранд, кӯшиш кунед бо оромӣ онҳоро ҳал намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз барои ошиқон рӯзи мусоид аст, нофаҳмиҳои гузашта метавонанд бартараф шаванд. Бо вуҷуди ин, эҳтиёт бошед, зеро эҳтимоли ҷароҳат вуҷуд дорад. Ба саломатии дил ва рагҳо аҳамият диҳед, аз қаҳваи зиёд ва чойи талх худдорӣ намоед. Аз одамоне, ки шуморо асабӣ мекунанд, дурӣ ҷӯед. Барои расидан ба ҳадаф заҳмати бештар лозим мешавад. Бо хешу ақрабо боэҳтиром рафтор кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Нимаи аввали рӯз бароятон бобарор мегузарад ва ба муваффақият ноил мешавед. Аммо баъдан эҳтимоли нофаҳмӣ бо баъзеҳо вуҷуд дорад. Асабонӣ нашавед, зеро ташвиши беҳуда танҳо зарар мерасонад. Хастагӣ эҳсос мекунед, бинобар ин барвақт истироҳат кунед. Истодагарӣ ва виҷдони поки шуморо атрофиён қадр хоҳанд кард.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз дастовардҳои шуморо наздикон ва шахсони таъсиргузор қадр мекунанд. Эҳтимол муносибати ошиқона бо нафаре оғоз гардад. Шуморо фиреб додан осон нест, бинобар ин дар интихоби дӯстдошта иштибоҳ намекунед. Агар бемор бошед, ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба роҳҳои нафас диққат диҳед ва худро аз шамолкашӣ эҳтиёт намоед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз даромади калон интизор нест, аммо нақшаҳои шумо дар оянда самар медиҳанд. Саломатӣ хуб аст, метавонед ба намуди зоҳирӣ ва нав кардани сарулибос диққат диҳед. Ба масъалаҳои оилавӣ бетафовут набошед. Дар тиҷорат бо садоқат меҳнат кунед. Ба дӯстдоштаатон дар мушкилиҳо кумак расонед, дастгирии шумо барои ӯ муҳим аст.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Сафарҳо имрӯз бобарор мегузаранд ва ҳатто роҳи дур шуморо хаста намекунад. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ба табиб муроҷиат намоед. Ба кори рӯда ва узвҳои ҳозима аҳамият диҳед. Сайругашт бо дӯстдоштаатон табъатонро болида ва рӯҳияатонро беҳтар месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз тартибу низомро риоя намоед, зеро бенизомӣ боиси мушкил мегардад. Ҳавои тоза барои саломатиятон муҳим аст. Ҳангоми аз хона баромадан ба обу ҳаво аҳамият диҳед, то шамол нахӯред. Қувваи худро ба ҳалли масъалаҳои оилавӣ равона кунед. Бо дӯстдоштаатон якҷоя камбудиҳоро бартараф кардан мумкин аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Шумо аз уҳдаи корҳое мебароед, ки дигарон наметавонанд. Бо вуҷуди ин, ба шахсони ношинос зуд бовар накунед. Агар аз бехобӣ ранҷ мекашед, аз гиёҳчой истифода баред. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ хатогиҳои гузаштаатонро ислоҳ намоед. Имрӯз имкони нишон додани қобилиятҳои шумо зиёд аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Мушкилиҳои оилавиро нодида гирифтан душвор аст, вале шумо метавонед паёмадҳои онро кам намоед. Бо наздикон муноқиша накунед ва оромиро нигоҳ доред. Хариди хурд иҷозат аст, аммо барои хариди калон шитоб накунед. Имрӯз эҳтимоли оғози муносибати нав вуҷуд дорад. Аз истеъмоли ширинии зиёд худдорӣ намоед.