arzon replenishment
Толеъномаи 22 марти 2020, якшанбе
2219

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар оилаатон рух додани нофаҳмиву низоъ имкон дорад. Баъди ин ҳодиса муносибати хешовандонатонро нисбати худ муайян менамоед. Аз рӯйи нақшаи аниқ амал намуда, маблағи хуб ба даст меореду қарзҳоятонро бармегардонед. Бо намояндагони ҷинси муқобил вохӯриҳои аҷиб, вале кутоҳмуддат имкон доранд.

Савр (21 апрел-22 май)

Ҳар ҳодисае ки имрӯз ба саратон меояд, сабурона таҳаммул кунед. Муҳимаш воҳима накунеду худро ба даст гиред, он гоҳ мушкили зиёдеро рафъ мекунед. Фаромӯш насозед, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Хеши куҳансолатон маслиҳати судманд медиҳад, ҳатман ба гапҳояш гӯш андозед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Хабареро, ки дар ин рӯз мешунавед, бароятон хеле муҳим аст. Рӯзи хубест барои баргузор намудани маърака ва ба сайру тамошо баромадан. Бо дӯстдоштаи худ оштӣ шуда, худро хушбахти ҷаҳон эҳсос мекунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед, хатари аз бемориҳо сироят ёфтанатон зиёд аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз касе маслиҳату кӯмак напурсед. Бо сабаби содадиливу меҳрубониятон ба доми иғвогарон меафтед. Ба касе имкон надиҳед, ки бинияшро ба корҳоятон халонад. Бештари рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Сайругашт дар ҳавои тоза пеш аз хоб манфиатбахш мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз қувваву имкониятҳои худро ба инобат гирифта, амал намоед, то ки ба саломатиятон зарар нарасад. Баъзе орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Вохӯрии ошиқонаро ба таъхир нагузоред, дар ин рӯзи зебои баҳорӣ аз таҳти дил хурсандӣ кунед. Бо вуҷуди кам будани музди меҳнат аз пайи кор шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, лаззати ҷудоӣ ва дилмондагиро мечашед. Аслан шумо ба чунин гардиши қисмат омода набудед, вале ҳодисаҳои рӯзҳои охир аз чунин пешомад гувоҳӣ медоданд. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале рӯзҳои наздик табобат кардани бемориҳои куҳна шарт ва зарур аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз дар бораи дӯсти қадрдону деринатон хабаре мешунавед, ки табъатон хира мегардад. Хайру сахои дар ин рӯз кардаатон дучанд шуда бармегардад. Ҳангоми суҳбат бо дӯстдоштаатон ба ҳар як ҳарфаш диққат диҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ муносибатҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин худро ба даст гиреду сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо вуҷуди мушкилиҳо ором шаведу нағзакак андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона низ ба воҳима роҳ надиҳед. Агар шахси дӯстдоштаатон аз шумо гурехта, ба зангҳоятон ҷавоб надиҳад, ӯро ба ҳолаш гузоред.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Аз субҳи барвақт танбаливу бемадориро эҳсос мекунед. Бо вуҷуди лавандиву заифӣ ташвишатон зиёд гашта, аз шумо фаъолнокиро талаб мекунанд. Пулро беҳуда сарф накунед, вагарна маблағи ҷамъкардаро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Имрӯз ҳангоми гуфтор ба парешонӣ роҳ дода, риштаи суханро гум мекунед, зеро ҳамсуҳбати хубу дурандеш пайдо карда наметавонед. Ба гапҳои беҳудаву ғайбати дигарон ҳамроҳ нашуда, аз пайи корҳои шахсӣ шавед ва бегоҳирӯзиро бо нафаре гузаронед, ки ҳамроҳаш хушбахтиро эҳсос намоед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ҳаёти оилавиятон ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Шумо ҳатто тасаввур намекардед, ки мушкилоти пулии дигаронро ҳал кардан чӣ қадар душвор аст. Дилтангӣ накунед, ин мушкилӣ ба шумо низ даҳл дорад. Барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчиданро доранд, рӯзи мусоид аст.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Бо нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, риштаҳои дӯстиятонро мустаҳкам намоед. Агар байни дӯстонатон нафаре дар тиҷорат ва тарғиби савдо таҷрибаи бой дошта бошад, аз ӯ маслиҳат пурсед. Дар муносибатҳои ошиқона саросемавор хулосабарорӣ накунед. Аз дағаливу шитобкории шумо чизе тағйир намеёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД