Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 22 феврал
22.02.2022
Оила
4350

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи фаъолу сермаҳсул аст, вақтатон беҳуда сипарӣ намегардад. Барои он ки ба роҳи хато нараведу кори муҳимеро аз мадди назар дур насозед, хеле бодиққат буданатон лозим меояд. Дар муносибатҳои ошиқона баъзе маҳдудиятҳо сар мезананд. Барои он ки миёнатон муноқиша сар назанад, нисбати дӯстдоштаи худ дағаливу сахтгирӣ накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин ҳафта мушкилиҳои молиявӣ ва ҳуқуқиатон ба зудӣ рафъ гардида, табъатонро боилда месозад. Агар натиҷаи аз ин ҳам беҳтар ба даст овардан хоҳед, барвақттар аз хоб хестанатон лозим аст. Дар атрофатон нафаре пайдо мешавад, ки дарҳол ба дилатон роҳ меёбад. Хислати ғайриоддӣ ва аз дигарон фарқкунандаи ин нафар шуморо волаву шайдо месозад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар зиндагиятон мушкилоти зиёде сар мезанад, ки дар давоми чанд соат рафъ мегардад. Агар ҳама мушкилатон пурра бартарф гардад, метавонед шодӣ кунед. Акнун корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Ҷашну хурсандиеро, ки кайҳо дар нақша доштед, бобарор анҷом меёбад. Саломатиро танҳо ба табибони касбӣ бовар карданатон лозим аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Тамоми рӯз нерӯятон зиёду серташвиш мегардед. Аз таҳти дил заҳмат кашида, рақибону душманонро аз сари роҳатон дур карда метавонед. Мушкилоте, ки миёни ошиқон сар мезанад, бо сабаби хароб будани асабҳоятон тӯл мекашад. Беҳтараш ғами саломатиро хӯред, вагарна аз бемории тарбод (радикулит) амон намеёбед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи серташвиш аст. Дар сурати сабру таҳаммулро пеша намудан аксари мушкилиҳои сарзадаро хеле ба осонӣ бартараф месозед. Ҳангоми робита бо шахси дӯстдоштаатон ҳар ҳарфи худро андеша намуда, баъд ба забон биёред. Фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан ҳеҷ гоҳ.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула тамоми ҳунару маҳорати худро ба ҳамкорон ва атрофиён нишон додан мехоҳанд. Шояд нафаре шуморо таърифу тавсиф кунад, вале боз нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки ба пеҳравиҳоятон ҳасад мебаранд. Он чизеро, ки бо меҳнати зиёд ба даст меоред, аз даст надиҳед. Дар ҳаёти шахсиятон муноқишаи сахт эҳтимол дорад, ки на ба фоидаи шумо асту на ба фоидаи дӯстдоштаатон.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои зодагони мучали мизон бо хабари нохуш оғоз мегардад. Дарҳол руҳафтодаву маъюс нагардед. Шумо бояд дарк намоед, ки зиндагӣ гоҳе хуш мегузараду гоҳи дигар мушкилӣ дорад. Бояд гуфт, ки баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта рӯ ба беҳбудӣ меоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳарчанд ҳоло барои ба охир расидани фасли зимистон рӯзҳои башумор боқӣ монда бошад ҳам, дар дили шумо аллакай баҳор хона кардааст. Бо вуҷуди хеле ва хеле серкор буданатон дар қалби шумо гулҳо шукуфону парандагон нағмасароӣ мекунанд. Пулро бо чунин суръати баланд сарф накунед, одати бозору мағозагардиро партоед, вагарна сахт қарздор мешавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хеле гуворо аст, ба шарте ки барои гуворо шуданаш кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Яке аз мушкилоти ҷиддӣ баъди машварат бо ҳуқуқшиносон роҳи ҳали худро пайдо мекунад. Андешаи он ки нақшаву ниятҳоятон ба яке аз наздиконатон хуш меояд, ғалат аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳар қадаре зодагони мучали ҷаддӣ оҳиста кор кунанд, ҳамон андоза ба натиҷаи хуб ноил мегарданд. Бояд қайд намуд, ки шитобкорӣ ҳатто дар муносибатҳои оилавӣ низ зарари худро мерасонад. Хусусан агар шумо ба бӯстонсаро рафтанӣ бошед ё бо корҳои рӯзгор машғул шавед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар шумо мисли ҳамеша дар бораи ба даст овардани пул ва кор фикр кунеду барои зиндагии шахсии худ тамоман вақт ҷудо накунед, дар муносибатҳои ошиқонаатон сардӣ сар мезанад. Маҳз дар ҳамин рӯз барои дӯстдоштаи худ рӯзи романтикӣ барпо намоед. Агар муҷаррад бошед, барои изҳори муҳаббат ва хостгорӣ рӯзи бобарор аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сабабҳои зиёде барои тағйир додани тарзи зиндагӣ сар мезанад. Фавран аз пайи саломатӣ шуда, ба сару либоси худ диққати бештар диҳед. Беҳтараш либосҳои куҳнаатонро партоед. Сафарҳо ба зодгоҳ ва маконҳое, ки кӯдакиву ҷавониятон сипарӣ гардидааст, бобарор анҷом меёбад. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ин маънои бепарвоӣ зоҳир карданатонро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД