Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хароҷотатон калон мешавад. Агар сари вақт истиҳола накунед, маблағи зиёд сарф карда, тамоман бепул мемонед. Эҳтимол нафаре бароятон туҳфа тақдим мекунад. Дар бад шудани вазъи саломатӣ одатҳои бадатон гунаҳкоранд. Вақти бештари худро ба оила сарф кунед. Дӯстдоштаи худро дӯст дореду меҳрубон бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз эҳтимоли ба наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ба камтарин ҳодисаи рухдода диққат дода асабӣ мешавед. Эҳтимол ба нафаре сахт дил баста, нигоҳатон ба зиндагӣ комилан тағйир меёбад. Вазъи саломатиятон аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза худро эҳтиёт мекунед. Дӯстдоштаатон ба кӯмаки молиявӣ ниёз дорад. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ даъват мешавед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Аз нафаре хабар мешунавед, ки кайҳо боз якдигарро надидаед. Имкони барқарор сохтани муносибатҳои кандашуда фароҳам меояд. Барои нафароне, ки дубора оиладор шудан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Дар ин рӯз истеъмоли зиёди гӯшт боиси нотоб гаштанатон мегардад Дар масъалаҳои молиявӣ сабабҳои ба ғалат роҳ додани худро дида бароед ва минбаъд кӯшиш кунед, ки ба ин хатогиҳо роҳ надиҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯзи душвор аст. Нисбати атрофиён шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ дода, муносибатҳоятонро душвор месозед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки бо сабаби серкорӣ аз хобу хӯрок мондаанд, аз дарди сар азият мекашанд. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Барои оғози корҳои муҳим рӯзи мусоид аст. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, кӯшиши пешгирӣ кардани ҳодисаҳо натиҷа намедиҳад. Аз нафароне, ки боиси хира гаштани табъатон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Бештар бо нафари ба дилатон наздик робита намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон тағйиротҳои гуворо рух медиҳанд. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз нерӯи кориятон заиф мегардад. Ҳамкорону роҳбарият кӯшиши каме саросема шудани шуморо карда, асабатонро хароб месозанд. Аз кору амале, ки боиси халалёбии ҳолати руҳӣ мегарданд, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Хусусан ба ҳолати устухону буғумҳо диққат диҳед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои остеохондроз ва радикулит чораҳои пешгирикунанда андешед. Беаҳамиятӣ боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз ба коре диққати худро ҷамъ карданатон душвор мегардад. Ғалату камбудиҳои хурд зиёданд, аз ин рӯ, кореро ба сомон расонида наметавонед. Хуб мебуд, ки дар паҳлӯятон нафаре бошад, ки ғалатҳоятонро ислоҳ намояд. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад. Барои беҳдошти саломатӣ маҳсулотҳоеро истеъмол намоед, ки дорои моддаҳои кимиёвӣ набошанд. Агар натиҷаи заҳматҳои худро дарҳол набинед, руҳафтода нагардед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Ба назаратон чунин менамояд, ки шуморо истифода мебаранд, фиреб медиҳанд, вале дар асл чунин нест. Шумо бояд нуқтаи назари худро тағйир диҳед. Аз ҳад зиёд бо кор андармон шуданатон ба саломатӣ бе таъсир намемонад. Эҳтимоли аз сар ҷароҳат хӯрданатон вуҷуд дорад. Мулоқоти ошиқона нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Мушкилоти зиёди оилавиро дар танҳоӣ рафъ сохтанатон лозим меояд, зеро наздикон бо нуқтаи назари шумо созиш карда наметавонанд. Барои беҳдошти саломатӣ аз субҳ қандчой нӯшиданатон кофӣ аст, ба ҷои қаҳва шарбати себ нӯшед. Рафту туршнокии меъдаатон зиёд бошад, нӯшидани шарбати себро тавсия намедиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз асаби худро эҳтиёт намуда, аз ғазабоният ва эҳсосоти нодаркор худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани хастагиҳо нерӯи худро ҷамъ карданатон лозим аст. Агар нияти оила барпо намуданро дошта бошед, дар ин самт зуд чораҳои фаврӣ андешиданатон лозим аст. Рафту аз муносибатҳои ошиқона дилхунук гашта бошед, дарҳол аз ҳам ҷудо шавед. Дар масъалаҳои молиявӣ бурдборӣ ҷониби шумо аст.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар лаҳзаҳои душвор таҷрибаи бой ва хотираи қавӣ кӯмак мерасонад, хатогиҳои боре содирнамударо шумо такрор намекунед. Дар ин рӯз танҳо хӯроки тару тозаро истеъмол намуда, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Баҳсу мунозираи илмӣ бо шахсе, ки дӯсташ медоред, оташи муҳаббатро дар дилатон бештар месозад. Боҷуръаттар амал намуда, дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Бо шарофати ҳамфикрон мушкилоти зиёдатонро рафъ месозед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир шуда, боиси ранҷиши эшон мегардед. Фишори хунатон дар ин рӯз номуътадил мегардад, хусусан нафароне, ки гирифтори ғаму андуҳ ҳастанд, нотоб мегарданд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ фикрҳои мағшушро аз худ дур созед. Қабл аз он ки ба коре шурӯъ мекунед, муътақид гаштанатон лозим аст, ки фиреб намехӯред.