Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз мушкилоти молиявӣ метавонанд шуморо водор созанд, ки баъзе нақшаҳои муҳимро ба вақти дигар гузоред. Эҳтимол ба корҳои дигар машғул шавед. Агар зарурат пеш ояд, метавонед аз дӯстону наздикон кӯмак пурсед, вале беҳтар аст мустақилиятатонро нигоҳ доред. Бегоҳро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Агар муҷаррад бошед, имкони шиносоии ҷолиб пайдо мешавад. Саломатӣ аз обу ҳаво ва фишори хун вобаста аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз дар кору фаъолиятатон баъзе монеаҳо пеш меоянд. Мардҳо метавонанд орзуи деринаи худро амалӣ созанд. Рӯҳбаландӣ ва нерӯи шумо атрофиёнро ҷалб мекунад, танҳо аз дағалӣ ва якравӣ худдорӣ намоед. Бонувон эҳтимол каме хастагӣ ё асабоният эҳсос кунанд. Имкони дарди сар ё беҳолӣ вуҷуд дорад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар ба саломатии худ аҳамият надиҳед, ин ба коратон таъсир мерасонад. Муносибат бо ҳамкорон ё наздикон метавонад каме нофаҳмо шавад. Пеш аз хоб каме сайругашт кунед ва як пиёла ширу асал бинӯшед, фоида мебахшад. Имрӯз эҳтимоли вохӯрии нохуш ҳаст. Агар иштибоҳе карда бошед, эътироф карданатон ба нафъи худатон аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз бештар ба масъалаҳои корӣ диққат медиҳед. Хушбахтона, мушкилоти молиявӣ зуд ҳал мешаванд. Ба асабоният роҳ надиҳед ва саломатии худро эҳтиёт кунед. Баъд аз нисфирӯзӣ каме истироҳат кардан ба шумо фоида меорад. Шахси дӯстдоштаатонро наранҷонед, зеро оштӣ кардан душвор мешавад. Ҳангоми харид аз исрофкорӣ худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Қобилияти кории шумо боло меравад, аммо рафтори шахси наздик метавонад табъатонро хира созад. Мулоқотҳои корӣ натиҷаи хуб медиҳанд. Кори дастаҷамъона чандон самарабахш нест, бинобар ин ба қувваи худ такя кунед. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед. Имрӯз барои изҳори муҳаббат вақти мувофиқ нест.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои ҳифзи муносибатҳо бояд сабру таҳаммул нишон диҳед. Ҳарчанд якдигарфаҳмӣ осон нест, бо оромӣ ҳама чиз ҳал мешавад. Мушкилоти ҷиддӣ дар назар нест. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона истифода баред, зеро рӯзҳои наздик даромади калон муассар намешавад. Ба саломатии дандонҳо аҳамият диҳед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Муносибатҳо бо ҳамкорон ва наздикон беҳтар мешаванд. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида мегардонад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли каме беҳолӣ вуҷуд дорад. Пеш аз хоб сайругашт кардан хуб аст. Маблағе, ки дер боз интизор будед, имрӯз ба дастатон мерасад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки шуморо ба тағйироти мусбат водор месозанд. Вақте расидааст, ки зиндагиро беҳтар созед. Корҳои нотамомро анҷом диҳед, то мушкилоти кӯҳна барнагарданд. Дар ҳаёти шахсӣ оромӣ ҳукмфармост, вале ба тағйироти ногаҳонӣ омода бошед. Саломатӣ эҳтиёткориро талаб мекунад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар масъалаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед. Қарз додан ё гирифтани қарз тавсия намешавад. Ҳангоми харид аз харҷи зиёдатӣ худдорӣ кунед. Имрӯз вохӯрии ошиқона метавонад нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварад. Пеш аз қабули қарорҳо хуб андеша кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзи чандон бобарор нест. Пеш аз анҷом додани ҳар кор вазъиятро бодиққат таҳлил кунед ва роҳи беҳтаринро интихоб намоед. Даромади назаррас интизор нест. Саломатӣ хуб аст, вале каме хастагӣ эҳсос мекунед. Рафтори рашкомези дӯстдоштаатон метавонад табъатонро хира созад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар кор ба ақида ва хоҳиши худ такя кунед. Мулоқотҳои корӣ муваффақ мешаванд ва даромади хуб меоранд. Дар ҳаёти шахсӣ тағйирот имконпазир аст, махсусан барои мардон. Агар имрӯз беморӣ пайдо шавад, табобаташ метавонад тӯл кашад, бинобар ин эҳтиёт бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи осон нест. Гарчанде аз берун ҳама чиз хуб менамояд, дар дил эҳсоси изтироб пайдо мешавад. Барои пешгирии иштибоҳҳо беҳтар аст қисми зиёди рӯзро оромона гузаронед. Саломатӣ истироҳати бештар ва чораҳои пешгирикунандаро талаб мекунад. Ба нафаре, ки худро ошиқи ҷиддӣ нишон медиҳад, зуд бовар накунед.