Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шояд он қадар самаранок набошад, вале дар маҷмуъ хуб мегузарад. Беҳтар аст, ки ба корҳои кӯҳна ва нақшаҳои дерина баргардед. Масъалаҳое, ки пештар мушкил менамуданд, имрӯз ба осонӣ ҳал хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш мешунавед. Барои ҳамалҳое, ки айни ҳол ба ҳалли мушкилоти шахсӣ машғуланд ва кӯшиш доранд, ки муносибати худро бо наздикон беҳтар созанд, ин давра ниҳоят муфид хоҳад буд.
Савр (21 апрел-20 май)
Ҳатто агар барои имрӯз нақшаҳои бузург дошта бошед, шитоб накунед. Агар кӯшиш кунед, ки ҳама чизро якбора ба анҷом расонед, рӯзи шумо метавонад душвор гардад. Аз одамони ботаҷриба маслиҳат пурсед. Нимаи дуюми рӯз бо хабарҳои хуш меояд. Дар ин рӯз шиносоии гуворое рух медиҳад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Оғози рӯз бо рӯйдодҳои ҷолиб ва ваъдаҳои умедбахш оғоз мешавад. Одамоне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба шумо кӯмак кунанд. Бо дастгирии онҳо шумо корҳои душворро низ осонтар ҳал мекунед. Нимаи дуюми рӯз вақти мувофиқ барои баргаштан ба нақшаҳои кӯҳна хоҳад буд. Шом барои ҷавзоҳои ошиқ сюрпризҳои гуворо меорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар нақшаи анҷом додани кори муҳим ва ҷолиб дошта бошед, беҳтараш вақти худро беҳуда сарф накунед. Шиносҳои кӯҳнаи шумо омодаанд дар ҳалли мушкилот кӯмак кунанд. Нимаи дуюми рӯз шояд он қадар пурмаҳсул набошад, вале боз ҳам бад нахоҳад гузашт. Шумо имкони гуфтугӯ бо одамоне, ки пазмон шуда будед, пайдо мекунед. Агар бо дӯстонатон нақшаҳои худро муҳокима кунед, бешубҳа маслиҳатҳои муфид хоҳед гирифт, ки шояд дар оянда ба шумо кумак кунанд.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯз барои муошират хеле мувофиқ хоҳад буд. Ҳам гуфтугӯҳои пешакӣ банақшагирифташуда ва ҳам мулоқотҳои ғайричашмдошт хуб мегузаранд. Шояд маълумоти муҳимеро дар бораи кори худ гиред. Ин рӯз барои оштӣ шудан бо онҳое, ки низоъ доштед, мувофиқ аст. Инчунин, воридоти ғайричашмдошти пулӣ имконпазир аст, аммо шитоб накунед, ки онҳоро сарф кунед. Шом барои мулоқоти ошиқона мусоид хоҳад буд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Баъзе сунбулаҳо мушкилотеро, ки муддати тӯлонӣ ҳал намешуд, рафъ мекунанд ва корҳоро бомуваффақият ба анҷом мерасонанд. Ин рӯз барои муошират бо шахсони наздик низ бисёр муносиб аст. Ба осонӣ бо якдигар забон меёбед ва дар масъалаҳои муҳим ба созиш мекунед. Хоҳиш ва эҳтиёҷоти наздиконатонро беэътино намегузоред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хуб барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ. Дар мавриди пул шумо эҳтиёткор ва оқилона амал мекунед, вале имкониятҳои беҳтар кардани вазъи молиявиро низ аз даст надиҳед. Идеяҳои хубе пайдо мешаванд, ки метавонанд ба рушди тиҷорати шумо мусоидат кунанд. Шояд дар бораи баъзе масъалаҳои душвор бо наздикон гуфтугӯ кардан лозим шавад ва аз лаҳзаҳои ногувор канорагирӣ кардан муяссар намегардад. Аммо, хатари муноқишаҳои ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз аз хабарҳои хуш хушнуд хоҳед шуд. Нимаи дуюми рӯз мушкилоти хурди рӯзгор сар мезанад, вале шумо онҳоро зуд ҳал мекунед. Хариди хурд муваффақ хоҳад буд. Шом барои чорабиниҳои оилавӣ ва маъракаҳои хонаводагӣ мувофиқ аст. Эҳтимоли хурӯҷи баъзе бемориҳо дар назар аст. Шумо бояд ба реҷаи хӯрокҳои худ диққат диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Хабарҳои хуш имрӯз мушкиливу масъалаҳои оилавиро бартараф месозанд. Ба пурхурӣ роҳ надиҳед ва аз истеъмоли нушокиҳои газнок худдорӣ намоед. Вақти зиёди худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ нагузоред. Ба наздикони худ таваҷҷуҳ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи муваффақ аст. Барои муҳокимаи нақшаҳо, нимаи дуюми рӯз беҳтар аст. Дар ин вақт, шумо бо боварӣ сухан мегӯед ва одамон ба осонӣ бо шумо ҳамфикр мешаванд. Нафароне, ки дар фикри харидани хона ё мошин ҳастанд, бояд шитоб намоянд, вагарна мушкилии дигаре пеши роҳатон пайдо мешавад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи бобарор аст. Кӯшиши яку якбора анҷом додани корҳоятонро накунед, вагарна худро хаставу бемор мекунед. Агар шумо ба танҳоӣ оилаи худро таъмин мекарда бошед, нисбати наздикон дағалӣ накунед. Ба пурхурӣ роҳ надиҳед. Шом барои мулоқот бо пиронсолони хона ва муҳокимаи масъалаҳои оилавӣ хуб аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои анҷом додани корҳои муҳим ва ҳатто ҳалли мушкилоти дигарон. Дар муносибатҳои шахсӣ тағйироти мусбат эҳтимол аст. Гуфтугӯ бо наздикон созанда хоҳад буд ва ҳама фикрҳои шуморо хуб қабул мекунанд. Муҳим он аст ки сода нашавед ва ба ҳар кас бовар накунед.