Gazrpom april 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1701

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар шахсе, ки дӯсташ медоред, ба шумо аҳамият надиҳад, ҷуръат кунеду бо ӯ суҳбат оғоз намоед. Ба натиҷаҳои фаврӣ умед набандед, ҳамеша шукргузор бошед. Кор бисёр хоҳад буд, вале подошаш ҳам арзанда мегардад. Аз ин рӯ аз таҳти дил кор кунед. Аз асабоният ва хастагии ҷисмонӣ эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ нофаҳмиҳо эҳтимол доранд. Беҳтараш бо дӯстдоштаатон ростқавл бошед. Оила ва хона барои шумо манбаи қувватанд - муҳаббататонро ба наздикон нишон диҳед. Харидҳои калонро ба таъхир андозед. Ҳоло вақти пулсарфкунӣ нест. Аз хӯрокҳои зарарнок парҳез кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Хариди хона ва мошинро ба таъхир андозед. Имрӯз барои чунин харидҳо мусоид нест. Корҳои ҳаррӯзаи худро анҷом диҳед - сабукии рӯҳӣ эҳсос хоҳед кард. Даромади назаррас дертар фаро мерасад. Эҳтимол вақти он расидааст, ки ба назди духтури дандон равед. Муоинаи тиббӣ фоидаовар хоҳад буд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҷодаи муҳаббат як рӯйдоди ногаҳонӣ шуморо шод мекунад - шояд шахси ғамхору меҳрубонеро вохӯред. Қобилияти ҳамдардӣ ва таҳаммул доштанатон метавонад фазои хона ва вазъи молиявиатонро беҳтар созад. Муносибат бо ҳамкорон ва роҳбарият муътадил мегардад. Аз дастгоҳҳои барқӣ эҳтиёт кунед. Варзишҳои сабук муфиданд.

Асад (23 июл-23 август)

Шахси дӯстдоштаатон кӯшиши ба ҳайрат овардани шуморо мекунад. Ҳарчанд рафтораш шояд ғайриодӣ бошад, мақсадаш ҷалби диққати шумост. Бо наздикон сар задани нофаҳмӣ имконпазир аст - бо нармӣ муносибат кунед. Барои оғоз кардани нақшаҳои нав ҳама чизро бодиққат санҷед. Ба саломатӣ диққат диҳед, серҳаракатӣ ва давидан ба саломатиятон фоидаовар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи муносиб барои муҳаббат ва ишқбозӣ аст. Агар муҷаррад бошед, шонси пайдо намудани бахти худро доред. Агар муносибати ошиқона дошта бошед, бештар якҷоя вақт гузаронед. Ҳузури наздикон ба шумо неру мебахшад. Дар касбу кор ӯҳдадориҳои нав ба дӯши шумо вогузор мешавад. Аз рақобат ва хатарҳои бемаънӣ парҳез намоед. Аз шамолхӯрӣ ва дарди тахтапушт эҳтиёт шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шояд муҳаббати ҳақиқиро пайдо кунед, фурсатро аз даст надиҳед. Ба хонаатон омадани меҳмонон имконпазир аст. Хариди муҳимро мавқуф гузоред, дар ин рӯз молу ашёи бесифат харидорӣ мекунед. Бо варзиш машғул шудан беҳтарин қарор аст, вале аз машқи пуршиддат худдорӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бо меҳрубонӣ эҳсосоти худро ба дӯстдоштаатон ифода кунед - ин барои наздиктар шуданатон кумак мекунад. Хабар ё рӯйдоди хуш рух медиҳад. Имрӯз имкони ёфтани шарики боэътимод барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Аз корҳои ҷисмонӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли шамолкашӣ вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона шояд нофаҳмӣ пеш ояд, сабабаш дахолати шахси сеюм аст. Муноқишаҳои хонаводагӣ бо хубӣ ҳал мешаванд. Эҳсосотро зери назорат гиред. Энергияатонро ба корҳои масъулиятнок равона кунед. Ба дигарон фишор наоред. Талошҳо барои беҳбудии вазъи молиявӣ натиҷа медиҳанд. Дар лаҳзаҳои душвор танҳо намемонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шахсе, ки ба ӯ баҳои баланд дода будед, шояд шуморо ноумед кунад. Кӯшиш кунед, ки зиёд фикри инро накунед. Ба масъалаҳои молиявии хона диққат диҳед. Кореро кунед, ки дӯсташ медоред. Босабр бошед ва бо фикрҳои беҳуда худро асабиву бемор накунед. Ғизои солим истеъмол кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз бояд миёни муносибатҳои бемаънӣ ва муҳаббати воқеӣ интихоб кунед. Шояд шахси дӯстдоштаатон ҳам ҳамин тавр саргардон бошад. Агар оиладор набошед, аз пайи издивоҷ шавед. Ба корҳои хона машғул шавед. Мушкилиҳои молиявӣ муваққатианд. Аз ғизоҳои вазнин ва хатарнок худдорӣ кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз нафаре шуморо бо як сюрпризи ғайриинтизор шод мекунад. Ҳама чиз ба фоидаи шумо хоҳад буд. Муносибатҳои хонаводагӣ ноустувор буда метавонанд, эҳсосотатонро идора кунед. Қаҳру ғазаб ба саратон мушкилоти зиёд меорад, ором бошед. Ба корҳои бесамар вақт сарф накунед. Бо дӯстон суҳбат кунед, маслиҳати хуб хоҳед гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД