Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 20-уми соли 2019 аз Турсуной Зокирова
2312

Ҳамал

Дар ин рӯз нисбати наздикони худ серталаб набошед, вагарна дучори нофаҳмиву хафагӣ мешавед. Бо вуҷуди он ки ҳилаву найрангро бо ҳар нафар ба кор бурда намешавад, вале дар ин рӯз танҳо бо ҳамин роҳ ба мақсад расида метавонед. Ҷашну маъракаҳои дар ин рӯз баргузорнамудаатон ба дараҷаи олӣ мегузаранд.

Савр

Рӯзи на танҳо пур аз муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ, балки ҳодисаҳои асабхаробкунанда низ аст. Ба ҳар чизе, ки тақдиру насиб дучоратон месозад, омода бошед. Барои он ки аз ҳолатҳои ногувор бароед, беҳтараш бо касбу кори дӯстдоштаи худ машғул шавед. Агар наздиконатон ҷонибдори шумо бошанд, ин маънои онро дорад, ки бурд кардаед.

Ҷавзо

Имкониятҳои мусоидеро, ки имрӯз пайдо мешаванд, ҳатман истифода бурданатон лозим аст. Айни замон корҳоятон бобарор мегарданд, аз ин рӯ корҳои душворҳалро ба нақша гирифта метавонед. Баъзеҳоро вохӯрии тақдирсозе интизор аст, ки ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.

Саратон

Дар ин рӯз худро хаставу абгор ҳис намуда, хоҳиши меҳнат кардан намехоҳед. Бо кори зиёд худро хаста нагардонед, беҳтараш каме истироҳат намуда, баъдан аз пайи корҳои нотамом шавед. Вохӯриву робитаҳоеро, ки шумо интизор ҳастед, бо сабабҳои ба шумо номаълум баргузор намегарданд.

Асад

Дар ин рӯз бо нафароне вомехӯред, ки пешравии касбу коратон аз онҳо вобастагӣ дорад. Агар лозим бошад, барои такмил додани ихтисос ба таълим пардозед. Асадҳои муҷаррадро шиносоии тақдирсоз интизор аст. Ҳеҷ гоҳ нобарориҳои ҳаёти шахсии худро ба дӯстдоштаатон нақл накунед.

Сунбула

Агар аз рақибони худ пешсаф гашта, ба ғалатҳои гузаштаи худ назар накунед, рӯзи бобарор мегардад. Обрӯву нуфузи шуморо чизе резонда наметавонад. Вазъи молиявиатон муътадил бошад ҳам, ҳангоми харид пули зиёд сарф накунед. Айни замон шумо ба дастгириву меҳрубонии наздиконатон ниёз доред.

Мизон

Дар ин рӯз пулро дареғ надошта, барои худ сару либоси нав харида метавонед. Эҳтимоли ошиқ шуданатон зиёд аст. Баъзеҳо муносибатҳои ошиқонаи худро мустаҳкам месозанд. Аз нобарориҳои дар ҷойи кор ба вуқӯъомада дилгир нагардед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ақраб

Агар ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро оромона таҳаммул намоед, ҳодисаи ҷиддие рух намедиҳад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Дар муносибат бо шахсони наздики худ ба ҳиллаву найранг даст назанед. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Қавс

Дар ин рӯз ба ҳақ будани худ шубҳа накунед. Ба маслиҳати нафароне, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, гӯш надиҳед. Барои ободонии хонаву даратон рӯзи муосид аст. Барои рангин сохтани муносибатҳои оилавиятон кӯшиш ба харҷ диҳед.

Ҷаддӣ

Дар ҳама гуна ҳолат оромиро нигоҳ доред. Бо вуҷуди он ки шуморо ба муноқиша водор менамоянд, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Худро нотоб вонамуд карда, аз вазъиятҳои моҷароомез гурезед. Барои ба бозору мағоза рафтан рӯзи созгор аст, чизҳои даркории худро ба даст оварда табъатон болида мегардад.

Далв

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ашё ё моли даркории худро харида метавонед. Сафарҳои роҳи дур ва ҷаласаҳои муҳим ба таври олӣ мегузаранд. Аз истироҳат дар ҳавои тоза худдорӣ намоед. Масунияти баданатон чандон дар ҳоли хуб қарор надорад, шамол хӯрданатон эҳтимол дорад.

Ҳут

Дар ин рӯз аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Барои машғулиятҳое, ки бароятон қаноатмандии бештар мебахшанд, вақти зиёд ҷудо кунед. Нафароне, ки аз бепулӣ азият мекашанд, аз нафарони калонсоли оила маслиҳат пурсида, мушкили худро рафъ карда метавонанд. Ғами саломатии худро хурда, дар вақташ хӯрок хуред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД