Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳсосоти ноором ва ҳолатҳои рӯҳии ноустувори шумо метавонанд ба дарди сар оварда расонанд. Бемориҳои музмин низ эҳтимол дорад шиддат гиранд. Занон имрӯз хеле тез асабӣ мешаванд. Кӯшиш кунед, ки муносибатҳои худро бо наздикон вайрон накунед. Мардон бошанд, бо дақиқкорӣ ва интиқоди беохир метавонанд дили атрофиёнро шикананд. Аз баҳс бо наздикон ва ҳамсар ё шахси дӯстдошта дурӣ ҷӯед.
Савр (21 апрел-20 май)
Мардон набояд ба суханони ранҷишовар аҳамияти зиёд диҳанд, зеро имрӯз баъзеҳо қасдан мехоҳанд шуморо асабӣ кунанд. Беҳтараш, бе баҳсу ҷангу ҷанол бо онҳо бо ҷиддият суҳбат намоед. Барои занон давраи хеле хуб оғоз меёбад: ҳар коре ки даст гиред — сафари нав, муҳаббати тоза ё кушодани тиҷорат — бо муваффақият анҷом меёбад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ақл ва ҳунарҳои шумо натиҷаҳои нек меоранд. Фурсати хуб аст, ки ҳеҷ имкониятро аз даст надиҳед — ҳама чиз ба осонӣ ба роҳ медарояд. Ба коре, ки аз шумо қуввату неруи зиёдро талаб мекунад, натарсида машғул шавед. Шумо имрӯз дар ҳама кор муваффақ мегардед. Бонувонро лозим аст, ки аз хариду бозоргардии беҳуда худдорӣ намоянд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Мардон бояд аз баҳсҳои ошкоро бо ҳамкорон канораҷӯӣ кунанд. Ҳарфи шумо имрӯз метавон нодуруст фаҳмида шавад ва маслиҳататонро ба ҳайси эрод қабул кунанд. Занон низ беҳтараш худро болотар аз дигарон нишон надиҳанд, вагарна пуштибонии ҳамкорон, ки имрӯз хеле зарур аст, аз даст меравад. Аз иштибоҳ эҳтиёт бошед ва қабл аз кореро кардан, нағзакак андеша намоед. арзёбӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз барои тағйироти муҳим ва амалӣ кардани нақшаҳои калон хеле мувофиқ аст. Шояд пешниҳоди муҳим бигиред: хариди манзил, кӯчидан ё шунидани хабари хуш — эҳтимоли ҳомиладорӣ низ вуҷуд дорад. Ин рӯз бо нерӯи мусбат пур аст. Ба қадамҳои нав ҷасорат варзед — ҳама кор ба осонӣ барор мегирад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи хушу пур аз вохӯриҳо ва шиносоӣ барои Сунбулаҳо дар назар аст. Ба осонӣ одамони ҳамфикр пайдо мекунед. Занон метавонанд тавассути эҷодкориашон шӯҳрат ёбанд ва дӯстдорони нав пайдо кунанд. Мардон бояд бештар ба сиҳатии худ таваҷҷуҳ намоянд: аз нӯшидани машрубот худдорӣ кунед ва ҳангоми рондани мошин эҳтиёт бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Қарорҳои ғайриоддӣ ва амалҳои ногаҳонӣ имрӯз аз тарафи атрофиён хуб қабул мегарданд. Метавонед дастгирии роҳбар ё шахсони таъсиргузорро ба даст оред. Эҳтимол аст пешниҳоди судманд ё лоиҳаҳои ҷолиб ворид шаванд, ки ба фоидаи шумо хоҳанд буд. Аввали рӯз аз дарди сар азият мекашед, вале он зудгузар аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз аз шумо сабру тоқат ва худдорӣ талаб мекунад. Шумо бояд бар иғво ва васвасаҳо дода нашавед. Агар аз ҳад сахтгир бошед ва фикри худро бо зӯрӣ исбот кардан хоҳед, бо наздикон дучори низоъ мегардед. Эҳтимол ҳодисаи ғайриинтизор рӯй диҳад, ки ҷараёни зиндагиатонро тағйир диҳад. Аз корҳои вазнин ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Қавсҳоро рӯзи пуршиддат ва пур аз рййдод интизор аст. Тамоми нерӯи шумо ба ҳалли масъалаҳои корӣ равона мешавад, аммо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар рӯзҳои наздик эҳтиёт шавед — ҳасудон метавонанд саломатии шуморо халалдор созанд. Баъд аз нисфирӯзӣ имкониятҳои нави даромад пайдо мешаванд. Имрӯз саховатманд бошед, гуноҳҳои баъзеҳоро бахшида тавонед ва аз ранҷишҳо бигузаред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз оғози марҳилаи нави ҳаёт барои Ҷаддиҳо мебошад. Дар кору зиндагӣ тағйироти муҳим пеш меояд, зеро андешаатон тағйир ёфта, зиндагиро аз диди дигар мебинед. Шумо оқилтар, оромтар ва ҳушмандтар мешавед. Муваффақиятатон аз ростқавлӣ бо худ ва наздикон вобаста аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи муваффақу пур аз шодӣ барои Далвҳо аз саҳар то шом идома меёбад. Ба одамони атроф диққат диҳед — эҳтимол шахсе, ки тақдир шуморо бо ӯ ҳамқисмат месозад, рӯ ба рӯ шавед. Хабари ҳайратангез ё пешниҳоди ҷиддӣ метавонад ҷаҳонбинии шуморо дигар кунад. Шояд соҳаи фаъолиятатон иваз гардад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Нимаи аввали рӯз эҳсосоти шадид метавонад ба саломатӣ ва муносибатҳои шумо таъсир расонад. Барои пешгирӣ аз баҳсҳо, беҳтараш бетараф бошед ва аз исботи ҳаққонияти худ худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз сайру гашт ё мулоқот бо дӯстон ба шумо фоида меорад ва рӯҳбаланд мекунад.